Осмон дар оби дарё хушк буд
Абрҳо - гарду ғубори чодаҳои интизор
Шамси дар ҳоли ғуруб -
Ойинаи чашмони чор
Ашки ман дар пуштаи хоки падар
оташ гирифт,
Дуди оҳ аз турбати модар
чаҳонро тира кард
Ман даруни чисми худ мадфун шудам,
Сояе аз ман даруни растаҳо лангар бизад.
Осмони хушк аз дарё раҳид
Офтоб шуд нопадид,
Зери ин гардуни пир
Баҳр шуд ҳамчун кавир
Абру боронро аз ин пас
Кас надид...
|