Дар поёни моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе намояндагони вазоратхонаҳои ҳамлу нақли панч кишвари Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Точикистон ва Чин даври ҳам чамъ омаданд ва тарҳи сохти роҳи оҳани Эрон ба Чин аз тариқи Афғонистон - Точикистон - Қирғизистонро баррасй намуданд.Албатта қарор буд, ки ин масъала дар сатҳи вазирон баҳсу баррасй шавад, аммо ба далелҳои номаълум нишасти вазирони кишварҳои мазкур баргузор нашуд ва намояндагони сохторҳои марбута дар нишасти Душанбе ҳузур ёфтанд.
Арзёбиҳо аз натичахои нишасти Душанбе мухталиф буданд ва ағлаби коршиносон дар мавриди ояндаи тарҳи мазкур чандон хушбин набуданд.Аммо бо таваччуҳ ба дурнамои таҳаввулоти иқтисодии минтақаи стротегии Осиёи Марказй, амалй шудани тарҳи мазкур дур аз интизор нест. Зеро имруз ниҳодҳо ва муассисоти мухталифи байналмилалй дар чиҳати ба хам васл намудани роҳҳои иртиботии кишварҳои Осиёи Марказй ба бозорҳои Шарқ ва Ғарб барномаҳои мухталиферо дунбол мекунанд. Аз чумлаи ин мавридхо, барномаи ҳамкории иқтисодии минтақайии Осиёи Марказй мебошад. Ин барнома иборат аз ҳашт кишвари Афғонистон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Точикистон, Узбакистон ва Озарбойчон, ҳамчунин шаш муассисаи муҳими молии байналмилалй - Бонки рушди Осиё,Бонки аврупойии тачдид ва бозсосзй, Сандуқи байналмилалии пул, Бонки исломии рушд, барномаҳои рушди Созмони милали муттаҳид ва Бонки чаҳонй, мебошад, ки дар соли 1997 таъсис шуд.Албатта, ахиран дар нуҳумин нишасти ин ниҳод эълом шуд, ки Туркманистон ва Покистон низ ба узвият пазируфта шуданд.
Дар шароити кунунй ин барнома беш аз ҳар кишвари дигаре барои Қирғизистон ва Точикистон аҳамият дорад, зеро такмили тарҳҳои ин ниҳод, ин имконро фароҳам хоҳад кард, ки ин ду кишвари ҳамсоя аз бунбасти иртиботй раҳойи ёбанд ва хорич аз қаламрави Узбакистон бо кишварҳои фароминтақайи иртибот барқарор кунанд. Қарори маълум Узбакистон бо Қирғизистон ва Точикистон дар заминаи роҳу боркашонй ҳамкориҳои чандон хубе надоштааст ва ҳар аз гоҳе бо ироаи баҳонаҳои мухталиф, аз ҳаракати мошинҳо ва қаторҳои Қирғизистон ва Точикистон, пешгирй кардааст.Ҳамин амр борҳо сабаби норизоятй ва эътирозҳои Бишкек ва Душанбе шудааст, аммо шикоятҳои сохторҳои қирғиз ва точик то кунун роҳ ба чое набурдаанд. Бо ин ҳол ҳам Қирғизистон ва ҳам Точикистон тарҳҳоеро руи даст гирифтаанд, ки то битавонанд ҳарчй зудтар аз вобастагй ба роҳҳои Узбакистон озод шаванд. Дар ҳамин росто чанде қабл дар чануби Қирғизистон чодаи Уш - Гулча мавриди баҳрабардорй қарор гирифт. Ҳарчанд дар зоҳир ин чода, ки 77 килуметр тул дорад, тафовуте бо дигар тарҳҳои мушобеҳ надорад, аммо барои тамоми минтақаи Осиёи Марказй, ҳатто хорич аз он, аз аҳамияти фаровоне бархурдор аст.Зеро ин чода таҳаввули азиме дар робитаҳои Қирғизистон ва Чин аз як су ва Қирғизистону Узбакистон аз суи дигар, эчод хоҳад кард.Нахустин самараи ин чода он аст, ки ба раванди муомилоти тичорй ба таври қобили мулоҳизае суръат хоҳад бахшид.Аз тарафи дигар, чун чодаи Уш - Гулча дар чорчуби тарҳҳои барномаи ҳамкории иқтисодии минтақайии Осиёи Марказй қарор дорад, суръат дар ичрои дигар бахшҳои барномаи мазкур эчод хоҳад кард. Баровардҳои коршиносони қирғиз баёнгар аз он аст, ки ичрои тарҳҳо дар чорчуби барномаи ҳамкории иқтисодии минтақайии Осиёи Марказй (ҳимом)таҳаввули азиме дар иқтисоди Қирғизистон эчод ва тавонмандиҳои чуғрофиёйии кишварро муаррифй хоҳад кард. Қобили зикр аст, ки ин ниҳоди минтақайи то кунун дар чиҳати ичрои тарҳҳои мухталиф 13 миллиард доллар сармоягузорй намудааст. Аз чумла дар Осиёи Марказй болиғ бар 2600 километр роҳҳои мошингард ва 2000 километр роҳи оҳан таъмиру бозсозй шуданд.
Ҳафтаи гузашта(аз 31 октябр то 2 ноябр) дар шаҳри Себу(Филиппин) нуҳумин нишасти вазирони кишварҳои узви барномаи ҳамкории иқтисодии минтақайии Осиёи Марказй баргузор шуд. Дар ин нишасти серуза зимни натичагирй аз фаъолиятҳои анчомшуда дар заминаи таҳкими ҳамкориҳои тронзитй ва энержй миёни кишварҳои узв, дар мавриди барномаҳои оянда баҳсу табодули назар сурат гирифт.Бо таваччуҳ ба ин ки дар соли оянда даҳумин солгарди конфронси вазирони ин ниҳод тачлил хоҳад шуд, дар нишасти Себу барномаҳои вижае дар ростои ин руйдоди муҳим ба тасвиб расид.
Дар нишасти Себу раиси Бонки рушди Осиё бо ишора аҳамияти ҳамкориҳои иқтисодй дар таҳкими ҳамгаройии кишварҳо, таъкид кард, ки боястй дар ичрои тарҳхои марбут ба ҳамкориҳо дар бахшҳои тичорат, ҳамлу нақл ва энержй талошҳои бештаре ба харч дода шавад. Ин нукта дар ҳоле таъкид мешавад, ки бар асоси натоичи конфронси "Эчоди пулҳои иртиботй миёни манотиқи Осиёи Марказй ва Аврупои Марказй ва Ғарбй", ки рузи 2 ноябр дар Олмотй баргузор шуд, ахиран шоҳиди он ҳастем ки аҳамияти чойгоҳи Осиёи Марказй дар муодилоти байналмилалй дар ҳоли коҳиш аст.Дар ин конфронс зикр шуд, амалкарди Узбакистон тайи 2-3 соли охир, ки мучиби фосила гирифтани ин кишвар аз Русия ва наздикии бештар ба Ғарб шуда, раванди ҳамгаройи дар Осиёи Марказиро халалдор намудааст. Ширкаткунандагон дар конфронси Олмотй дар мавриди Точикистон гуфтанд, ки ин кишвар дар пайи бо мушкилот ру ба ру шудани тарҳҳои азими гидроэнергетикии худ, тамоилоти бештаре ба кишварҳои ғарбй пайдо намудааст.Туркманистон низ ба гаравгони сиёсатҳои газии Русия табдил шуда, талош дорад содироти газро ба самти Чин афзоиш диҳад. Қирғизистон ҳамчунон даргири буҳрони сиёсй аст. Дар чунин шароите барномаҳое назири барномаи ҳамкории иқтисодии минтақайии Осиёи Марказй ин дидгоҳро тақвият мекунад, ки кишварҳои минтақа худ беҳтар аз дигарон метавонанд ба мушкилоташон расидагй кунанд.Дар нуҳумин нишасти вазирони барномаи ҳамкории иқтисодии минтақайии Осиёи Марказй Точикистонро мушовири раиси чумҳур дар умури иқтисодй, намояндагй кард. Ин кишвар ва Қирғизистон дар марҳалаи кунунй бар ин умеданд, ки аз тариқи ин ниҳоди минтақайи битавонанд бахше аз мушкилоти иқтисоди худ, аз чумла дар бахши тронзит ва боркашониро ҳал кунанд. Аммо набояд нодида гирифт, ки тарҳҳои гидроэнергетикии ин ду кишвар ҳамчунон бар равобиташон бо дигар кишварҳои Осиёи Марказй соя афкандаанд.Дар ин миён давлати Душанбе бо тавсаъаи равобит бо Теҳрон ва Кобул бар он шудааст, ки ҳарчй зудтар аз бунбастй иртиботй раҳойи ёбад. Аммо ҳамзамон бо ин порлумони ин кишвар ахиран тасмим гирифт, ки дар мавриди тавакқуфи вагонҳояш тавассути роҳи оҳани Узбакистон, ба додгоҳҳои байналмилалй шикоят кунад, то шояд битавонад ғаромате аз давлати Тошканд бистонад.
|