Расонахои иттилоотии Точикистон дар бораи сафари намояндагони ширкати «Точиктрансгаз» ба Тошканд ва эхтимоли пойин омадани нархи гази воридотй аз Узбакистон хабару гузоришхои гуногуне мунташир намуданд. Дар голиби маворид ба натичахои ин сафар хушбинона менигаристанд ва тахмин мезаданд, ки кишвари хамсоя бо таваччух ба пойин омадани кимати газ дар бозорхои чахонй, нархи гази содиротй ба Точикистонро барои хар 1000 метри мукааб аз 240 доллари кунунй ба 170 доллар кохиш хохад дод. Аммо хайати точикистонй аз Тошканд бо дастони тихй баргашт.Тарафи узбак хозир нашуд хостахои Душанбе дар мавриди пойин овардани нархи газро бипазирад. Чузъиёти бештаре дар бораи мавзуи музокироти тарафхои узбак ва точик мунташир нашудааст, аммо шак нест, ки масъалаи истифода аз оби рудхонахои фаромарзй бар руи масъалаи содироту воридоти газ соя афкандааст. Карори маълум Тошканд аз талошхои Душанбе дар мавриди такмили неругохи Рогун норохат аст ва бо тамоми тавон дар ин замина монеътарошй мекунад.Аммо Точикистон бо нодида гирифтани мухолифатхои Узбакистон барномахои сохти ин неругохро дунбол мекунад. Дар тозатарин икдом дар ин замина мачлиси намояндагони шахри Душанбе рузи 6 январи соли 2010-ро рузи хамраъйии сокинони пойтахти Точикистон бо сохтмончиёни Рогун эьлом кард. Дар чунин шароите хам Душабе ва хам Тошканд бар ин умеданд, ки битавонанд химояти кудратхо ва ниходхои байналмилалиро аз мавзеъхоии хеш чалб кунанд. Акнун зохири масъала ин аст, ки кишвархои манфиатдор дар Осиёи Марказй аз мавзеи кадом тараф - Тошканд ё Душанбе - химоят хоханд кард? Посух ба ин пурсиш ба он бармегардад, ки дар айни хол барои ин кудратхо газ бештар судовар аст ё об? Раванди тахаввулот дар Осиёи Марказй баёнгар аз он аст, ки дар айни хол кудратхои Гарбу Шарк "газ"ро аз "об" авлотар шумурданд.Гарб барои кохиши вобастагихои газии худ аз Русия, ба манобеи гази Узбакистон ниёз дорад. Русия низ бар он аст, ки Тошкандро аз хар гуна муомилоти газй бо Гарб боз дорад ва ин амр бидуни додани имтиёз ба Тошканд, имконнопазир аст. Албатта дар ин миён Точикистон дастхолй нест ва аз имконият ва зарфиятхои лозим барои чалби таваччух ва химояти кудратхо бархурдор аст, ки мавкеияти мумтози чугрофй, барки арзон, манобеи саршори уран ва ... аз ин чумлаанд. Аммо заъфи дастгохи дипломатии Точикистон ахамияти ин зарфиятхоро камранг намудааст. Бо ин хол ба назар мерасад Точикистон тасмим гирифтааст бидуни химоят ва пуштибонихои хоричй барномаи сохти неругохи Рогунро бо истифода аз имкониятхои дохилй, дунбол кунад. Харчанд дар мактаи кунунй ихтилофот миёни Душанбе - Тошканд чиддй гирифта намешавад, аммо аз эхтимол дур нест, ки ин «бигу магухо» боиси низоъхои чиддитаре, хатто икдомхои мусаллахона шаванд. Амре ки то кунун борхо дар Осиёи Миёна шохид будаем. Вокеияти хол ин аст, ки давлатмардони ду кишвари хамсояи Узбакистон ва Точикистон муддатхост дар равобити байнихамдигарй дучори ихтилофи назархои чиддй хастанд.Ин мавзуъ ба вижа дар масъалахои хассосе назири таъйини хати марз,минагузорй дар тули марз,хариду фуруши газ ва интиколи энержии барк бештар машхуд аст. Ало рагми он ки масъулони ду тараф борхо чихати халлу фасли ин масоил даври хам нишастаанд, аммо бо дахолатхои мустаким ва гайри мустаким аз дохил ва хорич, натавонистаанд ба иттифоки назар даст ёбанд. Бидуни шак ихтилоф дар равобити Душанбе - Тошканд дар раванди ичрои барномахои Амрико ва НАТО дар Афгонистон монеи чиддй эчод хохад кард. Дар сурати хамкорй накардан ва ё ихлол дар хамкорихои ин ду кишвар бо Амрико, интикол мавод ва тачхизот барои низомиёни гарбии мустакар дар Афгонистон ба мушкили чиддй ру ба ру хохад шуд. Ин мавзуъ дар шароите, ки Амрико ва НАТО касд доранд нерухои тозанафас ба Афгонистон бифиристанд, бештар ахамият пайдо кардааст. Аз ин ру Вашингтон бо диккати тамом раванди тахаввулоти марбут ба равобит миёни Узбакистон ва Точикистонро тахти назорат дорад. Аз тахаррукоти дипломатии Амрико дар Узбакистон, хамчунин дар Точикистон бармеояд, ки Кохи сафед касд дорад ба таври гайримустаким накши миёнчигарй дар раванди халли ихтилоф миёни Душанбе ва Тошкандро ичро намояд ва хамзамон аз нуфузи Маскав дар муодилоти Осиёи Марказй бикохад.Табиист, чунин икдомоте дур аз диди Кремл нестанд ва Русия бо фаъолтар намудани тахаррукоти дипломатии худ дар Осиёи Марказй, тамоми имконоти мавчудро ба кор гирифтааст, то дар он чи ки «минтакаи суннатии нуфузи Маскав» мегуяд, чойгохи хешро хифз кунад.Сафари ахири Димитрий Медведев, раиси чумхури Русия ба Туркманистон ва боздиди расмии Сегей Лавров, вазири умури хоричаи Русия аз Тошканд дар хамин росто кобили арзёбй аст.Тайи сафари Медведев ба Ашкобод Русия ва Туркманистон дар мавриди аз саргирии содироти газ аз Туркманистон ба Русия дар хачми 30 миллиард метри мукааб, аз мохи январи соли 2010, ба тавофук расиданд. Дар Тошканд низ вазири хоричаи Узбакистон тавонист то хадди зиёде эътимоди Тошкандро ба Маскав таквият кунад ва Ислом Каримовро ба гуфтани ибороти зебои «дарвозахои Узбакистон ба руи Русия хамеша бозанд» водорад. Аммо тачрибаи таърих нишон медихад, ки умед бастан ба кумаки кудратхои хоричй дар дарозмуддат ба зиёни давлатхо ва миллатхо тамом хохад шуд. Аз ин ру аксари тахлилгарон бар ин нукта таъкид доранд, кишвархои Осиёи Марказй бо такя ба усули хамгарои ихтилофхои мавчуд дар равобити фимобайнро рафъ ва рохро барои хар гуна дахолатхои хоричй бибанданд.Тасмими тарафхои узбак ва точик дар мавриди азсаргирии музокирот марбут ба хариду фуруши газ, ки 26 декабр дар назар гирифта шудааст, аз хамин зовия кобили тааммул ва арзёбй аст.
|