Сайд омад
Сайёд расид
Шикор шуд.
Сабз омад
Сабза дамид
Бахор шуд?
Сабза помоли хазон
Бахор пушти дари бог маътал
Шикор - сигоре ба беша афтод
Беша аз андеша месухт
Бахор ба шикор дида медухт
Ва баъд
Гулхо ба мотами бахор нишастанд
Сайдхо камони сайёдро шикастанд