Главная | Регистрация | Вход | RSS Понедельник, 30.12.2024, 19:52
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2009 » Сентябрь » 1 » Даргирихо дар калби Узбакистон
15:07
Даргирихо дар калби Узбакистон
Чумхурии Узбакистон дар холе 18-умин солгарди истиклоли худро тачлил кард, ки пойтахти ин кишвар тахти тадбирхои шадиди амниятй карор дошт.Дар остонаи ин чашни миллии Узбакистон шахри Тошканд бори дигар сахнаи даргирихои мусаллахона буд. Дар ин бора расонахои мухталиф хабархои зидду накизе мунташир намуданд, ки тибки маъмул сукути макомоти расмиро ба хамрох дошт. Бо ин хол, иттилои мавриди эътимоди бештар он буд, ки рузи 29 август дар минтакаи "шахри кухна"-и пойтахти Узбакистон, дар наздикии масчиди "Кукча" байни чанд фарди мусаллах ва нирухои пулис даргирии мусаллахона ба вукуъ пайваст. Хабархои тасдикнашуда аз кушта шудани 3 то 6 нафар хикоят доранд.
хамчунин гуфта шуд, ки хамзамон бо ин дар чанд минтакаи шахри Тошканд даргирии афроди мусаллах бо нерухои интизомй руй дод. Дар пайи ин ходиса нерухои амниятй ва интизомии узбак вориди амал шуданд ва минтакахои "ноором"ро ба мухосираи шадид дароварданд. Аз чумлаи арзёбихо аз ходасахои Тошканд он аст,ки кормандони милисаи узбак барои тафтиши ду фарди шубханок вириди як бинои истикоматй мешаванд, аммо ин афрод дарро боз намекунанд ва хамин тавр тирпарронй байни ду тараф огоз мешавад. Дар ин арзёбй ин ходиса "амалиёти махсус" унвон шуд.
Бо таваччух ба ин ки даргирихои Тошканд дар остонаи рузи истиклоли Узбакистон иттифок афтод, бозтоби густурдае дар расонахои минтакайи ва фароминтакайи дошт. Зеро сиёсати хафакон, ки давлатмардони узбак пеш гирифтаанд, ин интизорро таквият кардааст, ки ин кишвар дар нихоят аз дохил мунфачир хохад шуд. Ба иборати дигар,пешгуихо дар мавриди ин ки Узбакистон дар ояндае на чандон дур дастхуши нооромихо хохад шуд, даргирихои Тошкандро ба як паёмаде гайрикобили инкор табдил кардаанд. Бо ин хол руйдодхои Тошканд аз чанд зовия кобили арзёбй ва баррасианд.Аввал ин ки вукуи чунин ходисае дар остонаи чашни миллии Узбакистон ба он ишора дорад, ки нерухои мухолифи давлати Узбакистон ба ин восита аз худ дарак доданд ва талош карданд таваччухи чомаеи чахониро ба сиёсати худкомаи давлатмардони узбак чалб кунанд, то шояд ниҳодҳои байналмилалй дар ростои риояти хукуки башар Тошкандро таҳти фишорҳои бештаре қарор диҳанд.Дуввум, ин эҳтимол чой дорад, ки бастагони афроди таҳти боздошт ва шиканча дар зиндонҳои Узбакистон талош доранд бо ноором кардани кишвар ва таҳрики эҳсости мардум таваччуҳро ба поймолшавии ҳуқуқи инсон дар боздоштгоҳ ва зиндонҳои Узбакистон чалб кунанд ва нишон диҳанд, ки мухолифат дар ин кишвар ҳамчунон идома дорад. Саввум, нируҳои мухолифи Ислом Каримов, ки гуфта мешавад ахиран аз беморй ранч мебарад, ин барномаро тарроҳй караданд, то беҳосилии сиёсатҳои саркуби раиси чумҳури Узбакистонро ба намоиш гузоранд. Цахорум,тибқи риволи роич дар хадамоти амниятии бисёре аз кишварҳо, ин ходиса саҳнасозии мақомоти амниятии узбак буд, то бо ин баҳона битавонанд, мухолифони худро бештар саркуб кунанд ва фурсати тозае барои қудратнамойи дошта бошанд.(Харчанд ин бор дар ибтидои ҳодиса муҳри иттиҳом ба неруҳои исломй зада нашуд, аммо милисаи узбак бо таҳти контроли шадид гирифтани минтақаи ҳодиса ва тамоми маркази вилоят ва ноҳияҳо, қабл аз ҳама афроди ришдорро мавриди боздошт ва бозчуйи қарор додааст).Панчум, ин ҳодиса қудратнамойии доираҳое буд, ки мехоҳанд дар Узбакистон нуфуз дошта бошанд:қарори маълум давлати Тошканд бо пеш гирифтани сиёсати бозй бо қудратҳо, гоҳ ба тарафи Русия рафтааст ва гоҳе ба суи Гарб ба саркардагии Амрико. Чунин сиёсате табъи дили ҳеч як аз тарафҳои рақиб намебошад, аз ин ру ин қудратҳо бо вориди амал намудани афроди вобаста ба хеш ин паёмро доданд, ки метавонанд ҳатто дар қалби ин кишвар барномаҳои худро ба ичро гузоранд.Шашум ва ...
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2009 барои саввумин бор аст, ки Узбакистон дастхуши нооромиҳо мешавад. Нахуст, шаби 26 май афроди ношинос посгоҳи милисаи Хонобод дар вилояти Андичонро мавриди ҳамла қарор доданд ва рузона чанд таркиш дар шаҳри Андичон ба вуқуъ пайваст.Дар ин таърих нахустин ҳамлаи маргталабона дар Осиёи Марказй иттифоқ афтод.Дуввум, мохи август дар ноҳияи Бахмал, вилояти Чиззах даргирии мусаллаҳона миёни афроди ношинос ва марзбонони узбак руй дод.Саввум,руйдодҳои ахири Тошканд.
Ба назар чунин мерасад, ки сиёсатҳои пешгирифтаи давлати Тошканд ба бор нишастаанд ва ин кишвар дар раванди ташаннучи авзоъ қарор гирифтааст. Сарфи назар аз шарҳу тафсири сарони Узбакистон, ки ин бор низ шоҳиди он хоҳем буд,сиёсати диктотурй дар ҳеч шакле умри абад нахоҳад дошт, ҳамон гуна, ки таьрих шикаст ва фурупошии бисёр режимҳои диктотуриро дар ҳофиза дорад.Аммо дар марҳалаи кунунй зоҳиран давлати Тошканд тавонистааст дар доираҳои мухолифи хеш нуфуз кунад ва фаъолиятҳои ононро тибқи майлу иродаи хеш пеш бибарад.Бо ин вучуд чунин сиёсате дар дарозмуддат корсоз нахоҳад буд. Дар ин миён набояд нодида гирифт, ки хадамоти махсуси кишварҳои ғарбй ва Русия низ дар созмону ниҳодҳои мухолифи давлати Тошканд то ҳадди қобили мулоҳизае нуфуз доранд ва қодиранд дар мавридҳои зарурй аз омилони хеш дар ин созмонҳо барои пешбурди ҳадафҳояшон дар Узбакистон истифода кунанд. Аз суи дигар, гуфта мешавад, ки фаъолияти бо ном афроди Ҳаракати исломии Узбакистон дар Точикистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя чизе чуз пешбурди барномаҳои хадамоти вижаи давлати Тошканд дар ростои барномаҳои стротегиаш дар минтақа нест. Чудо аз ин ҳама руйкрдҳои шеваи кунунии мақомоти узбак дар бархурд бо мухолифони хеш ва умуман дигарандешон, чизе чуз бозй бо оташ таъбир намешавад.
Просмотров: 897 | Добавил: did | Рейтинг: 5.0/2
Всего комментариев: 1
1 sabo  
0
Uzbekistonro mo nametavonem sahriki strategii kishavri khud nomid.Hamin tavr ne??

Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Сентябрь 2009  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz