Дар шаҳри Хучанд ҳафтаи гузашта мизи гирде баргузор шуд, ки дар он масоили пеши руи вилояти Суғд(шимоли Точикистон) дар бахши экологй мавриди баҳсу баррасй қарор гирифт.Ин мизи гирд бо ибтикори чанд муассисаи экологй ва пуштибонии дафтари созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Точикистон доир шуд, ки дар он масъулони бахши экологй, коршиносон ва намояндагони расонаҳои дохилию хоричй ҳузур доштанд. Вазъи асафбори муҳити зист дар манотиқи ҳаммарз бо Узбакистон дар меҳвари суханрониҳо қарор дошт. Ширкаткунандагон дар ин мизи гирд иброз доштанд, ки дар пайи фаъолиятҳои дур аз муқаррароти байналмилалии корхонаҳои саноатии Узбакистон, муҳити зист дар шимоли Точикистон олуда ва ин амр боиси бурузи бемориҳои мухталиф дар миёни аҳолии ин манотиқ, ба вижа кудакон шудааст. Аз чумла таъкид шуд, ки корхонаи маъдани Олмалиқ, корхонаҳои симон ва оҳани Бекобод, ки бо партобҳои ва газҳои мухталиф, муҳитро беш аз меъёрҳои маъмулй олуда кардаанд, зиндагии мардумро дар ноҳияҳои Спитамен ва Масчоҳ бо мушкилоти зиёде ру ба ру кардаанд. Аз чумлаи ин мушкилот, густариши бемориҳои мухталиф, аз чумла амрози саратонй ва тахриби киштзорҳо ва чарогоҳҳо мебошад.
Бино ба гузориши Саидамин Исомаддинов, раиси идораи муҳити зисти устони Суғд авзои экологй дар ноҳияи Спитамен, ки дар наздикии шаҳри саноатии Бекободи Узбакистон қарор дорад, беш аз дигар манотиқи шимоли Точикистон вахим аст.Вай афзуд болиғ бар 47 ҳектор аз заминҳои кишоварзии ин ноҳияи маҳалли дафни партобҳои корхонаҳои Бекобод мебошанд, ки баъд аз фурупошии Шуравй ва марзбандиҳои чадид, аз доираи таваччуҳи масъулон хорич шуда, газҳо ва маводи хаиарноки мухталиф паҳн мекунанд, ки ин раванд ҳамасола бар олудагии муҳити зист меафзояд.Ин дар ҳолест, ки Узбакистон тасмим гирифтааст дар шаҳри Бекобод, дар чавори марзҳои Точикистон як корхонаи чадиди симон бино кунад.
Исомаддинов тазаккур дод, фаъолиятҳои беравияи кони Олмалиқ боиси он шудааст, ки дар ноҳияи Масчоҳ 350 гектор замини кишоварзй олуда бо маводи химиявии мухталиф шуда, дигар қобили истифода намебошанд. Раиси идораи муҳити зисти вилояти Суғд афзуд, партобҳои кони мазкур боиси он шудааст, ки хок ва оби минтақа олуда шуда, чангалҳо ва чарогоҳҳо дар ҳоли инқироз қарор гирифтаанд. Ширкаткунандагон дар мизи гирди Хучанд масъулони Узбакистонро сабабгори аслии вайроншавии муҳити зист дар минтақа унвон карданд ва таъкид намуданд, ки дар ростои ҳаллу фасли масоили экологй боястй мақомоти ду кишвар бо ҳам музокира кунанд.Албатта, ин мизи гирд як навъ иқдоми чавобии Точикистон ба иқдоми ба ин монанди Узбакистон мебошад.Қарори маълум, давлати Тошканд бо таъсиси кумитаи экологй дар порлумони худ, бар он шуд, ки хисороти зистмуҳитии корхонаи алюмини Точикистонро ба ниҳодҳои байналмилалй муаррифй ва аз давлати Душанбе чуброн дарёфт намояд. Ҳамин кумита дар мавриди он чи ки хатароти зистмуҳитии неругоҳи Роғун унвон кард, гузорише таҳия ва дар расонаҳои мухталиф мунташир кард. Ба баёни дигар алайҳи корхонаи алюмини Точикистон ва неругоҳи Роғун дар минтақа ва берун аз он фазосозй намуд. Дар ҳамин росто дар манотиқи ҳаммарз бо Точикистон намоишҳои эътирозии донишчуёни узбак, аз чумла дар шаҳри Термиз баргузор шуд. Ин масоил равобити ду кишвари ҳамсояро ба чолиш кашид.Узбакистон алайҳи Точикистон ба истилоҳ "чанги релсй" эълом ва вогонҳои дорои коло барои Точикистонро дар қаламрави худ мутавққиф намуд.Ин иқдом аз баҳори имсол шуруъ шуд ва бино ба бароварди мутахассисони точик ба иқтисоди Точикистон миллиардҳо доллар хисорот ворид намуд.Баъд аз он ки музокироти мақомоти ду тараф барои ҳалли ин мушкил натичае ба бор наовард, Душанбе барои кумак ба ниҳодҳои мухталифи байналмилалй мурочиа кард, аммо боз ҳам бидуни натича.Ниҳоят, ахиран порлумони Точикистон тасмим гирифт, ки санадҳои зарурй дар мавриди муҳосираи иқтисодии Узбакистон таҳия ва ба додгоҳҳои байналмилалй пешниҳрд кунад.Аммо вазорати хоричаи Узбакистон бо интишори баёнияе таъхир дар ҳаракати қаторҳои Точикистонро "тарофик" дар роҳи оҳан, ки дар пайи афзоиши интиқоли коло ва муҳиммоти марбут ба неруҳои эътилоф ба Афғонистон ба миён омадааст, унвон кард. Бо ин ҳол тарафи Точикистон мегуяд, ҳамаи иқдомоти Узбакистон алайҳи ин кишвар чанбаи сиёсй доранд ва Тошканд намехоҳад Точикистон пешрафт кунад.Дар ин миён матбуоти ду кишвар бо нашри матолиб алайҳи кишварҳои якдигар, дар пайи барангехтани афкори умумии чомеъаҳои худ баромаданд.Ин иқдомот то чое пеш рафт, ки раиси чумҳури Узбакистон тарҳи сохти неругоҳи Роғунро "тарҳи аҳмақона" унвон кард.
Инак набарди лафзии ду кишвари ҳамсоя ба марҳалае расида, ки ҳар кадом дар сададанд, бо мурочеъа ба ниҳодҳои байналмилалй, пирузи ин набард бошанд.Аммо тачрибаи чаҳонй собит кардааст, ки ниҳодҳои байналмилалй ва кишварҳои ба истилоҳ "ҳомии демократия ва адолат", дар расидагй ба чунин масоил, ҳеч гоҳ мунсифона амал накардаанд ва дар чорчуби манфиатҳои роҳбурдии худ, маншаъи ихтилоф миёни кишварҳоро ҳифз кардаанд, то дар замони муносиб аз он кор гиранд. Вучуди буҳрони беш аз 20-солаи Қарабоғи куҳй, мисоли кучаке дар ин замина аст.Бо таваччуҳ ба ин, беҳтарин роҳ он аст, ду кишвари ҳамсоя, ки мардумонашон садсолаҳо дар канори ҳам зиста, дорои муштаракоти фаровоне мебошанд, гирди мизи музокирот биншинанд ва бидуни дахолати тарафи саввум масоили марбут ба равобити байни ҳамдигарро ҳаллу фасл намоянд. Дар ин росто санаде, ки 17 ноябри соли 1994 миёни Точикистон ва Узбакистон дар мавриди беҳбуди вазъи экологй дар манотиқи марзии ду кишвар ба имзо расид, метавонад заминаи хубе бошад.
|