Ахиран порлумони Точикистон тавофуқнома миёни ин кишвар, Покистон, Афғонистон ва Қирғизистонро дар мавриди сохти хати интиқоли барқ бо номи СASA -1000-ро тасвиб кард. Бар асоси ин тавофуқнома неруи барқи изофии Точикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон интиқол хоҳад ёфт.Бонки чаҳонй, бонки рушди Осиё ва ожонси рушди байналмилалии Амрико чиҳати сармоягузорй дар ин тарҳ эъломи омодагй кардаанд. Гуфтанй аст тарҳи СASA -1000 бо таваччуҳ ба сохтани неругоҳҳо дар Точикистон тадвин шуда, дар сурати такмил ниёзи ду кишвари Афғонистон ва Покистон ба энержиро бароварда хоҳад кард.Бар асоси баровардҳои коршиносй дар оянда ниёзи солиёнаи Покистон ба неруи барқ 8% афзоиш ёфта, бо истиқрори суботу амният дар Афғонистон, ин кишвар низ ба масрафкунандаи умдаи энержии Точикистон ва Қирғизистон табдил хоҳад шуд. Санадҳои марбут ба тарҳи CASA-1000 моҳи августи соли 2008 дар шаҳри Исломобод, пойтахти Покистон ба имзои масъулони кишварҳои Точикистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон расид.Дар чорчуби ин тавофуқнома қарор аст миёни ин кишварҳо хати интиқоли неруи барқ сохта шавад.Тарҳи мазкур бахше аз барномаи минтақайии тичорати энержй миёни Осиёи Марказй ва Осиёи Чанубй(CASAREM) аст ва маблағи такмили он ҳудуди 680 миллион доллар баровард шудааст. Русия барои мушорикат дар ин тарҳ эъломи омодагй намудааст ва қасд дорад неруи барқи неругоҳи Сангтуда-1 ро ки дар Точикистон ба дасти мутахассисони русй ва сармоягузории ин кишвар сохта шудааст, ба хорич аз минтақа содир кунад.Маскав, ки мехоҳад тамоми манобеи энержии минтақаи Осиёи Марказиро таҳти тасарруфи хеш нигоҳ дорад, ба ҳеч вачҳ намехоҳад аз бозори пурдаромади неруи барқ бебаҳра монад, аз ин ру дар ин росто барномаҳоеро руи даст гирифтааст.Ин дар ҳолест, ки кишварҳои ғарбии тарафи қазия тамоили чандоне ба мушорикати Русия дар ин тарҳ надоранд,зеро аз он бим доранд, ки Маскав ба гунае ки дар Ғарб аз энержй ба унвони аҳрами фишор бар кишварҳои аврупойи истифода кард, коршиканиҳое дар Осиёи Марказй низ анчом диҳад.Аз суи дигар Амрико, ки аз чумлаи сармоягузорон дар ин тарҳ мебошад, талош дорад бо истифода аз фурсат, аз нуфузи Русия дар минтақа бикоҳад ва ҳамзамон чойгоҳи худ дар ин минтақаи муҳимро тасбит кунад.Амрико дар пайи он аст вонамуд кунад, ки барои рушди иқтисоди Афғонистон талош мекунад, аммо дар асл мехоҳад бо ворид шудан ба тарҳҳои энержии минтақа, арсаро барои Русия маҳдуд кунад.Ин намоди дигаре аз рақобати қудратҳост, ки дар айни ҳол чанбаҳои густардатаре касб намуда, бар аҳамияти кишварҳои минтақа афзудааст. Бояд гуфт Исломобод ҳануз дар солҳои 90 қарни гузаштаи милодй барои мушорикат дар тарҳи неругоҳи Роғун эъломи омодагй намуда буд. Аммо авзои нобасомони Точикистон, ки ҳосили чанги таҳмилии 5 сола буд, пеши роҳи амалй шудани ин ҳадафро гирифт.Аз суи дигар ба назар намерасад, ки мушорикати Исломобод дар тарҳи неругоҳи Роғун бидуни таваччуҳ ба дидгоҳи Маскав сурат гирад.Зеро Маскав ба унвони мубтакири аслии тарҳи Роғун ҳозир нест бо мушорикат додани дигар кишварҳо, саҳми худро дар бозори энержии Осиёи Марказй коҳиш диҳад ва ҳамзамон бо ин заминаи густариши нуфузи рақибони худро фароҳам намояд.Бо ин вучуд дар нишасти чаҳорчонибаи Точикистон, Русия, Афғонистон ва Покистон, ки чанде қабл дар шаҳри Душанбе доир гардид, бархе тавофуқоти аввалия дар заминаи мушорикати Покистон дар тарҳи Роғун ҳосил шуд, аммо ҳануз масъалаҳои чиддие дар ин робита вучуд дорад. Тарҳи CASA-1000 дар сурати такмил бештар ба нафъи Афғонистон ва Покистон, ки дар айни ҳол шарикони Амрико маҳсуб мешаванд, хоҳад буд.Аммо ҳамзамон бо ин, ҳассосиятҳоро аз тарафи Ҳиндустон ба вучуд хоҳад овард, зеро Покистон ба унвони рақиби суннатии Деҳлии нав бо дастёбй ба неруи барқи арзони Осиёи Миёна, заминаҳои бештареро дар чиҳати тавсаъаи иқтисодй фароҳам хоҳад кард.Дар ин миён Чин низ бетафовут нахоҳад буд.Яъне ичрои тарҳи CASA-1000 монеаҳои чиддие дар сари роҳ дорад ва дар ин миён адами суботу амният дар Афғонистон аз умдатарин мавонеъ маҳсуб мешавад. Тасвиби тарҳи CASA-1000 дар порлумони Точикистонро метавон иқдоме тозае дар ростои рафъи мавонеъ дар раванди такмили неругоҳи Роғун арзёбй кард.Ҳарчанд кишварҳое назири Узбакистон бо тамоми тавон барои пешгирй аз сохти неругоҳи Роғун талош мекунад,аммо танҳо роҳ барои Точикистон дар ростои таъмини истиқлолияти энержй, сохтани ин неругоҳ аст.Аз ин ру дар оянда шоҳиди вокунишҳо ва аксуламалҳои Тошканд дар ин робита хоҳем буд.
|