Главная | Регистрация | Вход | RSS Пятница, 11.10.2024, 10:44
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2011 » Июнь » 8 » Нооромихои идорашаванда барои Осиёи Марказй
15:15
Нооромихои идорашаванда барои Осиёи Марказй

 Як мутахассиси аршад дар умури кишварҳои Авруосиё дар охирин таҳлили худ дар  мавриди ояндаи суботу амният дар Осиё Марказй, таъкид кард, тавассути кишварҳои ғарбй раванди "афғонй"   кардани авзоъ дар ин минтақа дар тамомии чанбаҳо чараён дорад. "Юрий Шевцов", раиси маракзи масоили ҳамгаройии Авруосиё(Минск), бо ишора ба вуқуъи ҳамзамони нооромиҳо дар Қирғизистон ва Точикистон дар соли 2010, гуфт ин руйдодҳо тасдиқи қотеъона бар ин мавзуъ аст, ки суботу амнияти ин минтақа ҳаргиз пойдор нест ва шикананда аст.Вай афзуд, тавассути неруҳо ва гуруҳҳои вижа барномаи ба Осиёи Марказй мунтақил намудани нооромиҳои Афғонистон дар ҳоли пайгирй аст ва дар ин замина тамриноте низ сурат гирифтааст.Чанде қабл дар робита ба ин мавзуъ Ҳайдар Чамол, раиси кумитаи исломии Русия, дар мусоҳиба бо сайти "Правда.ру" иброз дошт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барномаи вижаеро барои муташаннич кардани авзои Осиёи Марказй руйи даст гирифтааст.Ҳайдар Чамол баъд аз ҳушдори Амрико ба шаҳрвандонаш дар мавриди худдорй аз сафар ба Узбакистон, дар моҳи марти соли чорй, гуфта буд:"ин ҳушдор тасдиқе дигаре бар он аст ки Амрико таҳаввулоти вижаеро барои Осиёи Марказй барномарезй кардааст.Ба баёни дигар, интизор меравад дар авоили пойиз "хиёбонҳои арабй" ба манотиқи аз нигоҳи Амрико муҳими ҳамчавор бо Русия, Эрон, Чин ва Афғонистону Покистон, интиқол дода шаванд. Дар ин фароянд нафт, газ ва уран чандон муҳим нест, ҳадафи Амрико ба роҳ андохтани "нооромиҳои ҳидоятшаванда" аст.

  Дигар коршиносон низ дар таҳлилҳои худ, авзоъ дар Осиёи Маркзиро печида арзёбй мекунанд ва бар ин боваранд, ки ояндаи суботу амнияти ин минтақа бештар ба аҳдоф ва барномарезии бозигарони фароминтақайи вобаста аст, то ба сиёсат ва амалкарди давлатҳои минтақа. Яъне дар айни ҳол кишварҳои ҳамчавор бо Афғонистон, назири Узбакистон, Точикистон ва Қирғизистон талош доранд аз вуруди ҳар гуна гуруҳҳои тундрав ва чангиёни ифротй ба қаламравашон пешгирй кунанд ва дар ин кор неруҳои НАТО ва Амрико низ ба онон кумак мекунанд.Аммо бо расидани фурсатҳои дар назар гирифта шуда, кумакҳои Ғарб дар ин замина қатъ мешаванд ва ин гуруҳҳо бо ҳидояти ниҳодҳои махсуси ғарбй даст ба иқдом хоҳанд шуд.Аз суи дигар вучуди ихтилоф миёни кишварҳои Осиёи Марказй, аз чумла дар масоили марзй ва баҳрабардорй аз манобеи гидруэнержй, ба унвони муҳаррик, метавонад ин кишварҳоро ба истифодаи абзорй аз гуруҳҳои тундрав, ташвиқ кунад.Ин эҳтимол чой дорад, ки кишварҳои минтақа дар ростои дастёбй ба ҳадафҳои худ, гуруҳҳои тундрави мустақар дар имтидоди марзҳои Афғонистонро алайҳи кишвари дигар, ки бо он ихтилоф доранд, таҳрик кунанд.

   Нигоҳе ба авзои чаҳон, идомаи буҳрони молии чаҳонй, ташдиди мавчи тазоҳурот дар кишварҳои шимоли Африқо ва Ховари Миёна, авзоъи печида дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин, ин дидгоҳро тақвият мекунад, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба тадрич он чиро ки нақши раҳбарии чаҳон таъбир мекунад, дар ҳоли аз даст додан аст. Бо таваччуҳ ба ин, коршиносон пешбинй мекунанд, ки Вашингтон ниёз ба нооромиҳои ҳидоятшаванда дорад, то бо роҳандозии чангу хунрезиҳо, худро ба унвони начотдиҳандаи давлатҳо вориди амал кунад.Эъломи хабари марги Бин Лодан ва дар пайи он интишори хабари кушта шудани Мулло Умар ва дар ниҳоят ба таври шубҳанок кушта шудани маршал Муҳаммаддовуди Довуд, аз пайравону ҳамразмони Аҳмадшоҳи Масъуд, ба худии худ расонандаи ин паём аст, ки минтақа обистани таҳаввулоти мутафовуте аст. Таҳаррукоти қудратҳои ҳозир дар Осиёи Марказй баёнгар аз он аст и таҳаввулоти ояндаи минтақа бе таъсир аз рақобати дар ҳоли ташдиди ин қудратҳо нест. Ба баёни дигар Амрико, кишварҳои аврупойи ва Русия, ки аҳдофи баландмуддатеро дар ин чо дунбол мекунанд, дар ростои монеътарошй дар масири барномаҳои ҳамдигар, кишварҳои минтақаро ба суи таҳаввулоти нохоста тела медиҳанд.Агарчй дар зоҳир ҳар як аз ин қудратҳо дастёбй ба ҳадафҳои худ дар Осиёи Марказиро вобаста ба вучуди суботу амнияти пойдор тавсиф мекунанд, аммо вуқуи нооромй ва даргир кардани давлатҳо ба масоили амниятй, аҳраме будааст, ки тасаллути қудратҳо бар давлатҳоро осонтар шакл додааст.

  Таърхи нуфузи Амрико бар манотиқ ва кишварҳо баёнгар аз ин воқеъият аст, ки Иёлоти Муттаҳида дар дарозои таърих аз чангу нооромиҳо ҳадафмандона баҳрабардорй кардааст. Аз чумла, чангҳои чаҳонии аввал ва дуввум дар ҳоле ки дигар давлатҳоро заъифу нотавон карданд, рушду пешрафти Амрикоро фароҳам оварданд.Мучтамаи низомй-санъатии ҳоким дар Амрико ҳамеша аз чангҳо суди калон бурдааст, зеро ин амр боиси равнақи бозори фуруши аслиҳа шуда, миллиардҳо доллар ба хазинаи Вошингтан сарозер кардааст.Ин сиёсат дар дунёи имруз низ тавассути сарони Кохи сафед дунбол мешавад.Дар шароити имруз Амрико қасд дорад бо созмондиҳии нооромиҳо дар Осиёи Марказй, зимни фалач намудани тарҳҳои иқтисодии ду рақиби аслии худ, яъне Чин ва Русия, заминаи ҳузури дарозмуддати худро фароҳам кунад.Дар ҳамин росто дар нооромиҳои ахири Қирғизистон ва Точикистон, бар асоси гузоришоти бархе манобеъ, низомиёни амрикойи ба таври мустақим ва ғайри мустақим ҳузур доштанд ва дар хунсо намудани гуруҳҳои тундрав, ба ин кишварҳо кумак карданд.Алабатта созмондиҳии бесуботиҳои идорашаванда шояд барои як давраи кутоҳмуддат корсоз бошад, аммо тачриба, аз чумла дар кишварҳои арабй, нишон медиҳад, ки ба дарозо кашидани ин раванд, авзоъро аз дасти созмондиҳандагон хорич хоҳад кард. Аз ин ру ба назар чунин мерасад, ки Ғарб аз ин тариқ талош хоҳад кард, зимни даргир кардани Русия ба масоили амниятй, ҳузури низомии худ дар Осиёи Марказиро поярезй кунад ва раванди хуручи низомиёнаш аз Афғонистонро ба кучонидани ин неруҳо аз ин кишвар ба Осиёи Марказй, табдил диҳад.Дар шароите, ки равобити Русия бо кишварҳои Осиёи Марказй гармй ва самимияти қаблии худро то ҳадди зиёде аз даст додааст,Амрико дар пайи наздик шудани ҳарчй бештар бо ин кишварҳо баромадааст.Таҳаррукоти тозаи мухолифони давлатҳои Осиёи Марказй ва дубора дар маркази таваччуҳи ниҳодҳо ва кишварҳои ғарбй қарор гирифтани фаъолияти ин мухолифон, тасдиқе бар ин дидгоҳ аст, ки сарони Осиёи Марказй дар остонаи бочгириҳои тоза аз суи Ғарб қарор доранд.Нуктаи чолиби таваччуҳ дар ин росто он аст, ки Ғарб дар садад аст бо истифода аз ихтилофоти мавчуд дар миёни кишварҳои минтақа, онҳоро дар муқобили ҳам қарор диҳад.Ин мавзуъ бештар ба се кишвари Қирғизистон, Точикистон ва Узбакистон бармегардад, ки масъалаи баҳрабардорй аз манобеи гидруэнержй дар равобити онон соя афкандааст. Дар ҳамин росто кишварҳои ғарбй бо баргузории тамриноти низомй ба таври чудогона бо ин кишварҳо, мизони тавонойии неруҳои низомии ононро дар хунсо кардани нооромиҳои эҳтимолй маҳак задаанд.

Просмотров: 534 | Добавил: did | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 1
1 Khonanda  
0
Salom ogoi xujasta az navishtaaton istifoda kardam

Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Июнь 2011  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz