Рузи душанбеи 14 декабр дар Туркманистон маросими пуршукухи ифтитохи хати лулаи интиколи гази Осиёи Марказй ба Чин баргузор гардид. Бо хузури Ху Чин Тао, раиси чумхури Чин, Нурсултон Назарбоев, раиси чумхури Казокистон, Курбонгулй Бердимухаммадов, раиси чумхури Туркманистон ва Ислом Каримов, раиси чумхури Узбакистон хати лулаи гази Туркманистон - Чин ба фаъолият оғоз кард. Дар ин маросим сарони кишвархои мазкур ибрози итминон карданд, ки ин хати лула ба навъе чодаи кадимии арешимро эхё ва ба хамгаройии харчй бештари кишвархои минтака мусоидат хохад кард.Раисони чумхури Туркманистон ва Узбакистон дар суханони худ дар ин маросим бо эхсосот дар бораи "дурнамои дурахшони" тархи интиколи гази Осиёи Марказй ба Чин орзухои баландпарвозонае намуданд. Аз чумла раиси чумхури Узбакистон ангезахои Маскавгурезии худро пинхон надошт ва таъкид кард
...
Идомаи матлаб>