Главная | Регистрация | Вход | RSS Пятница, 11.10.2024, 12:02
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2010 » Ноябрь » 2 » Тарафи саввум дар Осиёи Марказй
10:39
Тарафи саввум дар Осиёи Марказй
 
 Чанде қабл Ален Делетро ноиб раиси бахши аврупойии гуруҳи байналмилали буҳроншиносй (International Crisis Group) дар мусоҳиба ба радиои Олмон иброз дошт, Афғонистон як домест,ки барои кишварҳои Осиёи Марказй роҳандозй шудааст.Вай гуфт аз он чо ки мофиёи маводи мухаддир ҳамвора қавитар аз қабл мешавад, фаъолият ва манофеъи ин мофиё дар ояндаи на чандон дур амният ва тамомияти арзии кишварҳои Осиёи Марказй, назири Қирғизистон, Точикистон ва ҳатто Қазоқистонро ба чолиш хоҳад кашид.Ин мақоми аврупойи афзуд, масири тронзити маводи мухаддир аз Афғонистон ба Точикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва кишварҳои аврупойи боиси он хоҳад шуд, ки дар ин кишварҳо манотиқи чудогона аз контрули давлат хорич шаванд.Ален Детро таъкид кард, ки дар айни ҳол дар манотиқи куҳистонии Точикистон ва Қирғизистон гуруҳҳои мусаллаҳи қочоқчиёни маводи мухаддир фаъолият мекунанд, ки ҳадафи аслии онҳо ноамн кардани ин кишварҳо ва умуман густариши ноамнй дар Осиёи Марказй ва пеш бурдани ҳадафҳои худ мебошад.
 Ин мусоҳиба дар рузҳое анчом шуд, ки шарқи Точикистон саҳнаи даргириҳои пароканда миёни афроди мусаллаҳ ва неруҳои низомии давлати Душанбе буд.Дар ин руйдод корвони неруҳои вазорати дифоъи Точикистон мавриди ҳамлаи ғофилгирона қарор гирифт, ки ба асари он беш аз 26 нафар аз низомиёни точик кушта шуданд.Ин фочеъа 19 сентябрруй дод ва давлати Душанбе Абдулло Раҳимов, Мирзохуча Аҳмадов ва Аловаддин Давлатов - чангиёни мухолифони собиқро масъули ин ҳамла эълом кард. Аммо манбаъҳои боэътимод аз маҳалли ҳодиса бо зикри далелҳо эълом карданд, ки ҳамла ба корвони низомиёни вазорати дифоъ кори тарафи севвум буд. Албатта ин барои аввалин бор нест, ки даст доштани гуруҳи саввум дар чиноятҳои ҳавлноки Точикистон тазаккур мешавад.Дар замони баъд аз имзои созишномаи сулҳ миёни тарафҳои рақиби точик борҳо ҳамин тарафи саввум даст ба чиноятҳо зада, талош кардааст чангу хунрезиро дар сарзамини точикон идома бахшад.
 Ҳамин мавзуъ, яъне даст доштани тарави саввум дар раванди ҳаводис, дар руйдодҳои ахири Қирғизистон низ борҳо матраҳ шуд.Дар баҳори соли чории мелодй, вақте ки дар вилоятҳои Ош ва Боткен даргириҳои шадид миёни қирғизҳо ва узбакҳо ба вуқуъ пайваст ва мунчар ба кушта шудани даҳҳо узбактабори Қирғизистон ва фирори ҳазорон узбак ба кишварҳои ҳамсоя шуд, сохторҳои қудратии қирғиз аз даст доштани тарафи саввум дар ин хушунатҳо сухан ба миён оварданд.Дар он замон бархе сохторҳои вобаста ба хадамоти вижаи давлати Тошканд, талош карданд точиконро омили куштори узбактаборҳои Қирғизистон муаррифй кунанд, амре ки пешгирй нашудани он дараи Фарғонаро ба кушторгоҳи воқеъй табдил мекард.Баъдан дар чунин мавридҳое, замоне ки терорҳо то Бишкек, пойтахти Қирғизистон доман кашиданд низ борҳо дахл доштани тарафи саввум зикр шуд.
 Мавзуъи даст доштани тарафи саввум дар раванди таҳаввулоти Осиёи Марказй ҳарчанд ба тавре ки мебояд собит нашудааст, аммо тасдиқе ба ин дидгоҳ аст, ки гуруҳҳои манфиатдор даст ба амал шудаанд, то Осиёи Марказиро ноамн намуда, аҳдофи нопоки худро амалй кунанд.Дар ин миён ба назар мерасад бархе давлатҳо чунин вазъеро ба нафъи худ медонанд, то зимни даргир кардани ҳамсояҳо ба масъалаҳои ҳошияи, аҳдофи хешро пеш баранд.Аммо воқеият он аст, ки вуқуъи ҳар ноамнй дар ҳар як кишварҳои аз Осиёи Марказй, дигар кишварҳоро низ таҳти таъсир қарор хоҳад дод.
 Дар чунин шароите коршиносони маркази таҳқиқотии ба номи Дуглас таъкид бар ин доранд, ки бояд Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамкориҳои сиёсй - низомии худ бо давлатҳои Осиёи Мракзиро тавсаъа бахшад.Ба эътиқоди ин коршиносон дар марҳалаи кунунй Амрикоро зарур аст ҳамкориҳои иқтисодй ва сиёсй - низомии худро бо Точикистон, Узбакистон ва Туркманистон густариш диҳад. Коршиносони ин марказ бар онанд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бояд ба Қирғизистон дар бахшҳои иқтисодй, низомй, қазойи, амниятй ва тақвияти сохторҳои давлатй кумакҳои фаврй ироа диҳад ва нагузорад, ки Русия пойгоҳи Манасро тасоҳуб шавад.Зеро ин пойгоҳ нақши калидй дар ичрои барномаҳои НАТО дар Афғонистон дорад ва пирузй дар чанги Афғонистон амре муҳим дар чорчуби манофеъи миллии Амрико маҳсуб мешавад. Ориел Коэн, як тан аз муҳаққиқони ин Марказ бо ишора ба сарнагунии Қурмонбек Боқиев, таъкид бар он дорад, ки Русия дар чиҳати таъмиқ ва тақвияти ҳокимияти худ дар Осиёи Марказй беш аз ҳар замони дигаре вориди амал шудааст, аз ин ру иқдомоти чавобии Амрико як амре ичтинобнопазир аст.
 Бо чунин руйкарде, вучуди тарафи саввум дар таҳаввулоти кишварҳои Осиёи Марказй як амре табии ба назар мерасад. Зеро тачрибаи чаҳонй нишон медиҳад, ки ҳар вақт ин ё он минтақа аз чаҳон майдони рақобати қудратҳо шуда, набзи таҳаввулот ва контрули авзоъ на ҳамеша дар ихтиёри давлатҳо боқй мондааст.Яъне ҳар як аз қудратҳо дар ростои аҳдоф ва барномаҳои худ сенариёи мавриди назарашонро ба ичро гузоштаанд ва ҳамин амр боиси зуҳури ба истилоҳ тарафи саввум ва кушта шудани мардумони бумй ва суқути давлатҳо будаст. Бо ин ҳол нигоҳе ба раванди руйдодҳо дар Қирғизистон ва Точикистон баёнгар аз ин воқеъият ҳаст, ки дар ҳолатҳое давлатҳои ин кишварҳо худ заминаи ба истилоҳ дахолати тарафи саввум дар таҳаввулотро фароҳам мекунанд. Аз чумла дар Қирғизистон мубориза барои қудрат мучиботи ин амрро фароҳам кардааст ва дар Точикистон норизоятии мардум аз ичрои созишномаи сулҳ ва дар канори ин, иқдомоти мақомоти давлатй дар таҳқири заноне ки либоси миллиро риоят мекунанд, заминаи фаъолияти гуруҳҳои ифротиро, ки аз хорич пуштибонии молй ва ҳидоят мешаванд, муҳайё кардааст.
 Аслитарин заминаи мудохилаи тарафи саввум дар таҳаввулоти кишварҳо, ин ҳузури кишварҳои бегона дар минтақа аст ва рақобат миёни ин қудратҳо сабаб мешавад, ки ҳар кадом барои расидан ба ҳадафҳои худ, дар нақши "тарафи саввум" вориди амал мешавад.Аз чумла ҳузури гуруҳи шуришии Маҳмуд Худойбердиев дар қаламрави Узбакистон боис он шудааст, ки давлати Тошканд ҳхар аз гоҳе ҳамсояи худ - Точикистонро мавриди фишор қкарор медиҳад ва бо фиристодани аъзои ин гуруҳ ба хоки Точикистон талош мекунад раванди таҳаввулотро дар дасти худ гирад.
 Бо таваччуҳ ба он чи зикр шуд, аслитарин роҳи кутоҳ кардани дасти тарафи саввум дар таҳаввулоти кишварҳо он аст, ки давлатҳо дар расидагй ба мушкилоти чомеъаҳо бештар кушо бошанд ва муттакй ба мардум бошанд на қудратҳои фурсатталаб. Яъне кушиш кунанд байни давлат ва мардум, ҳамчунин ҳизбҳои сиёсй фосила эчод нашавад.
Просмотров: 673 | Добавил: did | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Ноябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz