Хобам наомад то сахар, имшаб чу шабхои дигар
Ман будаму билишти тар, имшаб чу шабхои дигар
Акси рухи моми азиз дар оби чашмам хушк буд
Ман ру ба руяш чун хачар, имшаб чу шабхои дигар.
Мегуфтам, эй модар чаро манро чунин кардй рахо
Бибриди аз ман болу пар, имшаб чу шабхои дигар
Бар Кахкашонхо сар задам, шояд, ки дар ин бекасй,
Ёбам нишоне аз падар, имшаб чу шабхои дигар.
Бе ту гарибам, эй падар, ман бехабибам, эй падар,
Дар кайди ин дахри дудар, имшаб чу шабхои дигар
.....