Ҳар бахор
Дар истгоҳи зиндагй
Интизорам:
-Кош имсол
Дар рикоби абрҳои нуқрайи
Боз ояд модарам
Буқчае дар даст шоду бо нишот
Биншинад дар гушаи кат.
Бачаҳоям хамчу чуча
Даври домонаш ба ҳам даъво кунаанд,
Ҳар яке гуяд:
-Буқча моли ман
...
Истгоҳи зиндагй
Хилват асту холй,
Аммо
Чашм бар рохам ,ки
шояд дар қатори турнаҳо
Мерасад аз раҳ падар
Кулабораш пур зи нони ширмол,
Себу зардолуи бозори Хучанд,
Пиставу ҳам каллақанд.
Мепарем чун шаҳпарак бар суи у
Буса мегирем зи дасту руи у
-Ҳадяам те,
-Ъадяам те.
...
Абр омад,
Корвони турнаҳо бигзашту рафт,
Обхо дар чуйхо чорй шуданд,
Сар кашиданд сабзахо аз қалби хок,
Сад дарего!
Модарам пайдо нашуд,
Аз падар ҳам на нишону на хабар.
Ман хамегуям ба худ:
Аз катор чо мондаанд,
Боз хам парвоз кансел шуд.
...
Ҳамчунон дар истгохи зиндагй
Чашм бар рохам.
То ки рузе мерасад аз раҳ қатори холие
Мебарад бо хеш манро.
|