Таҳаввулоти кишварҳои арабй, ки аз онҳо ба унвони хезиши исломй ё бедории исломй ва низ инқилобҳои исломй ёд мешавад, имруза дигар руйдодҳои чаҳонро таҳти шуъо қарор дода, дар садри ахбори расонаҳо ва маҳофили коршиносй қарор гирифтаанд.Нуктаи чолиби таваччуҳ он аст, ки дар баробари он чи гуфта шуд, ин руйдодҳоро шакли дигаре аз рақобати қудратҳо дар ростои дифоъ аз манофеи худ, арзёбй мекунанд.Пайравони ин дидгоҳ бар ин боваранд, ки ба чолиш кашидани давлатҳои худкомаи арабй барномаест, ки аз қабл тарроҳй ва сенориёи он берун аз қаламрави Африқо таҳия шудааст. Яъне қудратҳои чаҳонй дар чорчуби стротегии худ, ки тасаллут бар манобеи табии кишварҳо аз авлавиятҳои он маҳсуб мешавад, бар он шудаанд, то бо тағйири давлатҳо ва руйи кор овардани муҳраҳои чадид, ҳокимияти худро номаълумтар бар давлатҳо таҳмил кунанд.Ба баёни дигар беш аз ҳад сарватманд шудани доираҳои маҳдуди мақомот дар кишварҳои арабй, ба вижа кишварҳои бархурдор аз манобеи саршори нафту газ, зимни афзоиши эҳсосоти зидди ҳокимон, чавомеъи ин кишварҳоро дар муқобили Ғарб ба унвонии ҳомии ин ҳокимон қарор хоҳад дод. Аз ин ру ба назар мерасад, таърихи истифодаи бархе хонадони ҳоким дар чаҳони араб ба поён расида, гардонандагони пасипардайии таҳаввулоти ахири Африқои шимолй бар он шудаанд, бо руйи кор овардани афрод ва давлатҳои чадид, тасаллути худро дар ин қораи ғанй тамдид кунанд.Албатта дар ин миён талоши исломхоҳии мардумони ин кишварҳоро, ки нашъат гирифта аз инқилоби исломии Эрон аст, набояд нодида гирифт.
Дар ин миён дигар масъалае ки низ чалби таваччуҳ мекунад, баҳрабардорй аз руйдодҳои кишварҳои арабй дар манотиқи мухталифи чаҳон, аз чумла дар Осиёи Марказй аст. Бархе кишварҳо бо мамнуулпахш кардани таҳаввулоти кишварҳои арабй дар расонаҳои худ, талош доранд аз ба истилоҳ сирояти ин инқилобҳо ба кишвари худ пешгирй кунанд. Аз суи дигар, бархе маҳофил бо бузургнамойии хатароти бурузи чунин руйдодҳое дар ин минтақаи стротегй, дар пайи касби имтиёз аз давлатҳо баромадаанд.Дар ҳамин росто ду қудрати муддайии раҳбарии Осиёи Марказй - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Федератсиюни Русия ҳар кадом бо наҳваи мутафовут вориди амал шудаанд, то роҳҳои чадиди чалби давлатҳои ин минтақа ба сиёсатҳои худро чомаи амал пушонанд. Агар Русия аз роҳҳои классикй, яъне додани ваъдаҳои молй ва мушорикат дар тарҳҳои муҳими иқтисоди кишварҳо, ҳамчунин бархе таҳдидҳои амниятйиро дар дастури кор қарор додааст, аммо Амрико бо тадвини стротегияи чадид ба гумони худ, бар он шудааст руйкарди мантиқитаре дар ҳамкорй бо кишварҳои Осиёи Марказй дошта бошад. Ин стротегй бар асоси гузориши гуруҳи таҳқиқот дар мавриди Осиёи Марказй, ки дар садри он Ричард Эрмитаж, маовини собиқи вазорати хоричаи Амрико қарор дошт, таҳия шуд.Ин санад таъкид мекунад, ки боястй Амрико бо ҳар як аз кишварҳои Осиёи Марказй ҳамкориҳои танготанге ба роҳ монад.Ин барнома дорои нукоти мухталифе ҳаст, аммо ба таври куллй ҳафт аслро барои сиёсатгузориҳои Амрико дар Осиёи Марказй пешниҳод мекунад.Аввал, боястй дар маркази сиёсатҳои Амрико дар Осиёи Марказй давлатҳои ин минтақа қарор дошта бошанд, на Русия, Чин, Ирон ва ё дигар кишварҳои ҳамчавор. Бар пояи ин асл, тақозо мешавад, сиёсатмадорони амрикойи ба гунае рафтор кунанд, ки Осиёи Марказй на майдони рақобати Амрико бо Русия ва дигар кишварҳост, балки маҳалли ҳамкориҳо бар асли баробарй аст. Зеро дар акси ҳол кишварҳо ва мардуми ин минтақа эҳсоси таҳқир хоҳанд кард.Амрико ба гунае амал кунад, ки сиёсатҳои худро мутобиқи манофеи Осиёи Марказй ва барои беҳбуди равобит бо Русия дунбол мекунад.Дуввум, сиёсати Амрико на бояд соддалавҳона бошад.Кишварҳои ҳамсоя ҳаргиз намехоҳанд Амрико дар Осиёи Марказй пойгоҳ дошта бошад ва аз манобеи саршори энержии ин минтақа баҳраманд шавад.Амрико бояд манофеи кишварҳои минтақа дар ҳамкорй бо дигар кишварҳоро эҳтиром кунад.Бояд як доираи мушаххасе барои манофеи муштараки Амрико ва дигар қудратҳои ҳозир дар Осиёи Марказй вучуд дошта бошад. Саввум, руи он имконоте бояд ҳисоб боз кард, ки фақат Амрико метавонад барои кишварҳо, шаҳрвандон ва тичорати Осиёи Марказй фароҳам созад.Забони инглисй, фановариҳои пешрафтаи амрикойи, маҳоратҳои тичорй ва умронй, тачҳизоти низомй, ҳамчунин тавонойии билқувва дар мушорикат додани кишварҳои Осиёи Марказй ба муассисаҳо муҳими молй ва бозорҳои байналмилалй, аз чумлаи бартариҳои Амрико бар дигар қудратҳо мебошанд.Аз чумлаи заъфи Амрико он аст, ки бо гузашти 20 сол аз касби истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказй, ҳеч як аз раисони чумҳури Амрико ба ин минтақа сафар накардааст.Чаҳорум , Бояд дар ҳамкории танготанг бо шарикони байналмилалй, нуқоти қуввати Амрикоро тақвият кард.Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бояд дар Осиёи Маркзй ҳамкорй бо шарикони худ назири Олмон, Инглис, Иттиҳодияи Аврупо ва Туркияро тавсаъа диҳад.Амрико бо вонамуд кардани ин ки дар ин минтақа бо Япония, Кореяи Чанубй ва Ҳинд ҳамкорй мекунад, бурд хоҳад кард. Панчум, бо манзури тақвияти нуқоти қуввати Амрико, ҳамкорй бо бахши хусусй тавсаъа ёбад.Ҳамкорй бо бахши хусусии Қазоқистон намунаи ибрати хубе дар ин замина аст.Шашум, дар мазар гирифтани мутолиботи стротегияи минтақайи.Барои тазмини ояндаи иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказй, бояд системи роҳҳои оҳан, чодаҳо, хатҳои интиқоли неруи барқ, фурудгоҳҳо ва лулаҳои интиқоли нафту газ навсозй ва бозсозй шаванд. Ҳафтум, дар Осиёи Марказй сиёсати чандчанбайи ва чандманзура ба кор гирифта шавад.Амрико бояд аз сиёсати чандманзура кор гирад ва набояд барои бахши беҳдошт, амният, ҳуқуқи инсон сиёсатҳои чудогона дунбол шаванд.Барои ҳамаи бахшҳо сиёсати муштарак дар назар гирифта шавад.
Аз ин руйкарди Амрико бармеояд, ки аз ин ба баъд Осиёи Марказй саҳнаи таҳаввулоти мутафовуте дар заминаи рақобати қудратҳои Шарқу Ғарб чиҳати тасаллут бар ин минтақа хоҳад буд.Албатта иқдомоти дигар бозигарон дар Осиёи Марказй, аз чумла, Русия, Чин, Иттиҳодияи Аврупо ва ...ро набояд нодида гирифт, амре ки бетаъсир дар таҳаввулоти минтақаи мазкур нахоҳад буд. Дар марҳалаи кунунй ва бо таваччуҳ ба чунбишҳои мардумй дар кишварҳои арабй, мавзуъе ки бештар мавриди таваччуҳи сарони кишварҳо ва маҳофили расонайи ва коршиносии Осиёи Марказй қарор дорад, сирояти таҳаввулоти шимоли Африқо ба ин минтақа аст. Аз матолиби мунташира дар расонаҳои чаҳон бармеояд, ки бозигарони ҳозир дар Осиёи Марказй бар он шудаанд, аз ин мавзуъ дар чорчуби аҳдоф ва манофеи худ кор гиранд. Бо интишори таҳлилу гузоришҳо ҳар як аз ин неруҳо саъй доранд бо эчоди сояи тарсу ваҳшат дар кишварҳои мавриди назари худ, раванди таҳаввулотро таҳти назорат гиранд.Аз ин чост ки бархе Точикистонро ба унвони кишвари осебпазир дар ин замина муаррифй мекунанд ва бархе дигар Узбакистонро.
|