Чумхурии Узбакистон дар холе 18-умин солгарди истиклоли худро тачлил кард, ки пойтахти ин кишвар тахти тадбирхои шадиди амниятй карор дошт.Дар остонаи ин чашни миллии Узбакистон шахри Тошканд бори дигар сахнаи даргирихои мусаллахона буд. Дар ин бора расонахои мухталиф хабархои зидду накизе мунташир намуданд, ки тибки маъмул сукути макомоти расмиро ба хамрох дошт. Бо ин хол, иттилои мавриди эътимоди бештар он буд, ки рузи 29 август дар минтакаи "шахри кухна"-и пойтахти Узбакистон, дар наздикии масчиди "Кукча" байни чанд фарди мусаллах ва нирухои пулис даргирии мусаллахона ба вукуъ пайваст. Хабархои тасдикнашуда аз кушта шудани 3 то 6 нафар хикоят доранд.
хамчунин гуфта шуд, ки хамзамон бо ин дар чанд минтакаи шахри Тошканд даргирии афроди мусаллах бо нерухои интизомй руй дод. Дар пайи ин ходиса нерухои амниятй ва интизомии узбак вориди амал шуданд ва
...
Идомаи матлаб>