Дар сина дил ситезад, омад бахор бе ту Об аз ду дида резад. омад бахор бе ту. Бе киблагоху бе ту, дар зери гардуни дун, Шодй зи ман гурезад, омад бахор бе ту. Дар пуштаи мазорат, дар водии хамушон Имруз сабза хезад, омад бахор бе ту. Дишаб, ки мегиристам дар гурбати ятимй, Борон ба шиша мезад, омад бахор бе ту...
|