Главная | Регистрация | Вход | RSS Вторник, 30.04.2024, 02:42
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » Архив материалов
Чу шаб фаро расид
Қаробати ду лаб фаро расид
Ситораҳо ва Каҳкашон назорагар шуданд
Ки дар замини бекарон шаҳомате ачаб фаро расид
Фироқу дурй аз миёна пар кашиду рафт
Ва базми тобу таб фаро расид
Тараб фаро расид
Просмотров: 573 | Добавил: did | Дата: 11.03.2010 | Комментарии (0)

Дар ҳавоят гиря кардам
Аз ту бишнидам шикоят, гиря кардам
Гуфтй, муҳточи дуои, то раҳй аз мушкилот
Ру ба осмонҳо намуда, хонда аз чон дуоят, гиря кардам
Зиндагй афсона ҳасту ҳам гахе руъёву хоб
Чун бигуфтй ин ривоят, гиря кардам
Аз бароят гиря кардам
Просмотров: 1400 | Добавил: did | Дата: 10.03.2010 | Комментарии (0)

Зулолро дуруд
Ба аҳли дил, камолро дуруд
Чаҳони шоирй сафои дигаре гиирфт
Ба руҳи шеъри порсй, нумуи болро дуруд
Кунун уручи тоза мекунад ба Каҳкашон фасоҳати каломи мо
Қасида, маснавй, ғазал...бигу, ки аҳли ҳолро дуруд
Ва нойи Мавлавй навои дигаре гирифт
Ки Шамси безаволро дуруд
Зулолро дуруд
Просмотров: 561 | Добавил: did | Дата: 08.03.2010 | Комментарии (0)

Шайтон
 
Шайтон
Расида буд
То шайтанат кунад
Манро зи роҳи мустақим
Осон ба доми ғафлат афканд.
Ё Раб, биҳй настаъин
То бори чандумин
Иблис шавад
Рачим
Шом
 
Шоми ҳичобй буд
Чашмони моҳи шабрав обй буд
Афсонаи ... Читать дальше »
Просмотров: 1003 | Добавил: did | Дата: 26.02.2010 | Комментарии (0)

                         
                           Хоби ман аз сар парид
              Парру боли хоби манро кас надид
Просмотров: 690 | Добавил: did | Дата: 18.02.2010 | Комментарии (0)

                           
                            Бахор мерасад
                    Бахори лолазор мерасад
Просмотров: 1291 | Добавил: did | Дата: 17.02.2010 | Комментарии (0)

                      Ман дар канори ту
               Масти ду дидаи хумори ту
      Аммо дарегу сад дарег аз ин нумуи ишк
Бо буи сифлагон шуда олуда муаттар бахори ту
       Инак муроди ишк мачу аз дили кавир
               Дигар касе нагашт ёри ту
Просмотров: 945 | Добавил: did | Дата: 17.02.2010 | Комментарии (0)

Вақте ки теғи уфуқ
Нони хуршедро пора мекард,
Суфраи осмон
Барои кулчаи ситораҳо
Просмотров: 675 | Добавил: did | Дата: 11.02.2010 | Комментарии (0)


Эй чони ман, чони маро бетоб кун, бетоб кун,
Дар руди эҳсосу чунун, ғарқоб кун, ғарқоб кун.
Нуру зиёро барфишон бар тору пуди ҳастиам,
Дар мулки тори синаам маҳтоб, кун, маҳтоб кун.
Аз олами бехобиҳо манро раҳо кун соате,
Дар бистари оғуши худ дар хоб кун, дар хоб кун.
Манро ки ҳастам ташначон, ҳам ташнадил, ҳам ташнаком,
Аз шарбати лабҳои худ шодоб кун, шодоб кун.
"Ман"ро бикуш дар ман ва худ, то ман ва ту як "мо" шавем,
Моро фидои нашъаи ноёб кун, ноёб кун.
Арчй ҳаё вочиб бувад дар маслаки дилдодагон,
Як лаҳза тарки қолаби одоб кун, одоб кун.
Просмотров: 913 | Добавил: did | Дата: 04.02.2010 | Комментарии (0)

Ин шаби торики бе моҳ
Роҳро гум кардааст,
Менадонад равзани фардо кучост,
Мезанад худро ба бому панчара
То суроғи роҳи фардоро бигирад.
... Читать дальше »
Просмотров: 821 | Добавил: did | Дата: 31.01.2010 | Комментарии (1)

« 1 2 ... 9 10 11 12 13 ... 15 16 »

Категории раздела

Сиёсат [0]
Дипломатия [0]

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Апрель 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz