Главная | Регистрация | Вход | RSS Пятница, 11.10.2024, 11:57
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2010 » Октябрь » 31 » Осиёи Марказй ва шикасти сиёсатҳои Иттиҳодияи Аврупо
16:44
Осиёи Марказй ва шикасти сиёсатҳои Иттиҳодияи Аврупо
 
Дар нимаи дуввуми моҳи октябр дар шаҳри Бон, пойтахти Олмон коршиносон аз марказҳои мухталифи таҳқиқотии кишварҳои аврупойи даври ҳам чамъ омаданд ва авзоъ дар Осиёи Марказиро мавриди баҳсу баррасй қарор доданд.Дар ин нишаст масоили марбут ба таъмини амнияти энержй ва рушди демократия дар меҳвари баҳсҳо қарор дошт.Коршиносон бар ин нукта таъкид доштанд, ки тайи панч соли охир авзоъ дар ин минтақа ру ба вахомат ниҳода, амният осебпазиртар шудааст.
 Ба эътиқоди коршиносони аврупойи соли 2010 дар Осиёи Марказй соли фишор буд, ки бо таваччуҳ ба авзоъ дар чануби Қирғизистон,ин раванд ҳамчунон идома дорад. Дар нишасти Бон таъкид шуд, ки дар бархе бахшҳо пешрафтҳои нисбй касб шуд, аммо дар масъалаи озодиҳои шаҳрвандй ва демократия авзоъ ру ба бадшавй аст ва фишори давлатҳо ба дигарандешон ва мухолифони сиёсй бештар шудааст. Ширкаткунандагон дар нишасти Бон аз сиёсатҳои Иттиҳодияи Аврупо дар қиболи давлатҳои Осиёи Марказй интиқод ва аз он ибрози таассуф намуданд, ки стротегияи ин иттиҳодия барои Осиёи Марказй чавоб надод ва аъзои Иттиҳодияи Аврупо ба масъулиятҳои худ дар ин замина амал накарданд.Аз чумлаи ҳадафҳои стротегии Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказй пешгирй аз такрори руйдоде назири қатлиоми Андичон дар моҳи майи соли 2005 буд.Аммо таҳаввулоти Қирғизистон ва даргириҳои қавмй дар ин кишвар дар моҳи июни соли 2010 собит намуд, ки Иттиҳодияи Аврупо ин бор низ дар ғафлат монд. Коршиносони аврупойи сабаби чунин шакл гирифтани таҳаввулотро ҳамоҳанг накардани барномаҳои Иттиҳодия бо дигар бозигарони Осиёи Марказй, аз чумла Русия буд.Ин амр боис шуд, ки нақш ва чойгоҳи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар ин минтақа ба мизони бесобиқае заъиф шавад.
 Хулосаи нишасти коршиносони кишварҳои аврупойи дар Олмон ин буд, ки талошҳои кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар чиҳати барқарории демократияи мавриди назари Ғарб дар кишварҳои Осиёи Марказй, таҳти шуъои судчуйии ғулҳои энержй қарор гирифтааст. Ба баёни дигар, аз ин арзёбй метавон натича гирифт, ки кишварҳои аврупойи бо шиори барқарории демократия дар Осиёи Марказй, вориди ин минтақа шуда, дар асл ғорати манобеи энержии ин кишварҳоро, ки хости маҳофили сармоядории Ғарб мебошад, дунбол мекунанд.Аз чумла баъд аз он ки буҳрони энержй миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Русия буруз кард, кишварҳои аврупойи дар пайи дастёбй ба манобеи энержии чойгузини гози Русия бар омаданд ва ин амр боис шуд, ки мавзуи демократия ва озодиҳои шаҳрвандй аз руйхати фаъолиятҳои Ғарб хорич ва чеҳраи воқеъии Ғарб барои чомеи Осиёи Марказй бармало шавад.
 Нигоҳе ба вазъи демократия дар Осиёи Марказй баёнгар аз он аст, ки мизони риояти меъёрҳои демократия дар кишварҳои ин минтақа вобаста ба мизони бархурдории онҳо аз манобеи энержй мебошад.Туркманистон, Қазоқистон ва Узбакистон, ки аз захоири фаровони нафту газ бархурдоранд, камтар мавриди танқидҳои Ғарб дар масъалаи риояти демократия воқеъ мешаванд.Дар саҳнаи сиёсии ин се чумҳурй ҳузур надоштани дигарандешон ва мухолифон ва саркуби бераҳмонаи ҳаргуна интиқодҳо аз амалкарди мақомоти давлатй, тасдиқе бар ин воқеъият аст, ки барои Ғарб энержй муҳим аст, на барқарории демократия ва риояти ҳуқуқи ақалиятҳо дар Узбакистон, ё Туркманистон.
  Инак дар идомаи шикасти сиёсатҳои Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказй, шоҳиди он ҳастем ки кишварҳои ин иттиҳодия дар Точикистон низ ноком шудаанд. Ҳарчанд дар пайи таътилии се нашрияи мустақил ва баста шудани дастрасй ба панч сойти интернетй дар ин кишвар, сафирони Олмон, Фаронса, Амрико, Инглис ва Иттиҳодияи Аврупо номае ба вазорати хоричаи Точикистон ирсол намуданд, аммо ин иқдом таъсире дар раванди таҳаввулот дар ин кишвар надоштааст. Дар ин нома аз давлати Душанбе даъват шудааст, ки ба вазифахои худ дар чорчуби муқаррароти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар мавриди таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандй амал кунад.Аммо дар Точикистон ба хубй медонанд, ки ин амал як жести сиёсие беш нест, ки фақат ба хотири зоҳири қазия анчом шудааст.Зеро чомеаи точик аз муддатҳо қабл ба ин воқеъият пай бурдааст, ки демократия ва озодии баён шиорҳоеанд, ки кишварҳои ғарбй дар чиҳати расидан ба хадафхои худ дар ақсо нуқоти чаҳон аз он кор мегиранд. Аз ин чост, ки рузноманигорони точик бар хилофи чунин мавридхое, ки барои кумак ба ниҳодҳои ғарбй ва кишварҳои ба истилоҳ ҳомии ҳуқуқи башар мурочиъат мекрданд, ин бор чунин коре накарданд, балкй дар муқобили вазорати мухобирот даст ба тазоҳурот заданд.
 Дар як чамъбандии куллй метавон ба ин натича расид, ки Иттиҳодияи Аврупо то замоне, ки бархурди дугона ба масъалахо дорад, дар пешбурди сиёсатҳои худ дар Осиёи Марказй муваффақ нахоҳад шуд, зеро чудо аз аҳдофи пасипардагии кишварҳои ин Иттиҳодия, демократияи мавриди назари онҳо барои чомеаи мусалмони Осиёи Марказй қобили қабул нест.Тачриба нишон додааст, ки таҳмили демократия ва ё тазриқи он дар чомеаҳои мусалмон чуз нокомй ҳосиле барои тавсаъаталабони ғарбй надоштааст.Аммо воқеият он аст, ки дар марҳалаи кунунй ҳокимони худкомаи Осиёи Марказй бо истифода аз кумакҳои молй ва низомии қудратҳои ғарбй ва шарқй давлатҳои худро ба мардум таҳмил намуда, ҳукмравойи мекунанд.Идомаи ин сиёсатҳо суқути ин давлатҳои худкомаро, ки аз пуштибонии мардум бебаҳраанд, ба ҳамроҳ хоҳад дошт ва ба хуручи бегонагон аз минтқа мунчар хоҳад шуд. Афзоиши фишори давлат ба расонаҳои мустақил дар Точикистон, ҳокй аз шаклгирии як чараёни поксозии идеулужик дар ин кишвар мебошад.
Просмотров: 647 | Добавил: did | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Октябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz