Рузи 25 ноябр дар шаҳри Душанбе Шурои нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой баргузор мешавад.Дар ин нишаст нахуствазирон аз Русия, Чин, Казоқистон ва Точикистон ширкат хоҳанд кард.Қирғизистонро Роза Отунбоева, раиси чумҳур ва Узбакистонро маовини нахуствазир намояндагй хоҳад кард.Масъулони точик эълом карданд, ки чиҳати баргузории муваффақиятомези Шурои нахуствазирон, тамомии тадобири зарурй андешида шуда, пойтахти Точикистон мунтазири меҳмонон аст.Бар асоси гузоришҳои расонаҳои хабарй, дар нишасти Душанбе масоили муҳими марбут ба тавсаъаи ҳамкориҳои дарунсозмонй, аз чумла будчаи ин ниҳод барои соли 2011 баррасй ва тасвиб хоҳад шуд.Нахуствазирони ширкаткунанда дар нишасти мазкур, чиҳати баррасии масоили марбут ба равобити ду ва чандчониба дидорҳое низ бо ҳам хоҳанд дошт.Аз чумла пешбинй мешавад, ки нахуствазири Точикистон бо ҳамтоёни рус, чин ва қазоқи худ дидор ва гуфтугуҳое хоҳад дошт.Дар ин миён дидори Оқил Оқилов ва Владимир Путин, нахуствазирони Точикистон ва Русия бештар аз дигар таҳаввулоти марбут ба Шурои нахуствазирони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой чалби тавччуҳ кардааст.Зеро дар шароити кунунй равобити Маскав - Душанбе ба сардй гароида, ҳимоятҳои ошкори Русия аз мавозеи Узбакистон дар баҳсҳои гидроэнергетикй Осиёи Марказй, боиси фосила гирифтани Точикистон аз Русия шудааст. Бо таваччуҳ ба ин, интизор меравад, ки дар дидори Владимир Путин ва Эмомалй Раҳмон бисёре аз масоили марбут ба ин мавзуъ баррасй ва эҳтимолан ҳаллу фасл низ шаванд.Дар ин миён буҳрон дар равобити Точикистон ва Узбакистон мустасно нест.
Тайи як ду соли охир дар сиёсатҳои осиёимарказии Русия бархе тағйирот ба мушоҳида мерасад. Аз чумла таҳаррукоти Маскав дар чиҳати тасаллут бар тамомии манобеи энержии ин минтақа, беш аз ҳар замони дигаре афзоиш ёфта, Русия дар бахшҳои нафту гоз ва неруи барқ тарҳҳои калонеро барои Осиёи Марказй ва Осиёи Чанубй дар назар гирифтааст. Амалй шудани ин тарҳҳо ба ҳамкориҳои ҳар як аз кишварҳои Осиёи Марказй бастагй дорад, аз ин ру коршикании яке аз ин кишварҳо кофист, то раванди тарҳои энержии Русия дар минтақа халалдор шавад.Амалкарди Узбакистон дар чиҳати инзивои иртиботй ва энержии Точикистон тасдиқи ин гуфтаҳо мебошад.Ҳамин амр боис шуд, ки бахши энержии Русия мутаҳаммили 20 миллион доллар хисорот шавад.Яъне инзивои энержии Точикистон тавассути Узбакистон имкон надод, ки барқи изофии неругоҳи "Сангтуда-1" содир шавад. Бар асоси барномаҳои аз қабл тарроҳишуда, бояд барқи неругоҳи мазкур, ки 75 дарсади саҳоми он дар ихтиёри Русия мебошад, ба Қазоқистон содир мешуд, аммо коршиканиҳои Узбакистон монеъи ичрои ин барнома шуд.Аз суи дигар дар пайи инзивои иртиботии Точикистон, ки таваққуфи вагонҳо ва мошинҳои Точикистон дар қаламрави Узбакистон бахше аз он аст, мубодилоти тичорй миёни Русия ва Точикистон дар муқоиса ба соли 2008 се баробар коҳиш ёфт.
Русия дар канори мушорикати фаъол дар истихроч ва содироти нафту гози Осиёи Марказй, талош дорад бозори неруи барқи ин минтақаро низ дар ихтиёр дошта бошад. Аз ин ру Маскав бо талош дар чиҳати ичрои тарҳи "САSА – 1000", бар он аст, ки неруи барқро дар марҳалаи аввал то Кобул, сипас то Исломобод ва Деҳлии нав содир кунад. Дар ин росто аслитарин манобеи таъмини неруи барқ, неругоҳҳои Точикистон хоҳанд буд ва аз ин чост, ки Русия мушорикати фаъол дар сохти неругоҳҳо дар Точикистонро дорад. Ҳарчанд дар марҳалаи кунунй дар ин раванд фаъолияти чандон шаффофе аз худ нишон намедиҳад, ки бархоста аз ҳифзи равобит бо Узбакистон аст, аммо ногузир хоҳад буд даст ба ичрои ин тарҳҳо бизанад. Ин мавзуъ дар ҳоле ки гуфта мешавад Чин бо сохтани чанд неругоҳ бар он шудааст, ки бозори неруи барқи Осиёи Чанубиро соҳиб шавад, беш аз ҳар замони дигаре аҳамият пайдо кардааст.Таъхир дар ичрои тарҳҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказй, метавонад хисороти чуброннопазиреро барои бахши энержии Русия дар пай дошта бошад. Дар Маскав ба ин воқеъият пай бурдаанд ва эъломи омодагии Русия барои сохти неругоҳи дигаре назири неругоҳи "Сангтуда-1" , ки дар поёни ёздаҳумин нишасти кумиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Точикистон зикр шуд, аз ҳамин манзар қобили арзёбй аст.
Дигар мавзуъе, ки ба ҳамкориҳои иқтисодии Точикистон ва Русия бармегардад, барномаҳои ширкати "Газпром" дар заминаи кашфу истихрочи нафт дар Точикистон мебошад. Густариши фаъолиятҳои ширкатҳои амрикойи ва конодойи ҳаргиз барои Русия қобили қбул нест ва Путин дар дидор бо Раҳмон саъй хоҳад кард имтиёзҳои бештаре барои "Газпром" касб кунад. Дар робита ба ин мавзуъ бояд тазаккур дод, ки "Газпром" дар Точикистон фақат 4 мучаввиз дорад, дар ҳоле ки дигар ширкатҳои хоричй 70 мучаввиз барои фаъолият дар манобеи энержии Точикистон дар ихтиёр доранд. Барги барандаи Русия дар ин замина он аст, ки тақрибан ҳамаи иттилооти марбут ба захоири энержии Точикистон ба забони русианд ва баргардони онҳо бо дигар забонҳо харочоти зиёдеро ба ҳамроҳ хоҳад дошт.
Дар робита бо миёнчигарии Маскав дар ҳалли масъалаҳои мавчуд дар муносибатҳои Душанбе - Тошканд, интизор намеравад, ки тавассути Путин иқдомҳои чиддие сурат гирад.Албатта ин мавзуъ бештар ба дипломатияи Душанбе дар шарҳу баёни масъала бастагй дорад. Агар Русия мутақоид шавад, ки амалкарди Тошканд тарҳҳои стротегии Маскав дар Осиёи Марказй, ҳатто Осиёи Чанубиро ба хатари чиддй ру ба ру хоҳанд кард, Русия дар мавзеъи худ нисбат ба истифода аз манбаъҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказй, бознигарй хоҳад кард
|