Главная | Регистрация | Вход | RSS Четверг, 25.04.2024, 04:17
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2010 » Октябрь » 30 » Сафари раиси чумҳури Точикистон ба Кобул
13:39
Сафари раиси чумҳури Точикистон ба Кобул
 Раиси чумҳури Точикистон дар садри як ҳайати олирутбаи давлатй ба Афғонистон сафар ва бо мақомоти аршади ин кишвар дидору гуфтугуҳо анчом дод.Ҳарчанд дафтари раёсати чумҳури Точикистон боздиди Эмомалй Раҳмон аз Кобулро як сафари расмй эълом кард, аммо ин сафар ғайримунтазира ва бидуни иттилоъои қаблй сурат гирифт.Хамроҳхон Зарифй, вазири умури хорича, Шералй Гул, вазири энержй ва саноеъ, Олим Бобоев, вазири ҳамлу нақл аз чумлаи ҳамроҳони раиси чумҳури Точикистон дар ин сафар буданд.
 Дар поёни дидори мақомоти ду тараф, панч санади ҳамкорй дар бахшҳои мухталиф ба имзо расид.Ҳамчунин раисони чумҳури ду кишвар ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расонданд.Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон дар конфронси матбуотии муштарак бо ҳамтои афғони худ бо ишора ба захоири фаровони гидруэнергетикй дар кишвараш, ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши энержиро дорои аҳамият тавсиф ва таъкид кард, боясти роҳкорҳои муносиб барои тавсаъаи беш аз пеши ҳамкориҳо дар ин бахш пеш гирифта шавад.Раҳмон афзуд, сохти хатҳои интиқоли барқ аз Точикистон ба Афғонистон ва Покистон ин имконро фароҳам хоҳад кард, ки кишварҳои минтақа бо неруи барқи арзон таъмин шаванд ва ҳамгаройи дар минтақа бештар амалй шавад.Раиси чумҳури Точикистон ҳамкориҳои амниятии ду кишвари дустро дар шароити кунунии минтақа ва чаҳон пураҳамият арзёбй кард ва гуфт: "Мо ҳамкории наздик ва доимии сохторҳои амниятй, марзй ва низомии ду кишварро амри зарурй медонем.Тақвияти марзи муштараки мо ба тули тақрибан 1400 километр ба унвони марзи дустиву ҳамкорй, барои амният ва суботи ҳам кишвари шумо ва ҳам кишвари мо аҳамияти ҳаётй дорад...Амният ва суботи шумову мо мафҳуми тавъам аст ва чудонашаванда."
 Имзои санадҳои чадид миёни Кобул ва Душанбе баёнгар аз азми чидди сарон ва масъулони ду кишвар чиҳати тавсаъа ва таъмиқи ҳамкориҳо мебошад, аммо ин амр ниёзманди суботу амнияти пойдор дар Афғонистон ва масъулиятшиносии мақомоти ҳарду кишвар мебошад.   Равобити Точикистон ва Афғонистон ба унвони ду ҳамсоя реша дар аъмоқи таърих дорад, аммо дар марзбандиҳои чадид ин ду кишвар дар поёни қарни 20 ва ба дунболи касби истиқлоли Точикистон аз Шуравии собиқ, равобити худро бар асоси муқаррароти чадид ба роҳ монданд. Дар соли 2001 ва дар пайи суқути давлати толибон дар Кобул равобити ду кишвари ҳамзабон вориди марҳалаи чадиде шуд ва дар ҳамин сол Точикистон сафорати худро дар Кобул ифтитоҳ кард.Аз ин ба баъд ҳамкориҳои Душанбе - Кобул бо касби чанбаҳои густурдатаре, бахшҳои мухталиф, аз чумла, тичорат, сармоягузорй, кишоварзй, ҳамлу нақл, омузиш, фарҳанг ва ... фаро гирифт.Бо ин ҳол ба ду далели аслй: адами амният дар Афғонистон ва заъфи иқтисоди Точикистон - ин ҳамкориҳо ҳеч вақт дар ҳадди интизорот ва тавақуъоти мардумони ду кишвар набудааст.Аммо сарфи назар аз ин Точикистон, ки дорои муштаракоти фаровоне бо Афғонистон аст, дар бозгашти суботу оромиш ба ин кишвар аз ҳеч талоше дареғ накардааст. Ба навбати худ Кобул дар замони чанги таҳмилии шаҳрвандй дар Точикистон (солҳои 1992-1997), зимни пазиройи аз даҳҳо ҳазор паноҳандаи точик, тамоми тавони худро ба кор гирифт, то тарафҳои рақиби точикро ба якдигар оштй диҳад ва сулҳро ба сарзамини Точикистон бозгардонад. Аввалин тавофуқи давлат ва мухолифони точик дар Хустдеҳи Афғонистон дар соли 1996, аз чумлаи маворидест, ки масъулони афғон дар ростои поён додан ба даргириҳо дар Точикистон, анчом доданд. Дар замони ишғоли Афғонистон тавассути низомиёни кишварҳои ғарбй ба баҳонаи мубориза ба терроризми байналмилалй, Точикистон дар ҳадди тавони худ дар чиҳати таваққуфи низоъҳо дар хоки Афғонистон ва фароҳам намудани заминаи хуручи неруҳои бегона аз ин кишвар, иқдомҳо анчом додааст.
  Бо ин ҳол сафари Эмомалй Раҳмон ба Афғонистон баъди панч соли сафари қаблии вай анчом шудааст, аммо тайи ин муддат Ҳомид Карзай, раиси чумҳури Афғонистон ва дигар мақомоти аршади давлати Кобул борҳо ба Душанбе сафар кардаанд.Мақомоти радаҳои мухталифи точик низ диду боздидҳое аз Афғонистон доштанд, ки тайи онҳо санадҳои зиёде дар чиҳати тавсаъаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар ба имзо расидааст.Ҳарчанд имзои санадҳо дар бахшҳои иқтисодй аслитарин дастовардҳои сафари раиси чумҳури Точикистон ба Кобул маҳсуб мешавад, аммо замони анчоми ин сафар, ки бо вуқуъи нооромиҳо дар шарқи Точикистон ва овозаҳо дар мавриди убури чангчуёни ифротй аз хоки Афғонистон ба қаламрави Точикистон ҳамзамон будааст, тасдиқе бар ин дидгоҳ аст, ки нигарониҳои амниятй муҳаррики сафари Раҳмон ба Кобул будаанд. Қарори маълум дар даргириҳои ахири неруҳои низомии Точикистон бо афроди мусаллаҳ дар дарраи Рашт, даҳҳо нафар аз низомиёни омузишдидаи артиш кушта ва ду болгарди низомй мунҳадим шуд. Ин шикаст барои низомиёни артиши Точикистон ғайриқобили пешбинй буд.Албатта рузҳои ахир иттилооте дар бораи кушта шудани теъдоди зиёде аз афроди мусаллаҳ дар дарраи Рашт ва бозгашти суботу амният ба ин минтақа мунташир шуд, бо ин вучуд давлати Душанбе аз он бим дорад, ки убури чангчуён аз Афғонистон боиси тақвияти чабҳаи ниманизомиёне гардад, ки дар манотиқи душворгузари дараи Рашт паноҳ бурдаанд.Аз ин ру руи ин масъала бо тарафи афғони тавофуқ шуд, ки дар ҳифозат аз марзҳои муштарак бештар ҳамкорй намоянд. Барқарории суботу амният дар Афғонистон ин имконро фароҳам хоҳад кард, ки ҳамкориҳо миёни се кишвари форсизабон дар ҳамаи заминаҳо густариш ёфта, дасти бегонагон аз дахолат дар умури давлатҳои минтақа кутоҳ гардад.Дар ҳамин росто таъкиди Теҳрон бар хуручи низомиёни фароминтақайи аз хоки Афғонистон ва вогузории тамоми умур ба афғонҳо бештар аҳамият пайдо кардааст.Сафари раиси чумҳури Точикистон низ талоше дар ҳамин чиҳат аст, то аз ин тариқ ва бо кумаку пуштибониҳои Чумҳурии Исломии Эрон битавонад аз бунбасти нақлиётй, ки Узбакистон барояш эчод кардааст, раҳойи ёбад.
Просмотров: 1022 | Добавил: did | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Октябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz