Расонахои иттилоотии Точикистон дар бораи сафари намояндагони ширкати «Точиктрансгаз» ба Тошканд ва эхтимоли пойин омадани нархи гази воридотй аз Узбакистон хабару гузоришхои гуногуне мунташир намуданд. Дар голиби маворид ба натичахои ин сафар хушбинона менигаристанд ва тахмин мезаданд, ки кишвари хамсоя бо таваччух ба пойин омадани кимати газ дар бозорхои чахонй, нархи гази содиротй ба Точикистонро барои хар 1000 метри мукааб аз 240 доллари кунунй ба 170 доллар кохиш хохад дод. Аммо хайати точикистонй аз Тошканд бо дастони тихй баргашт.Тарафи узбак хозир нашуд хостахои Душанбе дар мавриди пойин овардани нархи газро бипазирад. Чузъиёти бештаре дар бораи мавзуи музокироти тарафхои узбак ва точик мунташир нашудааст, аммо шак нест, ки масъалаи истифода аз оби рудхонахои фаромарзй бар руи масъалаи содироту воридоти газ соя афкандааст. Карори маълум
...
Идомаи матлаб>