Сокинони вилояти Октеппа пешниҳод карданд, ки зимни бекор кардани ҳар гуна интихоботи раёсати чумхурй, Нурсултон Назарбоев раиси чумхури модом-ул-умри Казокистон эълом шавад.Ин матлаб дар маросими ифтитиҳи гулгашти Ваҳдат ва ҳамдилй, ки бо ҳузури раиси чумҳури Қазоқистон баргузор шуд, тавассути профессор Байдасов ироа гардид.Оқои Байдасов пешниҳд кард, ки дар ин замина ба қонуни асосй тағёроти зарурй ворид карда шавад.
Дар нисбати ин пешниҳод Нурсултон Назарбоев вокунише аз худ нишон надодааст.Қобили зикр аст, ки Назарбоеви 69-сола аз замони касби истиқлоли Қазоқистон дар соли 1991 то кунун дар ҳамаи интихоботи раёсати чумҳурй пируз омадааст.Вай барои охирин бор дар соли 2005 дар интихоботи раёсати чумҳурй баранда шуд ва замони раёсаташ дар соли 2012 ба поён мерасад.Аммо дар соли 2007 порлумони Қазоқистон бо тасвиби қонуне, ба Назарбоев ҳуқуқ дод, ки то поёни умр метавонад дар интихоботи раёсати чумҳурй ширкат кунад.Ин қарори порлумони Қазоқистон ва пешниҳоди мардуми Оқтеппа баёнгар аз ин воқеият аст, ки дар Қазоқистон чун дигар кишварҳои Осиёи Марказй раиси чумҳур ҳозир ба вогузории маснади раёсати чумҳурй нест.Ба истиснои Қирғизистон, дар дигар кишварҳои Осиёи Марказй раисони чумҳури ба истилоҳ модом-ул-умр дар сари қудрат қарор доранд.Ҳарчанд модом -ул -умр ба таври расмй фақат ба сафармурод Ниёзов, раиси чумҳури пешини Туркманистон дода шуд,аммо сарони дигар кишварҳои Осиёи Марказй дар асл бидуни ҳеч эълом ва тасвиби санаде барои ҳамешагй ба курсии раёсати чумҳурй часпидаанд.
Бо вучуди ин дар мавриди Назарбоев бояд гуфт,ки вай тавонист дар даврони раёсати хеш Қазоқистонро ба як кишвари муқтадир дар минтақа табдил диҳад ва мачоли чандоне барои интиқод ба мухолифон надиҳад.Ба иборати дигар Нурсултон Назарбоев тавонист дар як муддати на чандон тулонй осебҳои бархоста аз фурупошии Шуравй ба иқтисоди кишварро аз байн бибарад ва вазъи ичтимоию иқтисодии чомеаро беҳбуд бахшад. Дар натича рифоҳи мардум , яъне дарачаи маишатии мардум боло рафт ва ҳатто Қазоқистон бисёре аз муҳочирони кории кишварҳои ҳамсояро дар худ паноҳ дод.
Бо ин ҳол чабҳаи мухолифон комилан дасту по баста нест ва танқидҳоеро ба раиси чумҳур матраҳ намудаанд, ки аз чумлаи он фасоди молии домоди собиқи вай буд, ки дарди сарҳои калоне барои Назарбоев ба ҳамроҳ дошт.Бо ин вучуд Назарбоев дар чомеаи Қазоқистон ҳануз аз чойгоҳи лозим барои пирузй дар интихоботи оянда бархурдор аст.Вале ин ба маънии пойбандии масъулони ин кишвар ба баргузории интихоботи шаффоф ва ба дур аз қонуншиканиҳо нест, зеро ҳар бор пас аз интихобот эътирозҳое низ дар мавриди қонуншиканиҳо матраҳ шудаанд. Аз суи дигар Роҳат Алиев - домоди собиқи Назарбоев,ки дар хорич аз ин кишвар ба сар мебарад, ахиран таблиғоти густурдаеро зидди падараруси собиқи хеш ба роҳ мондааст.
|