Главная | Регистрация | Вход | RSS Пятница, 26.04.2024, 04:19
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » Архив материалов
Ман садоямро шикастам дар сукут
То дигар бори гароне дар вучуди худ набошам
То рахо гардам зи худ
Бозсозам хешро аз тору пуд

Ман садоямро шикастам дар сукут
То танини нолаам дар ман бимирад
Ханда дар ман реша гирад


 
Просмотров: 788 | Добавил: did | Дата: 06.09.2009 | Комментарии (0)

 
Омадй,
Хамчу хаёли сабзи ман
Дидамат,
Дар бозй омад набзи ман.
Чашмхоят масту бемор,
В-он ду лаб хамчун акик,
Комате сарви чамон
Хар хироме сад хавас дар батн
Хар нигохе хомили сад матн.

Рафтй,
Мондам хамчу тандисе абус
Дар канори дахмахои шахри Тус.
Гарди поят руи мижгонам нишаст,
Рузаи чашмам шикаст!

Просмотров: 847 | Добавил: did | Дата: 02.09.2009 | Комментарии (0)

Дурихоро гиря кардам
Ашкхо фарёд карданд
Бумиён аз рах расиданд
Рохиён бедод карданд.

Киштахо чун куштахо бемухтаво
Дурихо дар коби чашмонам асир,
Сабзaхо ранги худ аз даст додаанд
Хира андар Кахкашон мохи мунир.

Дурихоро гиря кардам,
Мавчхези ашки ман туфонй шуд.
Хандахои логарам дар ман фусурд,
Шуълаи умед мурд
Ончи ки рахмонй буд
Шайтонй шуд.

Просмотров: 624 | Добавил: did | Дата: 28.08.2009 | Комментарии (0)

Сайд омад
Сайёд расид
Шикор шуд.
Сабз омад
Сабза дамид
Бахор шуд?

Сабза помоли хазон
Бахор пушти дари бог маътал
Шикор - сигоре ба беша афтод
Беша аз андеша месухт
Бахор ба шикор дида медухт

Ва баъд
Гулхо ба мотами бахор нишастанд
Сайдхо камони сайёдро шикастанд


Просмотров: 778 | Добавил: did | Дата: 27.06.2009 | Комментарии (1)

Дар куйи ту кучахо хама бунбастанд,
Дар муйи ту бодхо хама сармастанд.
Дар руйи ту моххо хама дар хола
Дар чуйи ту обхо хама ях бастанд...
Просмотров: 709 | Добавил: did | Дата: 02.06.2009 | Комментарии (1)

 
Шаб рушан буд
Мо пахлуи хам
Дур аз гам
Ва рахо аз бахси Чуну чанд
Насим атри муйи туро мепароканд
Ва ин ойинае буд аз ояндаи мо
Ки медидем ва менадидем
Ва ... то ин чо расидем

 
Просмотров: 677 | Добавил: did | Дата: 24.05.2009 | Комментарии (2)

Биё, гули бахориям,

... Читать дальше »

Просмотров: 876 | Добавил: did | Дата: 19.05.2009 | Комментарии (1)

(Дар ҳошияи як шеър)

Просмотров: 667 | Добавил: did | Дата: 17.05.2009 | Комментарии (1)

 
Хавас хо дар чахони ботили андешахоят
Хама рахмониро дар хастии бе хастаат
Додаанд бар бод.
Саропои вучуди ту нишемангохи шайтон аст
Ва пиндорй
Часурона паёми ишк мегуйи
Мароми ишк мепуйи.
Вале эй дод,
Эй бедод!
Хама он вожахои лухту урён,
Ки аз чашмони хар хонанда мешарманд,
Факат заъфи ту мегуянд.
Азизам, ... Читать дальше »
Просмотров: 989 | Добавил: did | Дата: 14.05.2009 | Комментарии (1)

Ман сархушам аз бодаи чоми Ахмад,
Рохе наравам ба чуз мароми Ахмад.
Ё Рабб, ба Ту гуфтаам, хамегуям боз,
Чону дили ман фидои номи Ахмад.
Ё раб, ба Мухаммадам карин мегардон,
Пурнури Мухаммад ин замин ме ... Читать дальше »
Просмотров: 798 | Добавил: did | Дата: 14.05.2009 | Комментарии (0)

« 1 2 ... 12 13 14 15 16 »

Категории раздела

Сиёсат [0]
Дипломатия [0]

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Апрель 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz