Вайронаро монам гаҳе Холй зи май паймонаро монам гаҳе Бо ин ҳама дилбастагй бо ҳамзабону ҳамдилон Дар чамъашон бегонаро монам гаҳе Бехонаро монам гаҳе
Моро зи мо бибридаанд Аз дида чун нуру зиё бибридаанд Бигрифта обу хоки мо, аз реша дур андохта, Бо фитнаву реву риё бибридаанд Бо сад чафо бибридаанд.
Акнун, биё бо ҳам шавем, Якчо шавем, чун қатра дар ҳам зам шавем Дар сарзамини Ориён, орй шавем аз марзҳо Мехмони хони хонаи Рустам шавем, Сармасти чоми Чам шавем
|