Ба чашми нимамасти худ ба ман нигоҳ мекунй
Маро ба ғамза мекушй, чаро гуноҳ мекунй?
Дар ин замона хандаро ба дорҳо кашидаанд,
Ту ханда медиҳй ба ман, чй иштибоҳ мекунй.
Чу мерасй ба хилватам, ба лутфи бусаҳои худ
Вуҷуди хастаам пур аз ҷалолу ҷоҳ мекунй
Ба марзи боғи пайкарат ба буса гул шинондаам
Ҳануз дар хаёли ман ту "оҳ – оҳ" мекунй
Намешавй ту ёри ман, вале ба ишқи шарқиат
Ба шеъру ёди руйи худ маро никоҳ мекунй
Маликаи ғаюри ман! надорй бим аз касе
Ба тахт мешинониям, маро ту шоҳ мекунй
|