Чони ману чони ту қарин, эй чашма Мову ту ғариби ин замин, эй чашма Мо зодаи куҳему фирорй аз у Аз модари худ гушанишин,эй чашма Дар ҳасрати хонаи падар месузем, Ожанги чудойи дар чабин,эй чашма Ойинаи андуҳи мани чун хоҳар Бо ҳастии ман шуда ачин,эй чашма Умрест, ки саргузашти мо мехонй, Бо нолаю бо савти ҳазин,эй чашма То гардиши моҳу шамс бошад, бошй Дар ҳалқаи куҳ чун нигин,эй чашма.
|