Барои кадами мубораки Мухаммадрафеъ ва шодихои Бузургмехр ва Мухаммадалй, наберагони ширини ман
Ман дар гули рухсори ту буи бахорон додаам, Андар садои гиряат, начвои борон дидаам. Хуш омадй, эй руйи ту ойинаи руйи Худо, Руйи Худо дар руйи ту хамчун бахорон дидаам. Хар шаб фаришта мерасад аз осмон бар махди ту, Он кудсиёнро гирди ту шабзиндадорон дидаам. Эй кош мешуд лахзае ман мебудам дар чойи ту, Андар хаёлам хешро дар базми ёрон дидаам.
|