Главная | Регистрация | Вход | RSS Воскресенье, 06.10.2024, 04:55
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2010 » Апрель » 26 » Точикистон ва Узбакистон сари мизи музокира мешинанд
16:24
Точикистон ва Узбакистон сари мизи музокира мешинанд
Хабаргузориҳо ба нақл аз Абдулло Юлдошев, маовини аввали вазири корхои хоричаи Точикистон иттилоъ доданд, ки дар рузҳои наздик як ҳайат тахти сарпарастии Муродалй Алимардонов, муовини нахуствазири Точикистон чиҳати ширкат дар нишасти навбатии кумиссиюни муштараки ҳамкориҳои Точикистон ва Узбакистон ба Тошканд хоҳад рафт.Ин кумиссиюн, ки солҳои охир корномаи чандон чолибе аз худ ироа накардааст, соли гузашта дар Душанбе доир гардида буд.Рузи чоршанбеи 18 феврали соли 2009 дар пойтахти Точикистон гуруҳе аз мақомоти точик ва узбак даври ҳам чамъ омаданд то масъалаҳои мавчуд дар робитаҳои ду кишварро баррасй ва ҳаллу фасл намоянд. Ин нишаст дар қолаби комиссиюни байнидавлатй баргузор гардид, ки аз замони охирин нишасти он шаш сол гузаштааст. Хамин мавзуъ, яъне тайи 6 сол доир нашудани нишастҳои ин комиссиюн баёнгар аз вазъи робитаҳо миёни Тошканд – Душанбе аст. Албатта, дар ин солҳо мақомоти точик борҳо ба Узбакистон сафар карданд, аммо масъулони узбак тамоили чандоне ба сафар ба Точикистон аз худ нишон надоданд. Дар он айём бисёре аз коршиносон аз нишасти тарафҳои точик ва узбак ба унвони руйдоди таърихй ёд намуда, пешбинй мекараданд, ки баъд аз ин дидор шоҳиди боз шудани гиреҳ дар муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя хоҳем буд. Дар дидори Рустам Азимов, маовини аввали нахуствазири Узбакистон ва раиси ҳайати узбакистонй бо Эмомалй Раҳмон, раиси Чумҳури Точикистон низ ба ин нуктаи муҳим ишора шуд. Аммо фазои музокирот «чандон гарм» набуд. Ҳарчанд беш аз 10 масъала барои баҳсу баррасй пешниҳод шуда буд, вале дар поёни нишаст фақат ду протокол ба имзо расид: яке дар бораи ҳамкориҳои иқтисодй-тичорй, дигаре дар бораи масъалаҳои марзй. Интизор мерафт роҳи ҳалле барои истифода аз манбаъҳои обй ва интиқоли неруи барқ, ки беш аз ҳар масъалаи дигаре дар робитаҳо миёни ду кишвар соя афкандааст, пайдо шавад, аммо ҳаргиз ин тавр нашуд. Инак бо гузашти беш аз як сол аз замони дуввумин нишасти кумиссиюни байниҳукуматии Точикистон ва Узбакистон, тарафҳо бар он шудаанд севумин нишасти ин кумиссиюнро доир кунанд, то шояд битавонанд робитаҳои байнихамдигарро вориди мачрои матлубтаре бинамоянд. Аммо бо таваччуҳ ба вазъи кунунии равобит миёни ду ҳамсоя, ки гузашти як сол масъала ва мушкилоти наве бар он афзудааст, аз эхтимол дур ба назар мерасад, ки тарафҳо битавонанд дар як нишасти гиреҳи ин масоилро ба осонй боз кунанд. Аз чумлаи ин мушкилот азми Точикистон ба такмили неругоҳи Роғун ба унвони зомини истиқлолияти энержии ин кишвар ва мухолифатҳои сарсахтонаи Узбакистон ба ин тарҳ мебошад. Давлати Тошакнд дар қолаби як стротегияи аз қабл танзим шуда, дар чандин нишасту ҳамоишҳои байналмилалй масъалаи сохтани ду неругоҳи Камбарота дар Кирғизистон ва Роғун дар Точикистонро ба унвони таҳдид ба муҳити зисти минтақа матраҳ ва то чое муваффақ ба фазосозй дар ин замина низ шуд. Бо вучуд ин, давлати Душанбе аз аввалхои соли чории мелодй неругоҳи Роғунро тарҳи миллй эълом кард ва саҳмияҳои онро ба фуруш баровард.Аввалин вокуниши Узбакистон ба ин иқдом тавақкуфи вагонҳои дорои сузишворй, масолеҳи сохтмонй ва тачҳизот барои неругоҳҳои Точикистон дар қаламрави худ буд.Бар асоси оморҳои мақомоти точик, беш аз ду моҳ аст, ки ҳудуди 2 ҳазор вагони Точикистон бидуни ҳеч далеле дар қаламрави Узбакистон мутавақиф шудаанд ва зиёнхои бархоста аз ин амалкарди кишвари ҳамсоя 10 миллион доллар ба будчаи Точикистон баровард шудааст. Дар ин маврид Амонуллоҳ Хукуматуллоҳ, раиси муассисаи роҳи оҳани Точикистон дар як нишасти хабарй иттилоъ дод. Вай гуфт Узбакистон вайроншавии роҳи оҳан дар бархе манотиқро иллати тавқифи вагонҳои Точикистон эълом кард, аммо ҳозир нашуд ба мо ичоза диҳад, ки ин минтақаҳои осебдидаро таъмир кунем. Ҳукуматуллоҳ афзуд: тавақуфи вагонҳои мо бештар ангезаҳои сиёсй доранд, зеро аз ҳамон масир ҳамаруза қаторҳои мусофирбарй аз Русия ва Қазоқистон ба Точикистон меоянд.Ин мақоми точик иброз дошт, ки дигар баҳонаи Узбакистон дар манъ кардани вагонҳои Точикистон камбуди локомотив буд, аммо роҳи оҳани Узбакистон пешниҳоди моро дар мавриди истифода аз лукумотивҳои Точикистон напазируфт. Албатта вокунишҳои Тошканд ба иқдоми Точикистон дар мавриди такмили неругоҳи Роғун фақат дар манъ кардани вагонҳо хулоса нашуда, то барпойии тазоҳурот бар зидди фаъолияти корхонаи алюмини точик-аслитарин корхонаи саноатии Точикистон пеш рафт. Аҳолии навоҳии вилояти Сурхондарёи Узбакистон авохири моҳи март ва аввалхои моҳи апрел бо даъвати чунбиши экологии Узбакистон тазоҳурот барпо ва иддао намуданд, ки гарду ғубори корхонаи алюмини точик омили афзоиши бемориҳои мухталиф дар ин устон шудааст.Тазоҳуркунандагони узбак ҳатто барои мудати тулонй масири ҳаракати қатори Душанбе - Конибодом(аз марказ ба шимоли Точикистон)ро бастанд. Албатта давлати Душанбе низ барои руёруйи ба мухолифатҳои Тошканд дар мавриди сохтани неругоҳи Рогун, иқдомҳое анчом дод.Аз чумла дар порлумони Точикистон кумиссиюни экологй таъсис шуд, ки вазифаи аслии он ҳифозат аз иддаоҳои зистмуҳитии кишварҳои ҳамсоя алайҳи тарҳҳои иқтисодии Точикистон унвон шудааст. Дар ин миён вуруди коршиносони Бонки чаҳонй ба маҳалли сохтани неругоҳи Рогун чиҳати фароҳам кардани шароити бозрасии ин тарҳ, ба навъе бартарии Тошкандро дар муборизоти дипломатй алайҳи тарҳҳои энергетикии Точикистон нишон медихад. Зеро Душанбе чунин амреро ба шарти бозрасии тарзи истифодаи об дар Узбакистон карда буд, аммо коршиносони байналмилалй иқдомро аз Точикистон шуруъ кардаанд, ки ин амр баёнгар аз пирузии дипломатияи узбак мебошад. Хамин тавр саввумин нишасти кумиссиюни байниҳукуматии Точикистон ва Узбакистон дар шароити начандон матлубе барои ду кишвари ҳамсоя, баргузор мешавад.Бисёре аз коршиносон дар таҳлилҳои худ аз шакли робитаҳо миёни Точикистон ва Узбакистон, сардии ба вучудомадаро бархоста аз талошҳои Ислом Каримов барои табдил шудан ба «раҳбари минтақа» медонанд. Ҳамин коршиносон мегуянд, Тошканд дар ростои таҳмили хостаҳои худ ба ҳамсоягон, дар бисёре аз мавридҳо манфиатҳои Точикистонро нодида гирифтааст. Давлати Душанбе, ки дар солҳои чанги дохилй ногузир ба пазириши бархе аз дидгоҳҳои Тошканд буд, бо бозгашти суботу амният ба Точикистон, ба тадрич бар он шуд, ки сиёсатҳои мустақил ва дар чорчуби манфиатҳои миллй ва давлатиро дунбол кунад. Ҳарчанд ин сиёсатҳо дар ҳеч марҳалае алайҳи Тошканд набудаанд, аммо доираҳое дар Узбакистон аз он бим доштан (ва доранд), ки коҳиш ва дар ниҳоят рафъи вобастагиҳои Точикистон аз Узбакистон, метавонад ба ҳадафҳои стротегии Тошканд дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй латма ворид кунад. Чонибдорони ин дидигоҳ таъкид мекунанд, ки талоши Узбакистон барои дар вобастагй нигоҳ доштани Точикистон ва Қирғизистон баргирифта аз стротегияи давлатмардони ин кишвар дар ростои таҳмили сиёсатҳо ва хостаҳои худ ба ҳамсоягон аст. Бо вучуди ин ҳама мушклот, азми Душанбе ва Тошканд чиҳати баргузории саввумин нишасти кумиссиюни байниҳукуматй, баёнгар аз ин аст, ду ҳамсоя ба тадрич ба дарки ин воқеият мерасанд, ки худ метавонанд беҳтар аз ҳар миёнчии дигаре ба мушкилот дар равобит расидагй ва роҳи ҳалҳое барои он пайдо кунанд.Ин амри начиб аз як су дасти қудратҳои фурсатталабро чиҳати мудохила дар умури минтақа кутоҳ ва аз суи дигар заминаҳои ҳамгароиҳои бештарро дар миёни кишвархои минтака фароҳам хоҳад кард.
Просмотров: 952 | Добавил: did | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Апрель 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz