Главная | Регистрация | Вход | RSS Воскресенье, 06.10.2024, 04:51
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2010 » Сентябрь » 11 » Точикистон дар масири нооромиҳо
17:15
Точикистон дар масири нооромиҳо
 Точикистон дар масири нооромиҳо Ҳодисаи таркиш дар идораи пулиси чиноятхои созмонёфтаи шаҳри Хучанд таккони бесобиқае дар фазои амниятии Точикистон эчод кард.Барои аввалин бор буд, ки дар Точикистон ходисаи интиҳорй ё ба иборати дигар маргталабона ва ё он гуна ки дар доираҳои мазҳабй таъбир мекунанд – "шаҳодатталабона", ба вуқуъ пайваст.Ин чиноят дар ҳоле руй дод, ки фирори 25 зиндонй аз боздоштгоҳи кумитаи давлатии амнияти миллй бар коройии ин ниҳод соя афкандааст.Ҳарчанд фирори зиндониён дар навъи худ барои Точикистон ва умуман саросари қаламрави Шуравии собиқ бесобиқа будааст, аммо даст ба худкушй задан барои расидан ба ҳадафҳои худ, руйдодест, ки саросари минтақаро таҳти таъсир қарор додааст.
 
Аз Андичон то Хучанд
 
 Ин ҳодиса дар Хучанд, дар водии Фарғона дар ҳоле руй дод, ки аз солҳо қабл доираҳое дар Русия ва кишварҳои ғарбй ҳадафмандона ва бар асоси барномаҳои аз қабл тарроҳй шуда,фазосозиро дар бораи ноамн шудани ин минтақа аз Осиёи Марказй, оғоз кардаанд.Нахустин чунин ҳодиса дар ҳамин водй, дар шаҳри Андичон 26 майи соли 2009 ба вуқуъ пайваст.Бар асоси гузориши мақомоти узбак дар ин руз як фарди ношинос дар кучаи Фитрати шаҳри Андичон худро тарконд, ки бар асари ин ҳодиса ин фарди ношинос ва як милиса кушта шуд. Расонаҳои иттлиоотии минтақа ва берун аз он дар пушиши хабарии ин руйдод яксадо таъкид бар ин доштанд, ки дар ояндаи на чандон дур водии Фар\она ба маркази нооромиҳо дар минтақа табдил хоҳад шуд.Ин бор низ ҳамин сенария дар ҳоли ичро аст ва ҳамон гуна, ки гуё аз қабл ҳодисаи шаҳри Хучандро мунтазир буданд, расонаҳои фурсатталаб ҳамон таҳлилҳои қолабии(клешайии) худро ба табъ расонда таъкид бар ин доштанд, ки Фарғона дар ҳоли табдил шудан ба маркази нооромиҳо дар Осиёи Марказй аст.Дар ин миён мақолаи ба истилоҳ хабарнигоре бо номи Ксения Солянская аз сойти gazeta.ru бештар чалби таваччуҳ мекунад.Ин хонум мисле ки ҳануз аз хоби коммунистй бедор нашудааст, зери сарлавҳаи пуртумтароқи "Фарғона водии марг" (Ферганская долина смерти) шаҳри Хучандро маркази вилояти Ленинобод зикр карда, бо истифода аз шеваи хоси КГБ- Шуравй бо такя ба *манбаъи худ* дар сохторҳои қудратй, ин руйдодро пушиш додааст.Харчанд ин хабарнигор аз "Reuters" ва "Интерфакс" истифода кардааст, аммо ҳамон қолаби овозапароканиро ҳифз кардааст.
 
 Ин иштибоҳи дигаре хоҳад буд?
 
 Дар даҳҳаи 90 замоне, ки коршиносон ва таҳлилгарон аз густариши фирқа ва равияҳои муталифи мазҳабй дар Точикистон садои ташвишу нигаронй баланд мекарданд, масъулон бо нодида гирифтани ин нигарониҳо, ин амрро то ҳадде ба нафъи худ арзёбй мекарданд. Ба андешаи масъулон густариши ҳар гуна равия ва фирқаҳои мазҳабй ба заъиф шудани чойгоҳи ҳизби наҳзати исломии Точикистон, ки он замон аслитарин рақиби давлати Душанбе маҳсуб мешуд, мусоидат мекард.Аз ин ру на танҳо дар пешгирй аз фаъолияти ин фирқаҳо ва мактабҳои мазҳабй иқдоме анчом надоданд, балки дар ҳолатҳое баъзе мусоидатҳо низ дар чиҳати сабти ном ва амалкарди онон анчом доданд. Натичаи ин сиёсат он аст, ки имруз Точикистон то ҳадди қобили мулоҳизае ба майдони фаъолияти фирқа ва равияҳои мухталифи мазҳабй табдил шуда, ҳатто теъдоди зиёде аз мардуми мусалмон ба динҳои ғайриисломй гаравидаанд.Имруз низ бино бар таҳлилҳои коршиносон ба назар мерасад сохторҳои марбутаи Точикистон дар ҳоли иртикоби иштибоҳи дигаре ҳастанд:дар ҳоле ки ҳеч далел ва санад ироа нашудааст, гуфта мешавад, ки ҳодисаи Хучанд ҳамлаи маргталабона ва терористие буд, ки тавассути авомили мазҳабй ва эҳтимолан афроди вобаста ба ҳаракати исломии Узбакистон ичро шуд.Бо таваччуҳ ба тачрибаи ироа кардани чунин дидгоҳҳо, сохторҳои интизомй ва амниятии Точикистон мехоҳанд аз ин тариқ фишорро бар неруҳои мазҳабй ва дигар мухолифони хеш, ташдид кунанд.Дар чунин шароите тарафи муқобил низ даст ба иқдом хоҳад шуд ва чои шак нест, ки гуруҳҳои норозй аз чунин сиёсатҳое, ру ба созмонҳои ифротй ва радиколй хоҳанд овард. Ҳосили чунин амалкарде он хоҳад буд, ки неруҳои фурсатталаб вориди амал мешаванд ва бо истифода аз ин қишри норозй, ки умдатан чавононад, барномаҳои худро, ки ноамн кардани Точикистон дар меҳвари он қарор дорад, ба марҳалаи ичро хоҳанд гузошт.
 
Водии Фарғона
 
 Ва аммо водии Фарғона минтақаи пайванди се чумҳурии Точикистон,Қирғизистон ва Узбакистон аст, ки иборат аз се вилояти Қирғизистон (Ош, бахшҳое аз Чалолобод ва Боткан), се вилояти Узбакистон ( Фарғона, Андичон ва Намангон) ва як вилояти Точикистон (Суғд) аст.Аҳолии он ҳудуди 12 миллион нафарро ташкил медиҳад. Водии Фарғона аз нигоҳи зиччии аҳолй баъд аз Чин ва Бангладеш дар мақоми саввуми чаҳон қарор дорад, ба гунае, ки дар як километри квадратй (мураббаъ) 360 нафар ба сар мебаранд.Ба ғайр аз сокинони аслй – узбакҳо, точикҳо ва қирғизҳо, дар ин чо 50 ақалияти қавмй зиндагй мекунанд.
 Водии Фарғона бо тули 300 километр ва арзи 170 километр, яке аслитарин манотиқи кишоварзй дар Осиёи Марказй ба ҳисоб меравад.Дар асри 18 маркази аслии хонигарии Қуқанд буд, ки беш аз дигар минтақаҳои Осиёи Марказй аҳоли дошт.Дар миёнаҳои асри 19 Русия тасарруфи Осиёи Марказиро маҳз аз ҳамин водй шуруъ намуд.
Водии Фарғона дар ибтидои вуруди истеъморгарони Русияи подшоҳй, ба маркази муқовимат алайҳи тачовузгарони хоричй табдил шуд.Дар соли 1875 дар ин чо шуриши бузурге алайҳи ҳокимони рус ба вуқуъ пайваст, ки баъдан бераҳмона саркуб шуд ва мучиби барҳамхурдани хонигарии Куқанд гардид.
 Водии Фарғона дар соли 1991 шоҳиди ошубҳои Намангон ва дар соли 2005 саҳнаи қатлиоми тазоҳуркунандагон дар Андичон буд. Ва ахиран 25-26 майи соли 2009 нооромиҳо дубора ба суроғи водии Фарғона омаданд ва ин минтақа аз Осиёи Марказй барои аввалин бор ҳамлаи маргталабонаро шоҳид буд.

Мавқеияти водии Фарғона барои чумҳуриҳои Осиёи Марказй

 Нигоҳе ба вазъияти кунунии минтақа баёнгар аз он аст, ки ҳамаи вилоятҳои водии Фарғона барои чумҳуриҳои худ аз аҳамияти вижае бархурдоранд ва дар ҳаёти иқтисодй – ичтимойи нақши муҳиме ичро мекунанд. Дар вилоятҳои Намангон,Фарғона ва Андичон 27,2% аҳолии Узбакистон зандагй мекунад, дар вилояти Ош ва бахшҳои дар водии Фарғона будаи вилоятҳои Чалолобод ва Боткан 51 % аҳолии Қирғизистон ва дар вилояти Суғд 17,7 дар сад аз аҳолии Точикистон зиндагй мекунад. Аз суи дигар дар водии Фарғона вазъиаяти чолиби таваччуҳи геополитикй шакл гирифтааст: Узбакистон бахши умдаи заминҳои кишоварзй ва аҳолии ин минтақа, Қирғизистон куҳҳо ва манбаъҳои обй ва Точикистон танҳо роҳи оҳане, ки водии Фарғонаро ба чаҳони хорич пайванд мекунад, дар ихтиёр доранд.
Имруз водии Фарғона дар гири мушкилоти зиёде аст, ки бино ба таъбири коршиносон «заминасози» бесуботиҳои оянда хоҳанд шуд.Чануби Қирғизистон ва вилояти Фарғонаи Узабкистон минтақаҳои фақрнишин дар кишварҳои худ ба ҳисоб мераванд. Ҳарчанд вилояти Суғд (Точикистон) дар замони Шуравй минтақаи саноатй ва пешрафта буд, аммо тайи солҳои истиқлоли Точикистон сатҳи зиндагй дар ин чо ба шиддат пойин омад. Бар асоси омори Бонки чаҳонй дар соли 2003 64 % аҳолии ин вилоят зери хати фақр зиндагй мекарданд ва имруз вазъ тағйири чандоне накардааст. Гузоришҳои ниҳодҳои байналмилалй баёнгар аз ин аст, ки дар минтақаҳои рустойии водии Фарғона қашшоқй ру ба густариш аст ва талошҳои мақомоти маҳаллй барои муқобила бо ин падидаи номатлуб, номуваффақ будааст.
 
Баҳрабардорй аз ҳодисаи Хучанд
 
 Дар бораи он ки дар ҳодисаи Хучанд чанд нафар кушта шуд, ахбори зидду нақиз мунташир шуд, ҳамчунин арзёбиҳо дар бораи ин руйдод мухталиф буданд.Аз ин руйдод ҳар доирае дар чорчуби ҳадафҳои худ кор гирифт.Онҳое ин ҳодисаро "шаҳодатталабона" тавсиф карданд, ки мехоҳанд ба давлати Душанбе ин паёмро диҳанд, ки дар кишвар исломи сиёсй дар ҳоли қудратгирй ва қудратнамойи ҳаст ва боястй ба таври чиддитар ба он бархурд кард.Ин идда лоикҳои(атеистҳои) бозмондаи идеологияи комунистй ҳастанд, ки умдатан аз берун пуштибонй ва ҳидоят мешаванд.Албатта бо истифода аз таъбири "шаҳодатталабона" доираҳое дар дохил низ бар он шудаанд, ки пайомадҳои бади фишор ба мусалмонон ва сиёсатҳои исломситезиро ба масъулон ёдрас кунанд. Вожаи "террорист" бештар ба нафъи ҳамон доираҳое кор мекунад, ки иддао мекунанд ноамниҳо аз Афғонистон ба водии Фарғона мунтақил хоҳанд шуд.Ин гуруҳҳо аз ин тариқ ҳузури низомии худро барои давлатҳо асоснок кардан мехоҳанд ва бо густариши тарсу ваҳшат дар дастгоҳҳои ҳокима, ононро дар чорчуби сиёсатҳои худ қарор медиҳанд. Таъбири "маргталабона" низ истифодаҳои худро дорад ва бештар ба нафъи онҳоест, ки мехоҳанд нишон диҳанд дар Точикистон косаи сабри мардум дар ҳоли лабрез шудан аст ва агар амалкарди мақомот бад ин минвол идома кунад, оғози як чанги дохилии дигар дар ин кишвар ногузир аст. Аммо фарзияи дигаре низ ҳаст, ки ҳодисаи Хучандро тарроҳишуда тавассути гуруҳҳое дар дохили кишвар медонанд.Ин фарзия таъкид бар он дорад, ки саҳнасозии мазкур тавассути маводи тарканда ва дастгоҳи кантрул аз роҳи дур анчом шуда, омилони он аз ин амал бехабар будаанд.Харчанд ин фарзия заъиф, аммо қобили андеша ва баёнгар аз печида будани авзоъи кунунй дар дохили Точикистон аст.
 
Бозй бо оташ
 
 Фирори 25 зиндонй аз боздоштгоҳи кумитаи давлатии амнияти миллй, боздошти пур аз рамзу рози теъдоде аз онҳо, ҳамчунин таркиш дар идораи милисаи вилояти Суғд ва овозаҳои мухталиф дар ин замина, баёнгар аз ин воқеият аст, ки дар дохили Точикистон як бозии ачибу ғариби сиёсй дар ҳоли шаклгирй аст. Бозие, ки бе дахолат аз хорич нест ва як  навъ бозй бо оташро мемонад.Агар ин бозй бо ин ривол идома кунад, ҳамон вазъе пеш хоҳад омад, ки неруҳои зиддиточикистонй дар хорич бесаброна интизорашро мекашанд.
Просмотров: 1318 | Добавил: did | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Сентябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz