Эй беғам, эй азиз, ҳоло кучои Ту?
Хун мешавад дилам ҳар дам барои Ту.
Эй он ки рафтаи аз ман ба қиссаҳо,
Гум кардаам дареғ, ман изи пои Ту.
Дар хобҳои шаб мебинамат гаҳе,
Бедор мешавам,аз ҳой-ҳои Ту.
Ман дар Ту гум шудам,ё гум намудамат,
Ту мотами манй, ё ман азои Ту?
Ман аз Ту рафтаам, аммо Ту бо манй,
Дар шеърҳои ман ҳарфу ҳичои Ту.
Эй кош мешудй чун сеҳру чодуе,
Дар қоб мешудам як дам ба чои Ту!
|