Главная | Регистрация | Вход | RSS Воскресенье, 19.05.2024, 02:22
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

 Нигоҳе ба руйдодҳои маҳдудаи Шуравии собиқ тайи як-ду соли охир, баёнгар аз ин воқеият аст, ки дар мубориза чиҳати нуфуз ва таҳкими чойгоҳи худ, Русия ба тадрич аз кишварҳои ғарбй пешй гирифтааст. Дар даврони баъд аз фурупошии Иттиҳоди Шуравй, ки боиси ташкили 15 давлати мустақил дар қаламрави ин императории як замон муқтадир шуд, қудратҳои ғарбй тамоми талоши худро ба харч доданд, то кишварҳои тозаистиқлолро таҳти нуфузи худ дароваранд.Он замон, ки Русия гирифтори мушкилоти дохилии худ буд, натавонист аз таъаррузи Ғарб ба маҳдудаи ба истилоҳ "суннатии нуфузаш" пешгирй кунад.Натича он буд, ки қудратҳои ғарбй дар пуши ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 641 | Добавил: did | Дата: 03.05.2010 | Комментарии (0)

Хабаргузориҳо ба нақл аз Абдулло Юлдошев, маовини аввали вазири корхои хоричаи Точикистон иттилоъ доданд, ки дар рузҳои наздик як ҳайат тахти сарпарастии Муродалй Алимардонов, муовини нахуствазири Точикистон чиҳати ширкат дар нишасти навбатии кумиссиюни муштараки ҳамкориҳои Точикистон ва Узбакистон ба Тошканд хоҳад рафт.Ин кумиссиюн, ки солҳои охир корномаи чандон чолибе аз худ ироа накардааст, соли гузашта дар Душанбе доир гардида буд.Рузи чоршанбеи 18 феврали соли 2009 дар пойтахти Точикистон гуруҳе аз мақомоти точик ва узбак даври ҳам чамъ омаданд то масъалаҳои мавчуд дар робитаҳои ду кишварро баррасй ва ҳаллу фасл намоянд. Ин нишаст дар қолаби комиссиюни байнидавлатй баргузор гардид, ки аз замони охирин нишасти он шаш сол гузаштааст. Ха ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 928 | Добавил: did | Дата: 26.04.2010 | Комментарии (0)

 Ҳамон гуна ки коршиносон пешгуи мекарданд, масъалаи баҳрабадорй аз манобеи гидроэнергетикии Осиёи Марказй имруза ба ҳадде доғ шудааст, ки робитаҳои бaйнихамдигарй кишварҳои ин минтақаи стротегиро ба таври бесобиқае тираву тор намудааст.Дар ин миён Узбакистон, ки гуфта мешавад ҳамвора талош кардааст ҳамсоягонро бо ҳар роҳи мумкин дар вобастагй ба худ нигоҳ дорад,тамоми гузинаҳоро ба кор гирифтааст, то ба сохти неругоҳи Қамбарота дар Қирғизистон ва Роғун дар Точикистон роҳ надиҳад. Мақомоти узбак дар ин росто талошҳои густурдаеро дар сатҳи минтақа ва байналмилал ба роҳ мондаанд. Аз чумла, дар сатҳи минтақа Тошканд саъй кардааст то ду кишвари поёноби рудхонаҳои Осиёи Маркзй - Туркманистон ва Қазоқистонро ба сиёсатҳои худ ҳамсу намояд.Дар ҳамин чорчуб рузҳои 16-17 март дар доираи сафари Нурсулт ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 576 | Добавил: did | Дата: 12.04.2010 | Комментарии (0)

 
 Давлати Барак Обама дар ҳоле тасмим ба афзоиши теъдоди неруҳои низомии худ дар Афғонистон гирифт, ки муттаҳидони аврупойии Кохи сафед дар пайи фишорҳои афкори умумй, бар он шудаанд, ки низомиёни худро аз ин кишвари чангзада ихроч кунанд.Дар ин маврид ахиран давлати Голландия эълом кард, ки то поёни соли 2010 низомиёни мустақар дар Афғонистонро ба ватан боз хоҳад гардонд.Албатта ин тасмими нахуствазири Голландия вокунишҳои шадидеро дар дохили ҳукумати ин кишвар ба ҳамроҳ дошт, бо ин ҳол хуручи низомиёни ҳоландй аз Афғонистон амре ичтинобнопазир аст.Гуфтанй аст аз ибтидои соли 2006 то поёни соли 2009 21 сарбози ҳоландй дар устони Урузгони Афғонистон кушта ва 56 нафари дигар захмй шуданд.Дар соли 2009 теъдоди низомиёни Голландия да ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 614 | Добавил: did | Дата: 10.03.2010 | Комментарии (0)

 
 Рузи 18 феврали соли чории милодй Қурбонгулй Бердимуҳаммадов, раиси чумҳури Туркманистон дар нишасти ҳайати давлат тарҳи ташкили аҳзоби мухолиф дар ин кишварро ироа намуд.Раиси чумҳури Туркманистон иброз дошт, ки имруз дар саросари кишвар дар ростои пешрафти чомеа кору эчод ва ибтикор дар тамомии бахшҳо чараён дорад. Вай афзуд , аз чумла тайи се соли охир 677 тарҳи азим ба маблағи 6 миллиарду 500 миллион доллар мавриди баҳрабардорй қарор гирифт, ки хатҳои интиқоли гази фаромиллии Туркманистон - Чин ва Туркманистон - Эрон, пул бар болои рудхонаи Амударё, корхонаҳои азими санъатй, минтақаи туристии «Аваз» ва кули Туркман аз ин чумлаанд.Қурбонгулй Бердимуҳаммадов таъкид кард,ин ҳама рушду тавсаъа баёнгар аз он аст, ки кишвари мо до ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 587 | Добавил: did | Дата: 25.02.2010 | Комментарии (0)


Ҳукумати Қазоқистон дар ҳоли баррасии тарҳе мебошад, ки бар асоси он мехоҳад даҳҳо ҳектор заминро ба манзури анчоми фаъолиятҳои кишоварзй ба Чин вогузор кунад.Ин тарҳ пешбинй мекунад, ки кишоварзони чинй дар ин заминҳо зироатҳои лубиёиро ба манзури истеҳсоли руғани растанй парвариш кунанд.Аммо ин иқдоми Остона вокунишҳои шадидеро дар чомеаи ин кишвар доман зад ва мухолифони тарҳи мазкур ибрози нигаронй карданд, ки сарозер шудани шаҳрвандони чинй ба Қазоқистон дар дарозмуддат истиқлолияти ин кишварро таҳти таъсир қарор хоҳад дод.
Воқеият он аст, ки Чин баъд аз фурупошии Шуравй бар асоси як барномаи роҳбурдй ҳамкориҳои худ бо кишварҳои Осиёи Марказиро шакл дод ва тайи 10-15 соли ахир ба таври қобили мулоҳизае арсаро барои рақибони аслии худ дар ин минтақа танг намуд. Дар пайи он чи ки таҳлилгарони ғарбй та ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 629 | Добавил: did | Дата: 21.02.2010 | Комментарии (0)

Бар асоси гузоришоте, ки расонаҳои мухталиф мунташир намуданд, Ричард Ҳолбрук, фиристодаи вижаи Амрико дар Афғонистон ва Покистон ҳафтаи оянда ба Душанбе ва Тошканд сафар хоҳад кард.Ин мақоми амрикойи қарор аст бо масъулони Точикистон ва Узбакистон масоили марбут ба равобити байнҳамдигарй ва авзои Афғонистонро мавриди баҳсу баррасй қарор диҳад. Сафари фиристодаи вижаи Амрико ба ду кишвари Осиёи Марказй дар шароите анчом мешавад, ки як ҳайати олирутбаи мақомоти точик, ки дар садри он Ҳамрохон Зарифй, вазири умури хоричаи ин кишвар қарор дорад, дар Амрико ба сар мебарад ва то имруз дидору гуфтугуҳои зиёде миёни намояндагони ду кишвари Точикистон ва Амрико баргузор шудааст. Бино ба гуфтаи манобеи вазорати умури хоричаи Точикистон, дар ин дидорҳо дурнамои ҳамкориҳои стротегии ду тараф,аз чумла дар қиболи масоили Афғонистон дар меҳвар қарор доштааст.Аз ин ру сафари Ҳолбрук ба Душанберо метавон дар ростои идомаи ҳамин ройзаниҳо арзёбй кард. И ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 714 | Добавил: did | Дата: 18.02.2010 | Комментарии (0)

 Конфронси баррасии масоили Афғонистон дар Лондон дар ҳоле ба кори худ поён дод, ки ширкаткунандагон дар мавриди хуручи неруҳои низомии хоричй аз ин кишвар иттифоқи назар доштанд.Ба иборати дигар, дар ин нишаст стротегияи хуруч аз Афғонистон дар меҳвар қарор дошт.Аз суханрониҳо ва арзёбиҳо ба вузуҳ мушаххас буд, ки Амрико ва муттаҳидонаш дар НАТО стротегияи хуруч аз Афғонистон ва вогузории масъулиятҳо ба давлати Кобул зарфи панч соли ояндаро дар дастури кор қарор додаанд. Дар банди 10 эъломияи ниҳойии нишасти Лондон ба ҳукумати Афғонистон суфориш шудааст, ки зарфи се соли оянда дар тамоми манотиқи доғ масъулияти ичрои ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 730 | Добавил: did | Дата: 31.01.2010 | Комментарии (0)

 Ахиран порлумони Точикистон тавофуқнома миёни ин кишвар, Покистон, Афғонистон ва Қирғизистонро дар мавриди сохти хати интиқоли барқ бо номи СASA -1000-ро тасвиб кард. Бар асоси ин тавофуқнома неруи барқи изофии Точикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон интиқол хоҳад ёфт.Бонки чаҳонй, бонки рушди Осиё ва ожонси рушди байналмилалии Амрико чиҳати сармоягузорй дар ин тарҳ эъломи омодагй кардаанд. Гуфтанй аст тарҳи СASA -1000 бо таваччуҳ ба сохтани неругоҳҳо дар Точикистон тадвин шуда, дар сурати такмил ниёзи ду кишвари Афғонистон ва Покистон ба энержиро бароварда хоҳад кард.Бар асоси баровардҳои коршиносй дар оянда ниёзи солиёнаи Покистон ба неруи барқ 8% афзоиш ёфта, бо истиқрори суботу амният дар Афғонистон, ин кишвар низ ба масрафкунандаи умдаи энержии Точикистон ва Қирғизистон таб ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 764 | Добавил: did | Дата: 25.01.2010 | Комментарии (0)

Дар пайи лашкаркашии Ғарб ба Афғонистон ва ташдиди нооромиҳо дар минтақа, кишварҳои Осиёи Марказй нохоста аз майлу иродаи худ вориди бозии қудратҳои Шарқу Ғарб барои нуфуз дар ин минтақаи стротегй шуданд.Ин кишварҳо бо танаввуъ бахшидан дар дастаи шарикони худ, ба тадрич чойгоҳи Русияро ба унвони ба истилоҳ танҳо молики минтақа тазъиф намуданд.Дар ибтидои ин раванд, ки бидуни шак бо чароғи сабзи Кремл оғоз шуд, Маскав бо гирифтани мавзеи инфиолй назорагари ин раванд буд. Дар Кохи Кремл бар ин бовар буданд, ки ҳалқаҳои иртиботии бозмонда аз замони Шуравй ба кишварҳои Осиёи Марказй ичоза нахоҳад дод, ки фосилаи худ бо Маскавро афзоиш диҳанд ва Маскав дар ҳар замони лозим метавонад ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 627 | Добавил: did | Дата: 07.01.2010 | Комментарии (0)

« 1 2 ... 4 5 6 7 8 9 »

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Май 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz