Бар асоси иттилои сафорати Чумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси чумҳури Эрон рузҳои 6-7 январи соли 2010(16-17 даймоҳ) дар чорчуби як сафари расмй, аз Точикистон боздид хоҳад кард.Интизор меравад тайи ин сафар музокирот миёни мақомоти олирутбаи ду кишвар дар масоили иқтисодй, тичорй ва фарҳангию илмй анчом шуда, чанд санади ҳамкорй миёни тарафҳо ба имзо расад. Нигоҳе ба раванди муносибот миёни Чумҳурии Исломии Эрон ва Точикистон баёнгар аз он аст, ки муносиботи ду кишвар дар бахшҳои сиёсй, иқтисодй,фарҳангй ва тичорй бо пуштивонаи вучуди иштирокоти фаровони фарҳангй, таърихй, динй ва забонй аз замони истиқлоли Точикистон дар 18 соли пеш то кунун, ҳамвора масири пешрафтро паймудааст. Зикри ин нукта дорои аҳамият аст, ки то ин дам баргузории ҳафт ичлоси кумиссиюни муштараки
...
Идомаи матлаб>
Просмотров: 614 |
Добавил: did |
Дата: 28.12.2009
|
|
|