Главная | Регистрация | Вход | RSS Пятница, 11.10.2024, 11:16
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2010 » Октябрь » 23 » Осиёи Марказй ва бухрони об
10:08
Осиёи Марказй ва бухрони об
 
 Рузи 19 октябр дар Остона, пойтахти Қазоқистон нишасте дар мавзуи таъмини амнияти таъсисоти гидруэнергетикй дар Чумҳури Қазоқистон баргузор гардид. Дар ин нишаст Бу Либерт, мушовири кумиссиюни аврупойии Созмони милали муттаҳид дар умури зистмуҳитй ва маскан иброз дошт, ки дар шароити кунунии чаҳон ва минтақа, боястй дар Осиёи Марказй қонун дар бораи амнияти таъсисоти гидруэнергетикй ба тасвиб расад.Вай таъкид кард, дар кишварҳои Осиёи Марказй қонунҳои марбут ба амнияти таъсисоти гидруэнергетикй ба таври лозим такмил нашудаанд ва ин мавзуъ мучиби нигаронй аст. Мушовири Созмони милал ҳамчунин гуфт, дар Аврупои Ғарбй ва Русия чунин қонунҳо амал мекунанд, аммо дар Осиёи Марказй фақат дар Чумҳурии Узбакистон қонуни амнияти таъсисоти гидруэнергетикй ба тасвиб расидааст.
 Бу Либерт бо ишора ба зарурати таъмини амнияти садҳо ва обанборҳо дар Осиёи Марказй, ёдовар шуд, ки муқаррароти вижае дар ҳоли тадвин аст, ки интизор меравад моҳи майи соли ояндаи мелодй такмил хоҳад шуд. Мушовири кумиссиюни аврупойии Созмони милал афзуд, ин санад метавонад мабнои қонунҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказй дар мавриди таъмини амнияти таъсисоти гидруэнергетикй бошад.Оқои Либерт тазаккур дод, ки баҳори соли 2011 дар шаҳри Алмато ичлоси минтақайи дар мавриди ҳамкорй чиҳати таъмини амияти таъсисоти гидруэнергетикй баргузор хоҳад шуд.
 Нишасти амнияти таъсисоти гидруэнергетикй дар Қазоқистон дар шароите баргузор шудааст, ки масъалаи об шудани бо суръати пиряхҳо дар Осиёи Марказй хатари буҳрони об дар ин минтақаро беш аз ҳар замони дигаре афзоиш додааст.Ин масъала дар Қирғизистон беш аз дигар кишварҳо қобили мушоҳида аст ва таҳқиқоти анчомшуда дар ин кишвар нишон дод, ки сол ба сол ҳачми пиряхҳо, ки манбаъи аслии таъмини оби рудхонаҳои ин кишвар мебошанд, коҳиш меёбад. Бар асоси гузориши Институи масоили гидруэнергетикии фарҳангистони улуми Қирғизистон, дар давраи аз соли 1970 то соли 2000 ҳачми пиряхҳои ин кишвар 20 дар сад коҳиш ёфтааст.Ин гузориш меафзояд дар айни ҳол суръати об шудани гиряхҳо дар муқоиса ба соли 1950 се баробар афзоиш пайдо кардааст ва идомаи ин раванд мучиб хоҳад шуд, ки дар миёнаҳои қарни 21 бахши аъзами ин гиряхҳо аз байн хоҳад рафт. Бар пояи пешбиниҳои коршиносон, то поёни қарни 21 аз гиряхҳои мавчуд дар Қирғизистон фақат 10 дар сад аз онҳо боқй хоҳад монд ва бо таваччуҳ ба он ки асоси тавлиди барқ, неругоҳҳои обй ба ҳисоб меоянд, тавлиди неруи барқ низ ба ҳамин андоза коҳиш хоҳад ёфт. Бидуни муболиға чунин вазъе Осиёи Марказиро ба маркази буҳронҳо табдил хоҳад кард, зеро масъалаи об ва истифода аз рудхонаҳои муштарак, аз ҳам акнун дар равобити байни кишварҳои ин минтақа соя афканда, манофеи давлатҳоро дар муқобили ҳам қарор додааст.Ин ихтилоф беш аз дигар кишварҳо дар равобити Точикистон ва Узбакистон ба мушоҳида мерасад, ба гунае ки Тошканд дар чорчуби мухолифатҳои худ ба сохтани неругоҳҳо дар Точикистон, ба вижа неругоҳи Роғун, ҳаракати вагонҳои Точикистон аз қаламрави худро мутаваққиф кардааст.Бар асоси гузориши мақомоти роҳи оҳани Точикистон, аз баҳори имсол то кунун, болиғ бар як ҳазор вагони дорои маҳсулоти гуногун барои Точикистон, бо иддаоҳои бе асос, дар қаламрави Узбакистон мутаваққиф карда шудаанд. Узбакистон муддаъи аст, ки собтани неругоҳи Роғун дар Точикистон, мучиби коҳиши чараёни об ба Узбакистон ва ба миён омадани мушкилот дар бахши кишоварзии ин кишвар хоҳад шуд. Аммо тарафи Точикистон муътақид аст, ки анбор шудани об дар садди Роғун, ба рушди бахши кишоварзии Узбакистон, ба вижа амалй шудани барномаи ин кишвар дар мавриди густариши киштзорҳои пахта, мусоидат хоҳад кард ва ҳамаи иддаоҳои Тошканд дар мавриди пайомадҳои манфии соҳтани неругоҳҳо дар Точикистон,чанбаи сиёсй доранд.
 Албатта, мухолифатҳои Узбакистон ба сохтани неругоҳҳо фақат ба неругоҳи Роғун дар Точикистон хулоса намешавад, балкй давлати Тошканд аз сохти неругоҳҳои Қамбарота - 1 ва Қамбарота - 2 дар Қирғизистон низ нохурсанд аст. Дар чунин шароите мутахассисони қирғиз мегуянд, сохтани ин ду неругоҳ наметавонад буҳрони энержй дар кишварро ҳал кунад, зеро бо коҳиши оби рудхонаҳо, ки ҳосили афзоиши гармо дар руи замин ва аз байн рафтани бахши аъзами пиряхҳо хоҳад буд, неругоҳҳои обй аз фаъолият боз хоҳанд монд.Ба эътиқоди мутахассисони Бишкек, давлати чадиди Қирғизистон боястй аз ҳоло ба фикри манобеи чадиди энержй бошад. Чунин масъалае ба Точикистон низ бармегардад, зеро ду кишвари Точикистон ва Қирғизистон манобеи аслии об дар Осиёи Марказиро дар ихтиёр доранд ва барномаи сохтани неругоҳҳо, ки Душанбе ва Бишкек руи даст гирифтаанд, боиси ташаннуч дар равобити онон бо кишварҳои поёноб, ба вижа Узбакистон шудааст.Зеро бо сохтани неругоҳҳо, кишварҳои болооб имкон пайдо хоҳанд кард чараёни обро контрул кунанд, амре ки онро Тошканд мухолиф бо манофеи худ тавсифй мекунад ва тамоми тавони худро ба кор гиирфтааст, то аз ичрои тарҳҳои гидруэнергетикии Точикистон ва Қирғизистон пешгирй кунад.
 Бо таваччуҳ ба хатари буҳрони об дар минтақа, мутахассисони фарҳангистони улуми Қирғизистон пешниҳод мекунад, ки аз ҳоло бояд ба фикри манобеи алтернотифии энержй буд, то зимни пешгирй аз ҳар гуна таниш бо кишварҳои минтақа, заминаи рушди иқтисоди кишвар барои наслҳои оянда фароҳам шавад.Ин мавзуъ барои дигар кишварҳои Осиёи Марказй, аз чумла барои Точикистон низ дорои аҳамият аст. Аз ин ру шароит эчоб мекунад кишварҳои минтақа ба таври муштарак аз ҳоло ба фикри пешгирй аз ҳар гуна ихтилоф дар масъалаи истифода аз манобеи гидруэнергетикй бошанд, то зимни фароҳам намудани заминаҳои ҳамгаройи, дасти қудратҳои хоричиро аз дахолат дар умури минтақа кутоҳ кунанд. Дар ин миён на бояд ин нуктаро нодида гирифт, ки сохтани неругоҳҳо,аз чумла неругоҳи Роғун, ки бино ба бароварди мутахассисони Бонки чаҳонй, аз аҳамияти фароминтақайи бархурдор аст,як амре зарурй аст.Ин мавзуъ дар баробари таъмини мардуми кишварҳои минтақа бо неруи барқи арзон, хатари камобиро ба микдори хеле зиёд коҳиш хоҳад дод.Аз ин ру мухолифатҳои Узбакистон ба сохтани обанборҳо дар Точикистон ва Қирғизистон, иқдомест, ки зарару зиёни он ҳатто наслҳои ояндаро низ таҳдид мекунад.Бино бар ин, агар имруз пеши роҳи худсариҳои сарони бархе кишварҳо гирифта нашавад, фардо дер хоҳад шуд.
Просмотров: 1184 | Добавил: did | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Октябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz