Дар пайи муомилаи ахире, ки миёни Гарб ба саркардагии Амрико ва Узбакистон анчом шуд,аз чумла бархе аз мухолифони давлати Тошканд мавриди афв карор гирифтанд.Санчар Умаров, ки дар махофили мухолифи Ислом Каримов чехраи чандон матрахе набуд, 7 ноябри соли чорй аз махбас озод шуд.Надежда Отаева раиси созмони порисии «Хукуки инсон дар Осиёи Марказй» ин икдоми раиси чумхури Узбакистонро «бозй дар чавоби бозии Гарб» арзёбй кард.Яъне хамон гуна ки Гарб бо лагви тахримхо мехохад Узбакистонро ба чархаи сиёсатхои хеш дохил кунад, Тошканд низ вонамуд мекунад, ки хостахои Гарбро тахакук хохад бахшид. Ба эътикоди мунтакидони сиёсатхои Ислом Каримов, ин икдомхо хеч тагйире дар амалкарди рахбари худкомаи узбак эчод нахоханд кард ва Гарб низ огохона вориди ин бозй шудааст.Зеро имруза манофеи Гарб эчоб мекунад, ки бо Тошканд канор ояд, то битавонад рохбурдхои худ дар минтакаро дунбол кунад.Аз суе ракобати кудратхо барои нуфуз дар минтакаи стротегии Осиёи Марказй, хама гуна тахримхо алайхи сарони ин минтакаро беасар кардааст ва дар холе ки кишвархои гарбй ба манзури мучозоти Ислом Каримов ба хотири катлиоми Андичон, аз давлати Тошканд фосила гирифтанд, дигар кишвархо назири Чин, Русия, Кореяи чанубй ва ... вориди амал шуданд ва чои холии Гарбро пур намуданд. Яъне аз ин тахримхо такрибан хеч зарару зиёне мутаваччехи Узбакистон нашуд. Акнун Гарб бар он шудааст, ки на ба фикри мухолифони зиндонии узбак ва озодихои шахрвандй дар ин кишвар бошад, балки хадафхои вокейии худро дунбол кунад.Узбакистон низ дар ростои бароварда намудани хостахои Гарб, вонамуд кардааст, ки икдом ба озодсозии зиндониёни сиёсй намудааст. Санчар Умаров фаъолиятхои худ дар Узбакистонро ба дур аз ангезахои сиёсй ва сирф дар бахши молй огоз намуд. Аммо ба тадрич ва дар пайи афзудани сармояаш ба бозихои сиёсй ворид шуд.Вай бо эъломи мубориза алайхи фасоди молй, аз хукумат такозои ислохоти иктисодй намуд.Баъдан, дар пайи ходисахои Андичон (мохи майи соли 2005)аз бархурди хушунатомези сохторхои давлатй бо тазохуркунандагон шадидан интикод кард.Санчар Умаров бо пуштибонии доирахои мухолифи Ислом Каримов хизби мухолифи «Эътилофи офтобй»-ро таъсис дод ва аз дархости Амрико ва соири кишвархои гарбй мабнй бар тахкикоти мустакилонаи хаводиси Андичон, пуштибонй кард.Бо ин вучуд дар мохи октябри соли 2005 Санчар Умаров ба иттихоми иктисодй, на сиёсй боздошт шуд.Бо ин икдом давлати Тошканд, ки дар он мактаъ тахти фишорхои шадиди кишвархои гарбй карор дошт, мехост вонамуд кунад, ки коре ба фаъолиятхои сиёсии мухолифон надорад. Додгох Санчар Умаровро ба 10 сол зиндон ва пардохти 8 миллион доллар хисорот ба хотири он чи «чиноёти иктисодй» унвон шуд, махкум кард.Бино ба гуфтаи бастагонаш, ки бо Умаров мулокот карданд, вай дар зиндон мавриди зарбу шатм карор дошт ва ба шиддат логар шуда буд,ба саволхо посух намедод ва мухитро ба сахтй ташхис медод. Ало рагми ин хама, пайвандони Санчар Умаров озодии уро мадюни «гамхорихои» хукумати Узбакистон унвон карданд. Дар пайи муомилаи ахири миёни Узбакистон ва Гарб, ки бо лагви тахримхои таслихотии Узбакистон ва озодии бархе зиндони сиёсии узбак хамрох буд, шароити бозгашти Гарб ба саркардагии Амрико ба Узбакистон ва вуруди Узбакистон ба чархаи сиёсатгузорихои кишвархои гарбй фарохам шуд.Акнун ба таври возех мушохида мешавад, ки Амрико ба давлати Тошканд наздиктар мешавад ва хатто замзамахое дар мавриди бозгашти низомиёни амрикойи ба пойгохи Хонобод низ ба гуш мерасад.Амрико бо чашмпушй дар баробари сиёсатхои саркуби Ислом Каримов ва дар чорчуби руйкарди чадиди хеш дар Осиёи Марказй, ахдофи рохбурдии худ дар минтакаро дар авлавият карор додааст ва акнун факат ва факат барои наздикии харчй бештар бо Тошканд талош хохад кард. Давлати Тошканд бо озодсозии Санчар Умаров ба унвони мухолифи аслии давлати Узбакистон, ин паёмро ба Гарб дод, ки мухолифат дар Узбакистон дар хамин ислохталабони иктисодй хулоса мешавад ва исломгароён хеч мавриде барои мухолифат дар ин кишвар надоранд. Аз ин тарик давлати Тошканд саъй дорад нишон дихад, ки исломгароён ва ё дигар мухолифони сиёсие дар Узбакистон вучуд надоранд. Ин амалкард ба манзури сарпуш гузоштан дар сиёсатхои тахдид, боздошт ва хатто кушторест, ки макомоти узбак дар киболи дигар мухолифони хеш, аз чумла нерухои исломгаро анчом медиханд. Гарб низ ба саркардагии Амрико ин шигарди давлати Тошкандро дарк кардааст, аммо дар мархалаи кунунй ба нафъаш нест, ки ин мавзуъро ба равобити худ бо Узбакистон бикашад. Зеро дар айни хол пирузии НАТО дар Афгонистон ва муваффакияти нерухои эътилоф мухимтар аз соири маворид аст, амре ки бидуни мушорикати фаъолонаи Тошканд тахаккуки он баъид ба назар мерасад. Дар чунин шароите Тошканд огохона ба истикболи Амрико рафтааст, то битавонад аз ин тарик имтиёзхои бештаре аз Маскав касб кунад.
|