Талошҳо барои эҳёи роҳи абрешим, ин ақидаро тақвият кардааст, ки ин амр зимни тавсаъа ва таҳкими ҳамгаройи миёни кишварҳои минтақа, метавонад суботу амниятро барои мардуми Афғонистон ба армуғон биёварад. Ин тарҳ дар айни ҳол дар бисёре аз кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалй дар ҳоли пайгирй аст.Албатта ин чода дар шароити имруз фақат роҳи заминй набуда, иборат аз масирҳои обй ва роҳи оҳан низ мебошад.Бо таваччуҳ ба ин ки бахшҳои тақрибан калидии роҳи абрешим аз қаламрави Афғонистон мегузаранд, наметавон ба иллати нооромиҳои кунунй ин кишварро аз чорчуби тарҳи мазкур хорич кард. Дар айни ҳол дар ин кишвар бар пояи тарҳҳои мухталифе сохти роҳҳои оҳан чараён дорад ва бахше аз ин тарҳҳо ба марҳалаи ичро расидаанд. Аз чумла чанде қабл роҳи оҳани Хайратон - Мазори шариф, ки бо мушорикати Узбакистон сохта шуд, ба баҳрабардорй расид.Ин роҳи релй бо тули 75 километр, бандари Хайратон дар марз бо Узбакистонро ба Мазори шариф,бузургтарин шаҳр дар шимоли Афғонистон васл кард.Акнун пешбинй мешавад, ки ин хати роҳи оҳан то шаҳри Ҳирот сохта шавад ва ба роҳи оҳани Машҳад - Ҳирот, ки тавассути Чумҳурии Исломии Эрон сохта шуд, пайваст шавад.
Албатта сохти роҳҳои оҳан дар қаламрави Афғонистон кори соддае нахоҳад буд, зеро аз як су нооромиҳои мавчуд дар ин кишвар мушкили чиддие дар ин замина аст, аз суи дигар рақобати кишварҳо барои соҳибии тарҳҳо ва аз ин тариқ касби даромадҳои бештар, дар бархе аз бахшҳо, ичрои барномаҳои умрониро ба таъхир андохтааст.Бо ин ҳол аз кишварҳои ҳамсоя, Узбакистон бештар аз дигарон дар тарҳои****** ***************************** ***********
***************************
*************************************************************************
**********
**************************************
|