Главная | Регистрация | Вход | RSS Пятница, 11.10.2024, 11:35
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2010 » Октябрь » 19 » Талошхои тозаи Маскав дар Осиёи Марказй
08:32
Талошхои тозаи Маскав дар Осиёи Марказй
 
 Дар шаҳри Маскав раҳбарон ва масъулони аршади ниҳодҳои фаъол дар қаламрави Шуравии собиқ гирди ҳам чамъ омаданд, то барномаҳои худ дар шароити чадиди минтақа ва чаҳонро тадвин кунанд.Ин дар навъи худ нахустин ҳамоише буд, ки дар он раҳбарони Иттиҳоди давлатҳои мустақил, созмони ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё, созмони ҳамкориҳои Шонҳой ва Паймони амнияти чамъи ба баҳсу баррасии масоили муҳим пардохтанд.Таҳкими суботу амният дар қаламрави ин ниҳодҳо дар меҳвари нишасти Маскав қарор дошт ва ин нахустин маврид аз силсила чаласоте буд, ки барои 2-3 моҳи оянда дар назар гирифта шудааст.Кремл аз ин тариқ бар он шудааст, ки зимни таҳкими ҳамгаройи дар маҳдудаи Шуравии собиқ, нуфузи худ бар аъзои ин ниҳодҳоро тавсаъа ва таҳким бахшад.
 Ширкаткунандагон дар нишасти Маскав дар поёни музокироти хеш баёнияе пахш намуданд, ки дар он аз чумла бар тавсаъа ва таҳкими ҳамкориҳо дар ростои ҳифзи суботу амният ва боло бурдани чойгоҳи байналмилалии ниҳодҳои фаъол дар қаламравии Шуравии собиқ таъкид шудааст.Дар ин баёния гуфта мешавад, ба манзури мубодилаи иттилоот, ҳамкориҳои коршиносон ва мушорикат дар нишастҳои ҳар як аз ин чаҳор ниҳод, кумитаҳои вижа таъсис мешаванд, ки маовинони дабирони кул узви онҳо хоҳанд буд.
 Дар баёнияи мазкур ҳамчунин таъкид шудааст, ки Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Паймони амнияти чамъи, Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё ва Созмони ҳамкориҳои Шонгхой дар чиҳати мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир барномаҳои худро ҳамоҳанг намуда, тамоми талоши худро барои аз байн бурдани ин падидаҳои шум ба харч хоҳанд дод.Албатта пушида нест, ки дар пайи руйдодҳои ахири Қирғизистон ва ташаннучи авзоъ дар шарқи Точикистон, мавзуи мубориза бо терроризм дар авлавияти фаъолиятҳои ниҳодҳои мазкур қарор гирифтааст. Николай Бордюжа, дабири кулли Паймони амнияти чамъи дар ин робита гуфт, бояд аз ҳамаи имконот ва зарфиятҳо чиҳати пешгирй аз густариши ноамниҳо дар Осиёи Марказй истифода кард.Анатолий Ноговитсин, маовини раиси ситоди муштараки Паймони амнияти чамъи бо ишора ба заминаҳои вуқуъи даргириҳои қавмй ва мазҳабй дар Осиёи Марказй, аз буҳрони амниятии Қирғизистон ба унвони ҳушдор ёд кард ва даъват намуд ин масъала бояд ба таври чиддй мавриди баррасй қарор гирад.
 Баргузории тамринҳои низомии ягонҳои кишварҳои узви Паймони амнияти чамъй дар 25 октябр, ки аз чумлаи тавофуқоти нишасти Маскав буд, баргирифта аз ҳамин нигарониҳоест, ки масъулони ниҳодҳои мазкур аз ноҳияи амният эҳсос мекунанд.Дар назар аст дар ин размоиш низомиёни кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Точикистон ва Белорус ширкат кунанд, ки дар мачмуъ 1700 низомй ва 270 ҳавопаймо, болгард ва мошинҳои размиро дар бар хоҳанд гирифт.  
 Нишасти Маскав ҳамоише дар навъи худ мунҳасир ба фард буд, зеро то кунун масъулони аршади чаҳор ниҳоди фаъол дар қаламрави Шуравии собиқ бо чунин чиддияте даври ҳам нанишаста буданд.Ҳарчанд гуфта мешавад ин нишаст бархоста аз авзои минтақа ва чаҳон, ба вижа таҳаввулоти ахир дар Осиёи Марказй буд, аммо ин нукта низ ғайри қобили инкор аст, ки бо фаъол шудани бозигарони Осиёи Марказй чиҳати таҳкими ва густариши нуфузи худ дар ин минтақаи стротегй, Русия бар он шудааст, ки дар баробари ин таҳаррукот қад алам кунад ва аз тариқи ниҳодҳои вобаста ба худ, сарони чумҳуриҳои Шуравии собиқро ба ҳамкориҳо бо худ мутамоил кунад.Дар ин миён масъалаи Узбакистон дар меҳвари сиёсатҳои Маскав қарор дорад, зеро Маскав ба ҳеч вачҳ аз наздикии беш аз ҳади Тошканд ва Вашингтон хушҳол нест. Ба вижа баъд аз он ки дар моҳи феврали соли чорй Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон мусаввабаи шумора 1258 ҳукумати Узбакистон дар мавриди тавсаъаи ҳамкориҳои дучониба бо Иёлоти муттаҳидаи Амрикоро имзо кард, сарони Кремл бар он шуданд, ки дар мавриди амалкарди давлати Тошканд бештар эҳтиёткор бошанд.Бар асоси ин мусавваба, ки иборат аз 40 банд мебошад,аз чумла густариши ҳамкориҳои низомй дар назар гирифта шуда ва раҳойи аз вобастагиҳои низомй ба Русия, меҳвари ин ҳамкориҳо унвон шудааст. Бо таваччуҳ ба ин ҳама, Русия қасд дорад бо баргузории нишастҳо, гирдиҳамойиҳо ва тамринҳои мухталиф Тошкандро низ барои ҳузур дар ниҳодҳои вобаста ба худ, тарғиб кунад.Дар ин миён муваффақ шудан ба мушорикатҳои фаъоли Тошканд дар Паймони амнияти чамъи аз авлавияти сиёсатҳои Маскав дар марҳалаи кунунй мебошад.Зеро Русия бар ин бовар аст, ки аз ин тариқ метавонад аз тавсаъаи равобити низомй миёни Тошканд - Вошингтан осонтар ва ғайри қобили эҳсос пешгирй кунад.Аммо давлати феълии Тошканд ҳаргиз ҳозир нест дар ниҳодҳои вобаста ба Русия, умуман дар ҳар ниҳоди минтақайи мушорикати фаъол дошта бошад. Зеро табиати Узбакистон ин аст, ки намехоҳад дар баробари он чи ки "ҳамсояҳои заъиф" мегуяд, уҳдадорй ва масъулиятҳое дошта бошад.
 Бо ин ҳол Русия талош хоҳад кард Узбакистонро аз наздикии беш аз ҳад бо кишварҳои ғарбй, ба вижа Амрико боздорад. Чунончй Ислом Каримов ба бозиҳои дусуяи худ бо Шарқу Ғарб идома диҳад, ин эҳтимол чой дорад, ки дар ояндаи на чандон дур шоҳиди таҳаррукоти чадиди мухолифони узбак бошем.Ин таҳаррукот метавонанд ҳатто низомй бошанд ва суботу амнияти Узбакистонро ҳадаф қарор диҳанд. Зеро қудратҳои Шарқу Ғарб ба хубй дарк кардаанд, ки субот ва бақои ҳокимият аслитарин ташвиши сарони худкомаи Осиёи Марказй мебошад ва дар ин миён Узбакистон мустасно нест
Просмотров: 520 | Добавил: did | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Октябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz