Главная | Регистрация | Вход | RSS Воскресенье, 05.05.2024, 05:28
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

 Рузи 21 декабри соли 1991 дар шаҳри Алмато, пойтахти вақти Қазоқистон сарони 11 кишвари тозаистиқлол ёфта аз Шуравй(ба истиснои се чумҳурии назди Балтик ва Гурчистон), протоколи таъсиси ниҳоди чадид - Иттиҳоди давлатҳои мусстақилро имзо карданд.Ба ҳамин тартиб баъди 69 сол мавчудият, умри императории кумунистй ба поён расид ва абарқудрате ба номи Иттиҳоди чамоҳири шуравии сотсиалистй ба таърих пайваст.Дар протоколи мазкур аз чумла тазаккур дода шудааст, ки ҳамаи аъзо аз ҳуқуқ ва салоҳиятҳои мусовй бархурдор ҳастанд.Дар банди 3 қарордоди ташкили Иттиҳоди давлатҳои мустақил таъкид шуда, ки аъзои Иттиҳод бо ворид кардани тағйир дар қонунҳои марбутаи худ, воҳидҳои артиши Шуравии воқеъ дар кишварҳояшонро ба арти ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 663 | Добавил: did | Дата: 22.12.2010 | Комментарии (0)

 Баъд аз хуручи ба истилоҳ неруҳои эътилофи зидди террор аз Афғонистон, Точикистон ногузир ба афзоиши харочот барои ҳифзи марзҳои худ бо ин кишвар хоҳад шуд. Ин матлабро раиси чумҳури Точикистон дар ҳамоиши "Дурнамои рушди Точикистон", ки ахиран дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён кард.Эмомалй Раҳмон тазаккур дод, ки дар чунин сурате будчаи Точикистон бо мушкилоти тозае ру ба ру хоҳад шуд.
 Ин суханони раиси чумҳури Точикистон бо фосилаи каме баъд аз тавофуқи ин кишвар бо Русия дар мавриди ҳузури дуб ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 799 | Добавил: did | Дата: 08.12.2010 | Комментарии (0)

 Рузи 25 ноябр дар шаҳри Душанбе Шурои нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой баргузор мешавад.Дар ин нишаст нахуствазирон аз Русия, Чин, Казоқистон ва Точикистон ширкат хоҳанд кард.Қирғизистонро Роза Отунбоева, раиси чумҳур ва Узбакистонро маовини нахуствазир намояндагй хоҳад кард.Масъулони точик эълом карданд, ки чиҳати баргузории муваффақиятомези Шурои нахуствазирон, тамомии тадобири зарурй андешида шуда, пойтахти Точикистон мунтазири меҳмонон аст.Бар асоси гузоришҳои расонаҳои хабарй, дар нишасти Душанбе масоили муҳими марбут ба тавсаъаи ҳамкориҳои дарунсозмонй, аз чумла будчаи ин ниҳод барои соли 2011 баррасй ва тасвиб хоҳад шуд.Нахуствазирони ширкаткунанда дар нишасти мазкур, чиҳати б ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 555 | Добавил: did | Дата: 22.11.2010 | Комментарии (0)

 Дар шаҳри Хучанд ҳафтаи гузашта мизи гирде баргузор шуд, ки дар он масоили пеши руи вилояти Суғд(шимоли Точикистон) дар бахши экологй мавриди баҳсу баррасй қарор гирифт.Ин мизи гирд бо ибтикори чанд муассисаи экологй ва пуштибонии дафтари созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Точикистон доир шуд, ки дар он масъулони бахши экологй, коршиносон ва намояндагони расонаҳои дохилию хоричй ҳузур доштанд. Вазъи асафбори муҳити зист дар манотиқи ҳаммарз бо Узбакистон дар меҳвари суханрониҳо қарор дошт. Ширкаткунандагон дар ин мизи гирд иброз доштанд, ки дар пайи фаъолиятҳои дур аз муқаррароти байналмилалии корхонаҳои саноатии Узбакистон, муҳити зист дар шимоли Точикистон олуда ва ин амр боиси бурузи бемориҳои мухтали ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 619 | Добавил: did | Дата: 17.11.2010 | Комментарии (0)

 Дар поёни моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе намояндагони вазоратхонаҳои ҳамлу нақли панч кишвари Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Точикистон ва Чин даври ҳам чамъ омаданд ва тарҳи сохти роҳи оҳани Эрон ба Чин аз тариқи Афғонистон - Точикистон - Қирғизистонро баррасй намуданд.Албатта қарор буд, ки ин масъала дар сатҳи вазирон баҳсу баррасй шавад, аммо ба далелҳои номаълум нишасти вазирони кишварҳои мазкур баргузор нашуд ва намояндагони сохторҳои марбута дар нишасти Душанбе ҳузур ёфтанд.
 Арзёбиҳо аз натичахои н ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 469 | Добавил: did | Дата: 08.11.2010 | Комментарии (0)

 
 Чанде қабл Ален Делетро ноиб раиси бахши аврупойии гуруҳи байналмилали буҳроншиносй (International Crisis Group) дар мусоҳиба ба радиои Олмон иброз дошт, Афғонистон як домест,ки барои кишварҳои Осиёи Марказй роҳандозй шудааст.Вай гуфт аз он чо ки мофиёи маводи мухаддир ҳамвора қавитар аз қабл мешавад, фаъолият ва манофеъи ин мофиё дар ояндаи на чандон дур амният ва тамомияти арзии кишварҳои Осиёи Марказй, назири Қирғизистон, Точикистон ва ҳатто Қазоқистонро ба чолиш хоҳад кашид.Ин мақоми аврупойи афзуд, масири тронзити маводи мухаддир аз Афғонистон ба Точикистон, Қирғизистон, Қазоқис ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 642 | Добавил: did | Дата: 02.11.2010 | Комментарии (0)

 
Дар нимаи дуввуми моҳи октябр дар шаҳри Бон, пойтахти Олмон коршиносон аз марказҳои мухталифи таҳқиқотии кишварҳои аврупойи даври ҳам чамъ омаданд ва авзоъ дар Осиёи Марказиро мавриди баҳсу баррасй қарор доданд.Дар ин нишаст масоили марбут ба таъмини амнияти энержй ва рушди демократия дар меҳвари баҳсҳо қарор дошт.Коршиносон бар ин нукта таъкид доштанд, ки тайи панч соли охир авзоъ дар ин минтақа ру ба вахомат ниҳода, амният осебпазиртар шудааст.
 Ба эътиқоди коршиносони аврупойи соли 2010 дар Осиёи Марказй соли фишор буд, ки бо таваччуҳ ба авзоъ дар чануби Қирғизистон,ин раванд ҳамчунон идома дорад. Дар нишасти Бон таък ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 620 | Добавил: did | Дата: 31.10.2010 | Комментарии (0)

 Раиси чумҳури Точикистон дар садри як ҳайати олирутбаи давлатй ба Афғонистон сафар ва бо мақомоти аршади ин кишвар дидору гуфтугуҳо анчом дод.Ҳарчанд дафтари раёсати чумҳури Точикистон боздиди Эмомалй Раҳмон аз Кобулро як сафари расмй эълом кард, аммо ин сафар ғайримунтазира ва бидуни иттилоъои қаблй сурат гирифт.Хамроҳхон Зарифй, вазири умури хорича, Шералй Гул, вазири энержй ва саноеъ, Олим Бобоев, вазири ҳамлу нақл аз чумлаи ҳамроҳони раиси чумҳури Точикистон дар ин сафар буданд.
 Дар поёни дидори мақомоти ду тараф, панч санади ҳамкорй дар бахшҳои мухталиф ба имзо расид.Ҳамчунин раисони чумҳури ду кишвар ёддошти ҳусни ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 1023 | Добавил: did | Дата: 30.10.2010 | Комментарии (0)

 
 Рузҳои 18-20 октябр Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон дуввумин сафари худ тайи даҳ моҳи ахир ба Туркманистонро анчом дод.Ин сафар бо таваччуҳ ба вижагиҳои хоси худ, дар меҳвари матолиби хабарй ва таҳлилии расонаҳои минтақа ва хорич аз он қарор дошт.Нахустин вижагии ин сафар он буд, ки чанд руз қабл аз сафари Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия ба Ашқобод, сурат гирифт.Ва аз ин чо маълум буд, ки масоили энержй дар маркази баррасиҳои Каримов ва Бердимуҳаммадов қарор дошт.Ҳарчанд содироти гози Туркманистон ба хорич аз минтақа, барои фаъолиятҳои бахши энержии Узбакистон аз аҳамияте хосе бархурдор аст, дар ин миён масъалаи ҳамсонсозии мавзеъхои ду кишвар дар масъалаи баҳрабардорй аз манобеи обии м ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 536 | Добавил: did | Дата: 29.10.2010 | Комментарии (0)

 
 Рафту омадҳои беш аз маъмули мақомоти кишварҳои ғарбй ба Осиёи Марказй ва Чанубй аз як су ва баргузории нишастҳои мухталифи ниҳодҳои таҳти нуфузи Русияи фаъол дар қаламрави Шуравии собиқ аз суи дигар, баёнгар аз ин воқеъият аст, ки ин минтақа дар чанбаъҳои густурдае ба майдони рақобати қудратҳои Шарқу Ғарб табдил шудааст.Фуру рафтани Ғарб дар ботлоқи Афғонистон, ки дар бархе ҳолатҳо ёдовари сарнавишти Шуравии собиқ аст, авзои минтақаро ба гунае печида намудааст, ки ҳар иқдоме тавассути бозигарони саҳна метавонад сарнавиштсоз воқеъ шавад.Бо таваччуҳ ба ин, ҳарчанд эълом нашудааст, амм ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 495 | Добавил: did | Дата: 25.10.2010 | Комментарии (0)

« 1 2 3 4 5 ... 8 9 »

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Май 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz