Вакте ки пардаи губоролуди гуруб
Девори хонахоро дар хеш мепечад
Ва соя тулуъ мекунад,
Ин лахзаи таваллуди шаб аст
Ва марги як рузи дигар.
Оё дар ин ойина худро мебинй?
Азизи ман,
Дар ин гуруб гурури хешро бикуш,
Ва аз кавири хокистарии такаббур
Ба чангали сабзи такбир боз о!
Боз о, ки дарахтони бокираи ҳастиро
Хомилаи шукуфаи ишк кунем,
Дар шонахои худ - шохахои ин дарахт,
Шабнамхои сахарзоди умедро чило дихем
Ва аз ин булур Бодаи ишк бинушем.
Боз о, ки дар чодахои сарнавишт
Ман дар ту
Ва ту дар ман
Гум шавем
Ва сарнавишти мо афсонае дигар шавад.
|