Суханони раиси чумхури Точикистон дар дидори чамъе аз намояндагони расонахои иттилоотии ин кишвар, бозтоби густурдае дар доирахои расонаи ва хабарй Русия пайдо кард.Эмомалй Рахмон дар ин мулокот, ки рузи 8 декабр баргузор шуд, аз чумла аз амалкарди хамтои узбаки худ интикод ва бино ба навиштаи нашрияхои русй, зимнан ишора намуд, ки ба Ислом Каримов дар яке аз руёруихои лафзй таъкид кардааст, ки Самарканду Бухороро бозпас мегирем. Ин суханони раиси чумхури Точикистон фурсти муносибе шуданд барои доман задан ба суитаблигот ва таъсиргузорй бар равобити кишвархои хамсоя, хамчунин тахкиру тавхини миллати точик ва шахси раиси чумхури ин кишвар. Банда харгиз касди вакили мудофеъ шудан барои шахси Эмомалй Рахмонро надорам. Барои ин кор ниходхои конунй фаъолият мекунанд. Аммо матлаби сойти интернетии Сегодня. ру маро ба навиштани ин сатрхо водошт. Дар ин макола, ки «Рахмон в поход собрался» унвон дорад, рафтори раиси чумхури Точикистон накухиш ва аз Маскав дархост шудааст барои сари чояш шин
...
Идомаи матлаб>