Рузи 19 моҳи майи соли чорй дар шаҳри Олмотй, пойтахти пешини Қазоқистон тайи нишасте натоичи бозрасиҳои Бонки чаҳонй дар мавриди тарҳи неругоҳи барқи обии "Роғун" мавриди баррасй қарор хоҳад гирифт.Дар ин нишаст намояндагони ниҳодҳои мухталифи кишварҳои минтақа ва созмонҳои марбутаи байналмилалй дар мавриди таҳқиқоти коршиносони Бонки чаҳонй росеъ ба таъсироти зистмуҳитии тарҳи "Роғун" ва хатароти эҳтимолии бархоста аз сохти ин неругоҳ, табодули назар хоҳанд кард.Коршиносони мустақил, ки Бонки чаҳонй аз онон чиҳати анчоми ин таҳқиқот истифода кардааст, натоичи пажуҳишҳои худро дар мавриди тарҳи неругоҳи мазкур ва вижагиҳои фаннию муҳандисии он, ироа мекунанд ва мутахассисон назарот ва дидгоҳҳои худро баён хоҳанд кард. Дар остонаи нишасти Олмотй Бонки чаҳонй аз чомеаи мадании кишварҳои Осиёи Миёна хост, натичаҳои санчиши тарҳи Роғунро баррасй кунанд.Бо тавччуҳ ба ҳассосияти бархоста аз тарҳи "Роғун" дар миёни кишварҳои минтақа, Бонки чаҳонй қасд дорад бо ироаи кумакҳои худ дар заминаҳои фаннй, иқтисодй ва зистмуҳитй, мавозеи кишварҳои Осиёи Марказиро дар мавриди ин тарҳ ба ҳам наздик ва аз эчоди ихтилоф бикоҳад.Албатта мақомоти ин бонк дар ройзаниҳои чудогона бо ҳар як аз кишварҳои минтақа, мавзеъҳои ононро дар ин робита чуё шуданд.Узбакистон ба унвони сарсахттарин мухолифи сохти неругоҳи "Роғун", ба Бонки чаҳонй гуфт, тарҳи мазкур бар хилофи муқаррароти байналмилалй таҳия шуда, маҳалли сохти он аслан барои чунин коре мунисоб нест. Мақомоти узбак таъкид карданд, муҳандисони точик ба қадри кофй тачриба надоранд, ки чунин тарҳеро мудирият кунанд ва дар сурати фалокат наметавонанд аз авоқиби он пешгирй кунанд. Мақомоти Туркманистон дар музокирот бо намояндагони Бонки чаҳонй, дар мавриди тарҳи " Роғун " гуфтаанд, Точикистон ҳақ дорад дар ростои ниёзҳои иқтисоди худ аз манобеи обй истифода кунад, вале мақомоти Душанбе бояд уҳдадор шаванд, ки дар сурати такмили ин неругоҳ мачрои об ба кишварҳои ҳамсоя коҳиш нахоҳад ёфт.Танҳо мухолифати Туркманистон дар мавриди тарҳи "Роғун" он аст, ки ин тарҳ барои танзими чараёни об дар минтақа пешбинй шуда буд ва ҳоло чаро аз он барои тавлиди неруи барқ истифода мекунанд.Қазоқистон дар мавриди "Роғун " мухолифати чандоне нишон надодааст. Мақомоти ин кишвар ба намояндагони Бонки чаҳонй гуфтаанд, тарҳҳое назири "Қамбарота" дар Қирғизистон ва " Роғун " дар Точикистон марбут ба ҳамаи кишварҳои минтақа ҳастанд ва Остона омодааст ба шабакаҳои барқи Точикистон ва Қирғизистон бипайвандад.Дар ин миён Афғонистон зимни тарафдории комил аз тарҳи "Роғун", ба намояндагони Бонки чаҳонй гуфтааст, ин як зарурати бархоста аз ниёзҳои иқтисодии минтақа аст.
Ҳарчанд тарҳи " Роғун " як тарҳи минтақайи ва як масъалаи сирф иқтисодй аст, аммо Узбакистон бо мухолифатҳои шадиди худ, ин мавзуро на танҳо байналмилалй кард, балкй ба он рангу буйи сиёсй дод ва ба аҳрами фишор ба кишвари ҳамсояи худ табдил дод.Давлати Тошканд бо таъсиси "Гуруҳи экологй" дар порлумони худ, чабҳаи бузурги муборизаи иттилоотй алайҳи тарҳи "Роғун"-ро ба роҳ монд ва бояд гуфт дар ибтидои ин раванд то ҳадде муваффақ ҳам шуд.Аммо ба тадрич чомеаи чаҳонй ва ниҳодҳои дахлдор эҳсос карданд, ки ҳама иддаоҳои Узбакистон сиёсй ва дар ростои хусумат ба Точикистон анчом мешаванд.Аз ин ру дар арсаи муборизоти иттилоотй акнун баранда Точикистон буд ва мутахассисон ва коршиносони ин кишвар бо интишори матолиби мувассақ ва мавриди эътимод, собит карданд, ки тарҳи "Роғун" чуз манфиат чизи дигаре барои минтақа ба ҳамроҳ нахоҳад дошт.Натича он шуд, ки кишварҳои мухталиф ва созмонҳои байналмилалй бо тағйири мавозеъ, аз сохти неругоҳи "Роғун" чонибдорй карданд. Гузориши ахири Кумитаи равобити байналмилали Сенати Амрико, посухи Бонки чаҳонй ба экологҳои узбак ва баёнияи Строун Стивенсон, намояндаи порлумони Аврупо тасдиқе дар ҳамин замина аст.Нуктаи муҳим он буд, ки намояндаи порлумони Аврупо аз кишварҳои Ғарб даъват кард, ки аз талошҳои Точикистон дар баҳрабардорй аз захоири оби Осиёи Марказй ва тарҳи неругоҳи "Роғун", ки метавонад омили пешрафти иқтисоди минтақа шавад, пуштибонй кунанд.
Яке аз далоили ҳимоятҳои Ғарб ва дигар ниҳодҳои байналмилалй аз мавзеи Узбакистон дар масъалаи баҳрабардорй аз манобеи гидроэнергетикии Осиёи Марказй он аст, ки Узбакистон дар барномаҳои минтақайии Ғарб нақши боризтаре дар муқоиса бо Точикистон дорад.Ин нақш дар пайи вахомати авзои маотиқи қабоилии Покистон, ки маҳалли тронзити коло ва тачҳизоти Ғарб ба Афғонистон буд, аҳамияти бештаре пайдо кард. Аммо ахиран ба назар мерасад, ки мавзеи калавандаи раиси чумҳури Узбакистон дар ҳамкорй ва ҳамкорй накардан бо шарикони худ, кишварҳои ғарбиро бар он доштааст, ки дар пайи чустучуи роҳҳои чадиди интиқоли колои худ ба Афғонистон хорич аз қаламрави Узбакистон бишаванд.
Дар ҳамин росто тарҳои пайвастани роҳи оҳани Қазоқистон ба шабакаи роҳи оҳани Туркманистон дар ҳоли ичро аст, ки аз тариқи он вагонҳои марбут ба Ғарб аз Русия ба Қазоқистон ва аз он чо ба Туркманистон ва сипас тавассути мошинҳо ба Афғонистон мунтақил хоҳанд шуд.Ин тарҳ аҳамияти Узбакистонро ба таври қобили мулоҳизае дар барномаҳои Ғарб коҳиш дод ва ғарбиҳо дар бархе масоил чун қабл аз Узбакистон ҳимоят намекунанд.Аз суи дигар ичрои бархе барномаҳои ғарбиҳо дар Афғонистон, бе мушорикати Точикистон ва такмили тарҳҳои гидроэнергетикии ин кишвар имконнопазир аст. Яъне ҳимоятҳои Ғарб аз мавзеи Точикистон дар баҳрабардорй аз манбаъҳои обии минтақа, на аз руи дилсузии ғарбиҳо, балкй бештар дар ростои аҳдофи худи онҳост.
Дар ҳоле ки ҳануз натоичи таҳқиқоти Бонки чаҳонй эълом нашудааст, гуруҳи экологии узбак ин бонкро дар мавриди он чй "бозичаи дасти Точикистон" шудааст мегуяд, мутаҳҳам мекунад.Вазорати умури хоричаи Узбакистон рузи 11 май баёнияи ин гуруҳро мунташир намуд, ки дар он ҳушдорҳои такрории мақомоти узбак дар мавриди ба истилоҳ оқибатҳои зистмуҳитии сохти неругоҳи "Роғун" дарч шудаанд. Коршиносони узбак иддао мекунанд, дар сурати коҳиши чараёни об, Узбакистон солиёна 4 миллиард доллар ва дар пайи вайроншавии муҳити зист, 146 милион доллар зарару зиён хоҳад дид.Ин баёния дорои ҳамон иддаоҳои қаблии давлати Тошканд аст, ки ахиран тавассути мақомоти аршади кишварҳои мухталиф ва ниҳодҳои байналмилалй, қотеъона рад шудаанд. Аз чумла Яков Бляшко, узви Иттиҳодияи байналмилалии гидроэнержй дар тозатарин ибрози назари худ гуфт, тарҳи неругоҳи "Роғун" дар замони шуравй ва тавассути мутахассисони ботачриба таҳия шуда, аз ҳар нигоҳе мавриди эътимод ва дар муқобили зилзила муқовим аст. Аксари коршиносони мустақил ва соҳибназарон бар ин боваранд, ки тамоми иддаоҳои Узбакистон дар бораи хатароти зистмуҳитии неругоҳҳои "Қамбарота" дар Қирғизистон ва "Роғун" дар Точикистон, ангезаҳои сиёсй дошта дар ростои мухолифат бо рушду пешрафти кишварҳои ҳамсоя анчом шудаанд.Аз суи дигар Иттиҳодияи Аврупо ва дигар ниҳодҳои байналмилалй барои ояндаи Афғонистон барномаҳое таҳия кардаанд, ки иртиботи мустақим бо такмили неругоҳҳо дар Точикистон доранд.Ҳамчунин Русия, ки талош дорад бозари энержии Осиёи Марказй ва Чанубиро таҳти тасаллут дошта бошад, моил аст тарҳи неругоҳи "Роғун" такмил шавад.Бо таваччуҳ ба ин, интизор меравад сарфи назар аз мухолифатҳои Тошканд, ки пояҳои заъифи илмй доранд, Точикистон бо кумак ва пуштибонии ниҳодҳои молии байналмилалй муваффақ ба ичрои ин тарҳи барои иқтисоди минтақа муҳим,бишавад.
|