Гули ман, баҳор мекун, ба баҳори нав расидем Зи ғамон фирор мекун, ба баҳори нав расидем Гули сабзаро биёвар, зи чаман ба мулки сина Ҳаваси хумор мекун, ба баҳори нав расидем Сари зулф бод медеҳ, гули лаб ба ханда во кун Дили мо шикор мекун, ба баҳори нав расидем Ба сипоси ин саъодат, ба тавофи куйи У рав Назаре нисор мекун, ба баҳори нав расидем
|