Туро чу ёд мекунам, чаҳон мешавам, Худо
Канори Ту расида бе карон мешавам, Худо
Сифоти Ту ки мебарам, замин мешавад само
Дар ин миёна ҳамчу Каҳкашон мешавам, Худо
Туро садо намекунам, чу худ ҳамеша бо манй
Манам, ки гаҳ-гаҳе зи ту ниҳон мешавам, Худо
Агар гаҳе зи фарти яъс, дилам шикасту пора шуд
Ба Ту паноҳ бурда пур-тавон мешавам, Худо
Набудй-чозиба кучо? Ту ҳастй-ҳаст чозиба
Ки аз Ту суи Ту чунин равон мешавам, Худо
Маро зи худ марон, ки ман ғубори даргаҳи туам
Ва бо Ту дар худийи худ аён мешавам, Худо
|