Омадй,
Хамчу хаёли сабзи ман
Дидамат,
Дар бозй омад набзи ман.
Чашмхоят масту бемор,
В-он ду лаб хамчун акик,
Комате сарви чамон
Хар хироме сад хавас дар батн
Хар нигохе хомили сад матн.
Рафтй,
Мондам хамчу тандисе абус
Дар канори дахмахои шахри Тус.
Гарди поят руи мижгонам нишаст,
Рузаи чашмам шикаст!