Главная | Регистрация | Вход | RSS Воскресенье, 05.05.2024, 03:29
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

 Вазорати корхои хорича Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тайи гузорише аз беҳбуди равобити Вошингтон бо кишварҳои Осиёи Марказй, ибрози ризоят кард.Дар ин робита зимни таъкид бар ҳушёрии бештар дар қиболи сиёсатҳои тагйирёбандаи Тошканд, ба таври вижа аз тавсаъаи ҳамкориҳо бо Туркманистон кадрдонй шудааст.Дар нишасти мақомоти Вошингтон ва Ашқобод, ки миёнахои моҳи феврал дар пойтахти Туркманистон доир шуд, ду тараф тамоили худро чиҳати тавсаъа ва таъмиқи равобит дар тамомии заминаҳо иброз карданд.Дар ин миён Амрико даъват кард, ки фаъолиятҳо дар чорчуби масоили марбут ба Афғонистон тақвият ёбанд.Ин суханон ба он маъно аст, ки дар айни ҳол ва аз ин ба баъд Туркманистон дар сиёсатҳои Осиёимарказии Амрико аз чойгоҳи вижае бархурдор хоҳад буд.Имзо ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 538 | Добавил: did | Дата: 29.03.2011 | Комментарии (0)

 Давлати Барак Абама, раиси чумҳури Амрико ду кишвари Точикистон ва Қирғизистонро дар авлавияти сармоягузориҳои худ барои соли 2012 қарор додааст. Дар барномаи пешниҳодии давалати Амрико барои сармоягузорй дар Қирғизистон 40,8 миллион доллар дархост ва таъкид шудааст, ки ин маблағ умдатан барои бахшҳои зербинойи ва таҳкими суботу амният дар ин кишвар ҳазина хоҳад шуд. Кумак ба бахши хусусй ва тақвияти фаъолиятҳо дар бахши кишоварзй, аз дигар ҳадафҳои ин сармоягузорй унвон шудааст. Дар барномаи мазкур барои Точикистон дар соли 2012 38,8 миллион доллар тақозо шудааст.Таҳкими амният, ҳалли масоили мавчуд дар бахши беҳдошт ва омузишу парвариш аз чумлаи маҳалли хар ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 513 | Добавил: did | Дата: 16.03.2011 | Комментарии (0)

 
 Рузи 7 март Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон дар садри як ҳайат аз аъзои ҳукумат, намояндагони порлумон ва точирони Точикистон барои анчоми як сафари расмии чорруза вориди Исломобод пойтахти Покистон шуд.Дар музокироти тарафҳои Покистонй ва Точикистонй тавсаъаи ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисодй, тичорй,беҳдошт ва энержй мавриди баҳсу баррасй қарор гирифт.Дар поёни ин гуфтугуҳо миёни ду кишвар чаҳор санад ба имзо расид.Эъломияи муштарак, тавофуқномаҳо дар мавриди ҳамкориҳо дар бахшҳои кишоварзй, беҳдоштй ва тарбияти баданй санадҳое буданд, ки ба имзои ма ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 1208 | Добавил: did | Дата: 12.03.2011 | Комментарии (0)

 
 Дар мавриди таъсири инқилобҳои кишварҳои арабии шимоли Африқо ба дигар кишварҳо, аз чумла кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил, таҳлил ва пешбиниҳо мухталифанд.Ахиран дар ҳамин замина рузномаи «Файнэншл таймс» таҳти унвони "Интизор намеравад, ки хезиши арабй ба кишварҳои Шуравии собиқ таъсир бирасонад", матлабе бо қалами Нейл Баклй мунташир намуд, ки дар он мизони осебпазирии кишварҳои пасошуравй ба риштаи таҳлил даромадааст.Муаллиф навиштааст, дар аксари кишварҳои Шуравии собиқ демократияи воқеъи ҳеч вақт вучуд надошт.Дар идома аз иқдоми Назарбоев, раиси чумҳури Қазоқистон дар ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 653 | Добавил: did | Дата: 09.03.2011 | Комментарии (3)

 
 Таҳаввулоти кишварҳои арабй, ки аз онҳо ба унвони хезиши исломй ё бедории исломй ва низ инқилобҳои исломй ёд мешавад, имруза дигар руйдодҳои чаҳонро таҳти шуъо қарор дода, дар садри ахбори расонаҳо ва маҳофили коршиносй қарор гирифтаанд.Нуктаи чолиби таваччуҳ он аст, ки дар баробари он чи гуфта шуд, ин руйдодҳоро шакли дигаре аз рақобати қудратҳо дар ростои дифоъ аз манофеи худ, арзёбй мекунанд.Пайравони ин дидгоҳ бар ин боваранд, ки ба чолиш кашидани давлатҳои худкомаи арабй барномаест, ки аз қабл тарроҳй ва сенориёи он берун аз қаламрави Африқо таҳия шудааст. Яъне қудратҳои чаҳонй дар чорчуби стротегии худ, ки тасаллу ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 413 | Добавил: did | Дата: 09.03.2011 | Комментарии (0)

 Рузи 23 феврал дар Чумҳурии Точикистон 18-умин солгарди таъсиси артиши миллй тачлил гардид.23 феврали соли 1993 дар шароите ки ин кишвар дар гири як чанги таҳмилии шаҳрвандй буд, артиши миллй бе он ки меросе аз артиши абарқудрати Шуравии собиқ бурда бошад, таъсис шуд.Артиши миллии Точикистон дар ибтидои шаклгирии худ ба мушкилоти фаровоне ру ба ру шуд, ки аслитарини он камбуди кадрҳои мутахассис ва тачҳизоти низомй буд.Аз суе, ин артиш то чанде қабл тачҳизоти низомй - ҳавопаймо, чархбол, тонк, зиреҳпуш, туп... дар ҳадди лозим дар ихтиёр надошт. Албатта барои ислоҳи ин вазъ талошҳое анчом ш ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 2143 | Добавил: did | Дата: 26.02.2011 | Комментарии (0)

 
  Иёлоти Муттаҳида Амрико бо тағйир дар нигариш ва сиёсатҳои худ дар қиболи кишварҳои Осиёи Марказй тасмим гирифтааст аз ин ба баъд таваччуҳи бештаре ба ин минтақаи стротежй хоҳад дошт.Албатта ин қабл аз ҳама ба ташдиди рақобатҳо миёни қудратҳои ҳозир дар Осиёи Марказй бармегардад, аммо аз суи дигар ба назар мерасад Ғарб дар садади он аст, нооромиҳои Афғонистонро ба тадрич ба ин минтақа мунтақил кунад, то битавонад аз ин тариқ аз ҳузури кишварҳое ки монеи ичрои аҳдофи ғарбиҳо мешаванд, бикоҳад. Дар ҳамин росто изҳороти вазири дифои собиқи Амрико қобили таамул аст. Доналд Ромсфелд ахир ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 519 | Добавил: did | Дата: 21.02.2011 | Комментарии (0)

Просмотров: 629 | Добавил: did | Дата: 11.02.2011 | Комментарии (0)

 Талошҳо барои эҳёи роҳи абрешим, ин ақидаро тақвият кардааст, ки ин амр зимни тавсаъа ва таҳкими ҳамгаройи миёни кишварҳои минтақа, метавонад суботу амниятро барои мардуми Афғонистон ба армуғон биёварад. Ин тарҳ дар айни ҳол дар бисёре аз кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалй дар ҳоли пайгирй аст.Албатта ин чода дар шароити имруз фақат роҳи заминй набуда, иборат аз масирҳои обй ва роҳи оҳан низ мебошад.Бо таваччуҳ ба ин ки бахшҳои тақрибан калидии роҳи абрешим аз қаламрави Афғонистон мегузаранд, наметавон ба иллати нооромиҳои кунунй ин кишварро аз чорчуби тарҳи мазкур хорич кард. Дар айни ҳол ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 663 | Добавил: did | Дата: 27.12.2010 | Комментарии (0)

« 1 2 3 4 ... 8 9 »

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Май 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz