Лабханди ту бедор кард Дар ман чавонии маро Ними нигохат ру намуд Ишки нихонии маро
Ох эй зан, эй бонуи ман Оташ задй бар пайкарам Мехониву мерониам Бошам?Ва ё ки бигзарам?
Лабхои масти бусаат Бар суи ту мехонадам Аммо камони абруят Бо маъние меронадам
Харфу хичоям лухт шуд Аз хандаи лабхои ту Худро хаёлй мебарам Бар хилвати шабхои ту
Манро магу бегонае Эй хамдили дерин, биё Бо нардбони ишки ман Аз кибри худ пойин биё!
|