Главная | Регистрация | Вход | RSS Суббота, 18.05.2024, 17:47
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Бар асоси иттилои сафорати Чумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси чумҳури Эрон рузҳои 6-7 январи соли 2010(16-17 даймоҳ) дар чорчуби як сафари расмй, аз Точикистон боздид хоҳад кард.Интизор меравад тайи ин сафар музокирот миёни мақомоти олирутбаи ду кишвар дар масоили иқтисодй, тичорй ва фарҳангию илмй анчом шуда, чанд санади ҳамкорй миёни тарафҳо ба имзо расад. Нигоҳе ба раванди муносибот миёни Чумҳурии Исломии Эрон ва Точикистон баёнгар аз он аст, ки муносиботи ду кишвар дар бахшҳои сиёсй, иқтисодй,фарҳангй ва тичорй бо пуштивонаи вучуди иштирокоти фаровони фарҳангй, таърихй, динй ва забонй аз замони истиқлоли Точикистон дар 18 соли пеш то кунун, ҳамвора масири пешрафтро паймудааст. Зикри ин нукта дорои аҳамият аст, ки то ин дам баргузории ҳафт ичлоси кумиссиюни муштараки ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 615 | Добавил: did | Дата: 28.12.2009 | Комментарии (0)

Расонахои иттилоотии Точикистон дар бораи сафари намояндагони ширкати «Точиктрансгаз» ба Тошканд ва эхтимоли пойин омадани нархи гази воридотй аз Узбакистон хабару гузоришхои гуногуне мунташир намуданд. Дар голиби маворид ба натичахои ин сафар хушбинона менигаристанд ва тахмин мезаданд, ки кишвари хамсоя бо таваччух ба пойин омадани кимати газ дар бозорхои чахонй, нархи гази содиротй ба Точикистонро барои хар 1000 метри мукааб аз 240 доллари кунунй ба 170 доллар кохиш хохад дод. Аммо хайати точикистонй аз Тошканд бо дастони тихй баргашт.Тарафи узбак хозир нашуд хостахои Душанбе дар мавриди пойин овардани нархи газро бипазирад. Чузъиёти бештаре дар бораи мавзуи музокироти тарафхои узбак ва точик мунташир нашудааст, аммо шак нест, ки масъалаи истифода аз оби рудхонахои фаромарзй бар руи масъалаи содироту воридоти газ соя афкандааст. Карори маълум ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 1212 | Добавил: did | Дата: 25.12.2009 | Комментарии (0)

 
Ахиран Қурбонқулй Бердимуҳаммадов, раиси чумҳури Туркманистон дар чорчуби як сафари расмй ба Япония сафар кард.Ин нахустин сафари як раиси чумҳури Туркманистон ба Токио буд. Дар поёни ин сафар як баёния миёни ду кишвари Япония ва Туркманистон ба имзо расид. Ин санад, ки иборат аз шаш мода аст, густариши ҳамкориҳои Ашқобод ва Токиоро дар заминаҳои сиёсй, иқтисодй, тичорй, фарҳангй ва омузишй пешбинй мекунад. Ҳамчунин дар ин баёния ду тараф бар ҳамкории бештар дар мубориза бо тероризм, қочоқи маводи мухаддир, силоҳҳои куштори чамъй ва дигар таҳдидҳои минтақаи ва чаҳонй таъкид карданд. Нахуствазири Япония дар дидор бо раиси чумҳури Туркманистон аз ифтитоҳи қарибул ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 553 | Добавил: did | Дата: 22.12.2009 | Комментарии (0)

 
 Рузи душанбеи 14 декабр дар Туркманистон маросими пуршукухи ифтитохи хати лулаи интиколи гази Осиёи Марказй ба Чин баргузор гардид. Бо хузури Ху Чин Тао, раиси чумхури Чин, Нурсултон Назарбоев, раиси чумхури Казокистон, Курбонгулй Бердимухаммадов, раиси чумхури Туркманистон ва Ислом Каримов, раиси чумхури Узбакистон хати лулаи гази Туркманистон - Чин ба фаъолият оғоз кард. Дар ин маросим сарони кишвархои мазкур ибрози итминон карданд, ки ин хати лула ба навъе чодаи кадимии арешимро эхё ва ба хамгаройии харчй бештари кишвархои минтака мусоидат хохад кард.Раисони чумхури Туркманистон ва Узбакистон дар суханони худ дар ин маросим бо эхсосот дар бораи "дурнамои дурахшони" тархи интиколи гази Осиёи Марказй ба Чин орзухои баландпарвозонае намуданд. Аз чумла раиси чумхури Узбакистон ангезахои Маскавгурезии худро пинхон надошт ва таъкид кард ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 661 | Добавил: did | Дата: 16.12.2009 | Комментарии (0)

Суханони раиси чумхури Точикистон дар дидори чамъе аз намояндагони расонахои иттилоотии ин кишвар, бозтоби густурдае дар доирахои расонаи ва хабарй Русия пайдо кард.Эмомалй Рахмон дар ин мулокот, ки рузи 8 декабр баргузор шуд, аз чумла аз амалкарди хамтои узбаки худ интикод ва бино ба навиштаи нашрияхои русй, зимнан ишора намуд, ки ба Ислом Каримов дар яке аз руёруихои лафзй таъкид кардааст, ки Самарканду Бухороро бозпас мегирем. Ин суханони раиси чумхури Точикистон фурсти муносибе шуданд барои доман задан ба суитаблигот ва таъсиргузорй бар равобити кишвархои хамсоя, хамчунин тахкиру тавхини миллати точик ва шахси раиси чумхури ин кишвар. Банда харгиз касди вакили мудофеъ шудан барои шахси Эмомалй Рахмонро надорам. Барои ин кор ниходхои конунй фаъолият мекунанд. Аммо матлаби сойти интернетии Сегодня. ру маро ба навиштани ин сатрхо водошт. Дар ин макола, ки «Рахмон в поход собрался» унвон дорад, рафтори раиси чумхури Точикистон накухиш ва аз Маскав дархост шудааст барои сари чояш шин ... Идомаи матлаб>

Просмотров: 976 | Добавил: did | Дата: 14.12.2009 | Комментарии (0)

Дар шароите, ки бухрони молии чахонй фарогир шуда, рушди иктисодиро дар бисёре аз кишвархои чахон тахти шуъо карор додааст, кишвархои узви Иттиходияи иктисодии Авруосиё дар пайи таъсиси вохиди пули муштарак дар каламрави ин Иттиходия хастанд.Ба эътикоди бархе аз коршиносон ва сохибназарон пешбинй мешавад, ки зарфи 15 соли оянда арзи вохид дар ин созмони минтакайи чойгузини доллари амрикойи шавад.Хамин коршиносон мегуянд, бухрони молии чахонй собит кард, ки доллар наметавонад арзи мутмаъине барои кишвархо бошад, ба вижа дар пайи ташкили пули вохиди Иттиходияи Аврупо, чойгохи доллар дар арсаи чахонй бештар мутазалзил шуд. Албатта, пешниходи таъсиси пули вохид дар каламрави Шуравии собик аз муддатхо кабл матрах аст ва дар ин замина Казокистон борхо тарххои мухталифе ироа намудааст.Нурсултон Назарбоев, раиси чумхури Казокистон дар нишастхои минтакавй бо иш ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 1337 | Добавил: did | Дата: 06.12.2009 | Комментарии (1)

 Дар пайи муомилаи ахире, ки миёни Гарб ба саркардагии Амрико ва Узбакистон анчом шуд,аз чумла бархе аз мухолифони давлати Тошканд мавриди афв карор гирифтанд.Санчар Умаров, ки дар махофили мухолифи Ислом Каримов чехраи чандон матрахе набуд, 7 ноябри соли чорй аз махбас озод шуд.Надежда Отаева раиси созмони порисии «Хукуки инсон дар Осиёи Марказй» ин икдоми раиси чумхури Узбакистонро «бозй дар чавоби бозии Гарб» арзёбй кард.Яъне хамон гуна ки Гарб бо лагви тахримхо мехохад Узбакистонро ба чархаи сиёсатхои хеш дохил кунад, Тошканд низ вонамуд мекунад, ки хостахои Гарбро тахакук хохад бахшид. Ба эътикоди мунтакидони сиёсатхои Ислом Каримов, ин икдомхо хеч тагйире дар амалкарди рахбари худкомаи узбак эчод нахоханд кард ва Гарб низ о ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 699 | Добавил: did | Дата: 01.12.2009 | Комментарии (0)

 Дар пайи вуруди кишварҳои ғарбй ба Осиёи Марказй ва ба дунболи он густариши равобит миёни ин кишварҳо ва чумҳуриҳои Осиёи Марказй, Русия бо масоили тозае дар ҳамкорй бо шарикони суннатии хеш мувочеҳ шуд. Ин масоил дар бахшҳои сиёсй, амниятй, иқтисодй ва ичтимои зуҳур намуда, дар бархе маворид мавзеъҳои Русия ва кишварҳои Осиёи Марказиро дар муқобили ҳам қарор додаанд. Бо таваччуҳ ба ташаннучи авзои амниятй дар Афғонистон ва идомаи раванди нокомиҳои эътилофи ба истилоҳ зидди терор, ниёзи кишварҳои ғарбй ба ҳамкорй ва мусоидатҳои ҳарчи бештари чумҳуриҳои ҳамчавор бо Афғонистон ба таври бесобиқае афзоиш ёфтааст.Ба вижа дар пайи вахомати авзои амниятй дар Покистон, ки интиқоли ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 667 | Добавил: did | Дата: 26.11.2009 | Комментарии (0)

Ахиран дафтари Созмони милали муттахид (СММ) дар умури кудакон UNIСEF бо интишори гузорише чор кишвари Точикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Киргизистонро дар радифи кишвархои номусоид барои кудакон карор дод.Дар ин гузориш аз чумла омадааст, дар кишвархои мазкур ба далели набуди имконот ва барномахои давлатй,чойгохи модар ва кудак аз вазъи матлубе бархурдор нест ва дар бисёр мавридхо хукуки модар ва кудак поймол мешавад.

Гузориши дафтари кудаки СММ меафзояд, дар Точикистон аз як хазор кудак 64 нафар бештар аз 5 сол умр намебинанд. Ин рақам дар Туркманистон 48 ва дар Узбакистон ва Қирғизистон 38 нафарро ташкил медиҳад.Қазоқистон дар вазъи нисбатан матлубе бархурдор аст ва дар ин чумхурй аз як хазор навзод 30 нафар ба далоили ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 784 | Добавил: did | Дата: 19.11.2009 | Комментарии (0)

 Хабаргузориҳои мухталиф дар бораи ташкили гуруҳи кории Осиёи Марказй дар порлумони Инглис гузоришҳо мунташир намуданд.Бар пояи ин гузоришҳо гуруҳи кории порлумони Инглис барномаи вижаеро барои ҳамкор ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 790 | Добавил: did | Дата: 07.11.2009 | Комментарии (0)

« 1 2 ... 5 6 7 8 9 »

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Май 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz