Ҳафтаи гузашта порлумони Аврупо дар нишасти навбатии худ вазъи хамкориҳо миёни Иттиҳодияи Аврупо (ИА) ва Точикистонро мавриди баҳсу баррасй қарор дод.Масъалаи тасвиби Паймони мушорикат ва ҳамкории ИА бо Точикистон аз чумлаи мавзуъҳои мавриди гуфтугу дар ин нишаст буд.
Яке аз масоиле, ки баррасии он дар порлумони Аврупо ба мазоқи давлатмардони точик чандон хушоянд нест, вазъияти ҳуқуқи башар, риояти меъёрҳои демократия ва густариши фасоди молй дар сохторҳои ҳукумати Точикистон аст.Он чй мусаллам аст, он аст ки дар гузориши вижаи порлумони Аврупо дар мавриди ин масоил аз давлати Душанбе шадидан интиқод ба амал омадааст.Дар ин гузориш аз чумла аз поймолкунии ҳуқуқи занон, набуди истиқлоли амали додгоҳҳо ва монеаҳои фаровон дар сари роҳи фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматй ибрози нигаронии шадид ба амал омадааст.
Ҳарчанд дар гузоришҳои қаблии намояндагони Иттиҳодияи Аврупо аз Точикистон кишваре босубот аз нигоҳи сиёсй ёд шудааст, вале шеваҳои идораи ҳукумат, бархурд бо аҳзоби сиёсй, густариши рузафзуну фақру фасод ва ҳаракати ҳокимон ба суи худкомагй ҳамеша мавзуи баҳс дар равобити Душанбе ва Иттиҳодияи Аврупо будаанд.
Дархости Иттиҳодияи Аврупо аз Точикистон
Дар нишасти ахири ИА аз давлати Точикистон дархост шуд, ки дар ростои густариши ҳарчй бештари ҳамкориҳои дучониба, бо тачдиди назар дар сиёсатҳо ва руйкардҳои хеш, авзои сиёсй, иқтисодй ва ичтимоиро дар кишвар беҳбуд бахшад. Дар бахши иқтисодии ин дархост ба ин нукта ишора шудааст, ки густариши фасоди молй дар сохторҳои ҳукумати Точикистон ва раванди кунди ислоҳот монеи ҳузури фаъолтар ва созандатари иқтисодиву тичоратии ИА дар Точикистон шудааст.Ҳамин амр боис шудааст, ки дар тасвиби Паймони мушорикат ва ҳамкории ИА бо Точикистон таъхири тулонимуддат эчод шавад.
Бо ин ҳол баррасии авзои Точикистон дар порлумони Аврупо дар шароите, ки Точикистон ба интихоботи чадиди порлумонй омода мешавад, аз аҳамияти волое бархурдор аст.Аввал ин ки ИА бо тарҳи масъалаҳои назири риояти ҳуқуқи башар, озодиҳои демократй, фаъолияти ҳизбҳои мухолиф, озодии баён ва амсоли ин қасд дорад афкори умумиро дар чомеаи Точикистон ба сиёсатҳои хеш мутамоил кунад ва зимни таҳти фишор қарор додани давлати Душанбе, хостаҳои худро бар он таҳмил кунад.Дуввум, дар шароите, ки Чин ба тадрич набзи фаъолиятҳои иқтисодиро дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй ба даст мегирад, ИА бо таъкид бар тасвиби Паймони мушорикат ва ҳамкорй бо Точикистон, дар пайи он аст ҳузури фаъолтаре дар рақобат барои густариши нуфуз дар Осиёи Марказй дошта бошад ва сиёсатҳои Пекинро аз наздик тахти назорат қарор диҳад.
Пирузии дипломатияи узбак
Яке аз дигар нукоти чолиби таваччуҳ дар дархостҳои ИА аз Точикистон, таъкиди намояндагони Порлумони Аврупо ба давлатмардони точик ба пеш гирифтани сиёсати масъулона дар амри истифода аз захираҳои гидроэнергетикй аст. Дар ин замина ишора шудааст, ки Точикистон дар ростои бароварда намудани ниёзҳои худ ба энержй - сохти неругоҳҳо дар рудхонаҳои фаромарзй - бояд ба гунае амал кунад, ки манофеи кишварҳои поёноб осеб набинад. Албатта ичрои чунин дархосте аз тарафи Точикистон, ки дар шароити кунунй сохти неругоҳҳо танҳо роҳи ҳалли буҳрони энержй дар ин кишвар аст, мавзуи баҳси дигар аст,аммо тарҳи чунин мавзуе аз тарафи намояндагони Порлумони Аврупо баёнгар аз муваффақияти дипломатияи Тошканд аст.Яъне дипломатияи узбак бо бузургнамоии хатари неругоҳҳои дар ҳоли сохт дар Точикистон, дидгоххои худро дар ростои монеътарошй дар масири барномаҳои гидроэнергетикии Точикистон, ба ИА қабулонд.
Дар Точикистон аз ҳомиёни демократия дилсарданд
Дар остонаи шуруи омодагиҳои аҳзоби сиёсии Точикистон ба интихоботи порлумонии соли 2010, таъкиди ИА ба риояти принсипҳои демократй дар Точикистон ва фароҳамоварии шароит барои баргузории интихоботи шаффоф ва одилона зоҳиран ин ақидаро тақвият мекунад, ки кишварҳои аврупои аз шароити бади фаъолияти аҳзоби сиёсй ва наҳваи баргузории интихобот дар Точикистон нигаронанд.Аммо асли воқеа он аст, ки дар Точикистон дили гарме ба пуштибониҳои зоҳирии кишварҳои ғарбй надоранд.Зеро рушанфикрон ва аҳзоби сиёсии точик фиреби демократиябозиҳои Ғарбро хурдаанд ва тачриба кардаанд, ки кишварҳои гарбй фақат дар мавриде масъалаҳои риояти демократия, ҳуқуқи башар ва озодии баёнро матраҳ мекунанд, ки давлатҳо хилофи майлу иродаи онҳо амал кунанд. Дар шароити имруз аслитарин ниёзи кишварҳои аврупойи мусоидати кишварҳои Осиёи Марказй ба тронзити коло ва тачҳизоти гайринизомй ба Афғонистон аст. Ризояти Точикистон барои ҳамкорй дар ин масъала, мавзуъҳои марбут ба демократияро аз нигоҳи муддаиёни гарбии демократия пешопеш ҳалшуда тавсиф мекунад. Ба иборати дигар ин нукта собит шудааст, ки мавзуъҳои демократия ва ҳуқуқи башар дар сиёсати кишварҳои ғарбй шиор ва аҳраме беш нестанд, ки аз онҳо дар чорчуби аҳдофи хеш кор мегиранд.
Ғарб дунболи чй аҳдофе мегардад?
Яке аз далелҳои таваччуҳи ИА ба Точикистон он аст, ки дар марҳалаи кунунй кишварҳои аврупойии узви НАТО беш аз ҳар замони дигаре ниёз ба ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказй, аз чумла Точикистон доранд. Зеро нокомиҳои Ғарб дар ичрои барномаҳояш дар Афғонистон ва афзудани харочоти чанг, бар аҳамияти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон афзудааст.Дар мархалаи кунунй кишварҳои Осиёи Марказй аз арзонтарин ва мусоидтарин масир барои интиқоли колоҳои Ғарб барои неруҳои НАТО дар Афғонистон мебошанд.Чунин вазъе имкониятҳои бештареро барои кишварҳои Осиёи Марказй қарор додааст, то битавонанд аз Ғарб ба истилоҳ "бочхоҳй" кунанд.Табиист, ки дар чунин шароите муҳим канор омадани ин кишварҳо бо Ғарб аст, на риояти муқаррароти демократй ё озодии баён.
|