Биё, гули бахориям,
Биёву аз вучуди ман хазонро бирон Бахорро биёвару канори ман бимон Биёву накхати бахориро ба калби ман бирез Ва хайли яъсро, ки хастии маро асир кардааст Маро даруни чолахои харза пир кардааст Зи ман зудо Чавонахои эътимоду эътикодро дубора рухи ишк биде(х) Дами масехие бизан Маро зи "ман" бикун чудо
Биё, гули бахориям Суроги ман бигир , ки фурсати дубора рустан аст Ва фасли интизори сабзро мачоли чустан аст Биё, ки Юсуфи умедро зи чох берун оварем Азизи Мисрро ба дашту хомун оварем Ва хуни лоларо ба гургхо дихем Ки пирахан зи атри ишк лолагун шавад Ва чохи кина сарнагун шавад
Биё, гули бахориям Маро ба боли бодхо нишон Зи ёли ёдхо рахон Ки хаста шуд дилам зи хотирот Ки дар замирашон ба чои зиндагй мамот Хама пур аз дарегу нолаанд Чу киштихои по ба гил Ки "ох" нохудояшон Ба хукми як зуболаанд
Биё, гули бахориям Биё, ки дер мешавад Биё, ки шохахои сарви интизор Ба сина тир мешавад ...Хучаста пир мешавад
|