Калоба,
Риштаи чиркини буғзу кина дар дастат
Ки то кам мешавад
Афзуда мегардад,
Мекунад пастат.
Ту пиндорй, ки як олим,
Донишманд,
Пажуҳишгар,
Муҳаққиқ
Ва гуё "ҳочй" ҳам ҳастй,
Вале ҳайфо!
Зи гудоли
Ҳасодат,
Кинатузй,
Худфурушй... во нарастй!
Калоба
Рузу шаб дар дасту дил торик
Мепечй ба даври худ:
Чаро он як муваффақ шуд?
Чаро он дигарй пулдор?
Чаро он хонааш ободу мошин зери по драд
Ва бо хешу табороноаш сафо дорад?
...мепечй, месузй
Ва ҳарфи хонаро
Бар худу бегона мегуйи.
На чун инсон,
Ки чун девона мегуйи.
Калоба,
Риштаи ғайбат
Мепечй ки мепечй.
Ту гоҳе шеър мегуйи
Ки гуё шоире ҳастй.
Вале, ҳайфо
Ки шеъру шоирй бадном шуд аз ту!
Ҳама ҳарфу ҳичоят туҳмату рашк аст,
Чу оби фосиду гандида дар машк аст.
Биё, боре тааммул кун
Ин "будан", ки уро "зиндагй" гуйи
Бароят маъние дорад?
Ту онеро, ки то дируз мегуфтй
Ба "20 тин" мефурушад ҳастии худро
Ва моро барҳазар медоштй аз у,
Кунун ороми чону маҳрамат гаштаст
Ва хоки пойи у бар дида мемолй
Ва назди уву авлодаш
Чу буз аз бастагони хеш менолй.
...
Калоба
Дилам бар ҳоли ту месузад, аммо
Ту худ худро чунин бинмудайи
Шармандаву расво!
|