Главная | Регистрация | Вход | RSS Суббота, 18.05.2024, 19:09
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

 
 Рузи 19 октябр дар Остона, пойтахти Қазоқистон нишасте дар мавзуи таъмини амнияти таъсисоти гидруэнергетикй дар Чумҳури Қазоқистон баргузор гардид. Дар ин нишаст Бу Либерт, мушовири кумиссиюни аврупойии Созмони милали муттаҳид дар умури зистмуҳитй ва маскан иброз дошт, ки дар шароити кунунии чаҳон ва минтақа, боястй дар Осиёи Марказй қонун дар бораи амнияти таъсисоти гидруэнергетикй ба тасвиб расад.Вай таъкид кард, дар кишварҳои Осиёи Марказй қонунҳои марбут ба амнияти таъсисоти гидруэнергетикй ба таври лозим такмил нашудаанд ва ин мавзуъ мучиби нигаронй аст. Мушовири Созмони милал ҳамчунин гуфт, дар Аврупои Ға ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 1159 | Добавил: did | Дата: 23.10.2010 | Комментарии (0)

 Ҳамрохон Зарифй, вазири корҳои хоричаи Точикистон дар як нишасти хабарй дар шаҳри Душанбе гуфт, миёни Русия ва Точикистон дар мавриди тарзи баҳрабардории Маскав аз фурудгоҳи низомии "Айнй", музокирот чараён доранд.Дар ин нишасти хабарй, ки рузи 18 октябр доир гардид, вазири корҳои хоричаи Точикистон ба манзури он чй ворид накардани халал ба раванди музокирот унвон кард, аз ироаи тафсилот дар ин замина худдорй намуд.
 Албатта то ин дам хабару гузоришҳои мухталифе дар мавриди сарнавишти фурудгоҳи "Айнй" та ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 1000 | Добавил: did | Дата: 20.10.2010 | Комментарии (0)

 
 Дар шаҳри Маскав раҳбарон ва масъулони аршади ниҳодҳои фаъол дар қаламрави Шуравии собиқ гирди ҳам чамъ омаданд, то барномаҳои худ дар шароити чадиди минтақа ва чаҳонро тадвин кунанд.Ин дар навъи худ нахустин ҳамоише буд, ки дар он раҳбарони Иттиҳоди давлатҳои мустақил, созмони ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё, созмони ҳамкориҳои Шонҳой ва Паймони амнияти чамъи ба баҳсу баррасии масоили муҳим пардохтанд.Таҳкими суботу амният дар қаламрави ин ниҳодҳо дар меҳвари нишасти Маскав қарор дошт ва ин нахустин маврид аз силсила чаласоте буд, ки барои 2-3 моҳи оянда дар назар гирифта шудааст.Крем ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 494 | Добавил: did | Дата: 19.10.2010 | Комментарии (0)

 
 Маркази мутолеоти байналмилалй ва стротегии Вашингтон таҳти унвони "Аз дарраи Фарғона то Вазиристони чанубй" гузоришеро мунташир намуд, ки дар он дидгоҳи муҳаққиқони амрикойи дар мавриди дурнамои амният дар ин минтақа ироа шудааст.Бар пояи ин гузориш муҳаққиқони амрикойи муътақиданд, ки дар пайи фишори давлатҳои Осиёи Марказй, гуруҳҳои чиҳодии ин кишварҳо ба Афғонистон фирор намуда, фаъолиятҳои худро идома медиҳанд.Ҳамин гузориш меафзояд, ҳатто баъд аз суқути режими Толибон дар Афғонистон, ин гуруҳҳо ҳамчунон фаъол боқй мондаанд. Муҳаққиқони амрикойи дурнамои амният дар кишварҳои ҳам ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 866 | Добавил: did | Дата: 04.10.2010 | Комментарии (0)

 Точикистон дар масири нооромиҳо Ҳодисаи таркиш дар идораи пулиси чиноятхои созмонёфтаи шаҳри Хучанд таккони бесобиқае дар фазои амниятии Точикистон эчод кард.Барои аввалин бор буд, ки дар Точикистон ходисаи интиҳорй ё ба иборати дигар маргталабона ва ё он гуна ки дар доираҳои мазҳабй таъбир мекунанд – "шаҳодатталабона", ба вуқуъ пайваст.Ин чиноят дар ҳоле руй дод, ки фирори 25 зиндонй аз боздоштгоҳи кумитаи давлатии амнияти миллй бар коройии ин ниҳод соя афкандааст.Ҳарчанд фирори зиндониён дар навъи худ барои Точикистон ва умуман саросари қаламрави Шуравии собиқ бесобиқа будааст, аммо даст ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 1279 | Добавил: did | Дата: 11.09.2010 | Комментарии (0)

 Рузи 30 августи соли 2010 дар шаҳри Кобул миёни Афғонистон ва Туркманистон тавофуқнома дар мавриди сохтани хати лулаи гази транс афғон ба имзо расид.Ин тавофуқнома дар чорчуби чаласаи дуввуми кумиссиюни байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодй-тичории Афгонистон ва Туркманистон ҳосил шуд, ки онро Ваҳидуллоҳ Шаҳронй, вазири маъодани Афғонистон ва Байрамгелдй Нодиров, вазири саноеъи нафту гази Туркманистон ба имзо расонданд. Бар асоси тавофуқҳои аз қабл ҳосил шуда, қарор аст ин хати лула гази Туркманистонро ба Афғонистон ва аз он чо ба Покистон ва Ҳиндустон интиқол диҳад.Сафари ҳайати туркманй ба Исломобод билофосила баъд аз имзои тавофуқнома бо тарафи афғонй, иқдоме дар чорчуби амалй шуданй ҳамин тарҳ мебошад. ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 811 | Добавил: did | Дата: 03.09.2010 | Комментарии (1)

 
 Рузномаи амрикойии "Нью Йорк тайм" аз фаъолиятҳои чосусии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Точикистон парда бардошт.Ба навишатаи ин нашрия хадамоти чосусии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бисёре аз кишварҳо, аз чумла дар Точикистон дар чорчуби тарҳи мубориза бо тероризм иқдомоти чосусии худро густариш додааст."Нью Йорк тайм" тазаккур додааст, чосусй тавассути ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва неруҳои кучаки вижа анчом мешавад.Бино ба навиштаи ин рузнома аз сентябри соли 2009 фаъолиоятҳои чосусии Амрико дар Точикистон тақвият шудаанд. Албатта густариши фаъолиятҳои чосусии кишварҳои мухталиф дар Точикистон ҳарфи чадиде нест, дар гузашта мақомоти точик борҳо аз боздошти чосусони хоричй дар ин кишвар иттилоияҳо мунташир намуда буданд.Дар дав ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 1491 | Добавил: did | Дата: 30.08.2010 | Комментарии (0)

 
 Дар пайи ҳушдори Чумҳурии Исломии Эрон, давлати Тошканд теъдоде аз вагонҳои Точикистонро ба истилоҳ аз ҳабс озод кард.Садҳо вагони дорои масолеҳи сохтмонй, маводи ғизойи, сузишворй ва тачҳизот барои неругоҳи "Сангтуда- 2" ба қаламрави Точикистон расиданд ва аз чумла фаъолиятҳо дар тарҳи муҳими неругоҳи "Сангтуда-2" аз сар гирифта шуд. Мақомоти эронй дар шарҳи ҳушдори худ ба Узбакистон гуфтанд, ки ин корро барои ҳимоят аз манофеи Точикистон анчом доданд.Дар ҳушдори Теҳрон ба Тошканд гуфта мешуд, ки дар сурати идомаи монеътарошй дар убури вагонҳои Точикистон аз қаламрави Узбакистон, Эрон тронзити мошинҳо ва вагон ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 1027 | Добавил: did | Дата: 29.06.2010 | Комментарии (0)

 Таҳаввулоти рузҳои чории Қирғизистон баёнгар аз ин воқеият ҳаст, ки дар марҳалаи кунунй ин кишвари Осиёи Марказй ба унвони саҳнаи руёруйиҳои қудратҳои Шарқу Ғарб барои озмудан имконият ва тавони хеш дар ростои ба даст овардани раҳбарии минтақа ва чаҳон интихоб шудааст.Бино ба навиштаи Дэниел Гринфилд, ки сайти интернетии centrasia.ru мунташир кардааст, тағйири қудрат дар Бишкек бо дахолати мустақими Маскав сурат гирифт ва акнун русҳо бо истифода аз ҳамон шеваи ҳамешагии худ, яъне ба роҳ андохтани низоъҳои қавмй, дар пайи он ҳастанд, ки фурсатро фароҳам кунанд ва дар нақши ягона начотдиҳандаи мардуми мазлуми минтақа, тачовузи навбатии худ ба ин қаламравро шакл диҳанд.
Просмотров: 846 | Добавил: did | Дата: 22.06.2010 | Комментарии (0)

 
 Дар ҳоле ки авзои кишвари Қирғизистон руз ба руз печида мешавад, дар маҳофили коршиносй ва таҳлилй ин савол матраҳ аст, ки оё ин ҳама таҳаввул дар чорчуби талошҳои Маскав барои эҳёи нуфуз ва чойгоҳи худ дар Осиёи Марказй шакл мегирад? Албатта дар ибтидои тағйири қудрат дар Бишкек, Русия эълом кард, ки ҳеч дахолате дар корхои дохилии Кирғизистон надорад, аммо амалкарди мақомоти ин кишвар (тамоси телефонии Владимир Путин, нахуствазири Русия фардои тағйири қудрат дар Бишкек - 8 апрел - бо сарони давлати чадид ва ба расмият шинохтани давлати Роза Отунбоева тавассути Димитрий Медведев раиси чумҳури Русия ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 1121 | Добавил: did | Дата: 15.06.2010 | Комментарии (0)

« 1 2 3 4 5 6 ... 8 9 »

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Май 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz