Главная | Регистрация | Вход | RSS Суббота, 18.05.2024, 16:38
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

 Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси Чумҳури Исломии Эрон баъд аз ширкат ва суханронй дар "Конфаронси ҳамкорй ва таҳкими эътимод дар Осиё" дар Истонбули Туркия, бомдоди 9 июн ба Душанбе омад, то дар дигар нишасти байналмилалй ҳузур ёбад. Раиси чумҳури Эрон танҳо мақом дар чунин сатҳе буд, ки дар конфронси байналмилалии "Об барои ҳаёт" дар шаҳри Душанбе ширкат намуд. Суханронии Маҳмуди Аҳмадинажод дар ин нишаст, ки бо ташаббуси Точикистон ва пуштибонии Созмони миллали муттаҳид дар чорчуби барномаи рушди ҳазора баргузор шуд, дорои паёме муҳим ба аҳли нишаст ва ҳамаи чаҳониён дар мавриди чиддй гирифтани масъалаи истифода аз об буд. Оқои Аҳмадинажод беадолатиҳо ва суиистифодаҳои қудратҳои султачу аз масоили муҳими дунёи имруз, аз чумла баҳрабардорй ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 974 | Добавил: did | Дата: 14.06.2010 | Комментарии (2)

Музокироти бе натичаи Тошканд ва ошкор шудани баҳонатаришиҳои Узбакистон

 Бар хилофи интизорот ва пешгуиҳо, дар дидори Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон ва Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон дар Тошканд тавофуқе дар чиҳати ҳалли масоили мавчуд миёни ду кишвари ҳамсоя, аз чумла тавакқуфи вагонҳои Точикистон дар қаламрави Узбакистон, ҳосил нашуд.Тарафи Узбакистон дар идомаи мухолифатҳои худ ба сохти неругоҳи Роғун, эълом кард вагонҳои дорои тачҳизот ва масолеҳи сохтмонй барои ин неругоҳ ҳамчунон ичозаи гузаштан ба Точикистонро нахоҳанд дошт. Бар асоси гузоришҳои мунташира дар бораи натичахои дидори Раҳмон ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 957 | Добавил: did | Дата: 13.06.2010 | Комментарии (0)

 
 
Дар шаҳри Душанбе рузи 10 июн конфронси байналмилалии "Об барои ҳаёт" бо тасвиби баёния ба кори худ поён дод.Ин конфронс дар чорчуби барномаи Созмони миллали муттаҳид таҳти унвони даҳсолаи оби солим, бо ибтикори муштараки Точикистон ва Созмони миллал ба муддати ду руз ва бо ширкати намояндагон аз 70 кишвари дунё, 20 ниҳоди марбут ба СММ ва 65 созмону муассисаи байналмилалй баргузор гардид. Баррасии фаъолиятҳои анчомшуда дар ростои ичрои барномаи байналмилалии "Об барои ҳаёт" (солҳои 2005-2015),арзёбии иқдомоти анчомшуда дар чиҳати ичрои ухдадорихо дар масъалахоимарбут ба об, аз чумлаи хадафхои аслии ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 2774 | Добавил: did | Дата: 11.06.2010 | Комментарии (0)

 
 Нигоҳе ба раванди таҳаввулоти Осиёи Марказй баёнгар аз он аст, ки ин минтақаи стротегй ба тадрич вориди як бозии хатарноке мешавад.Ба иборати дигар, бархе давлатҳои ин минтақа бо ба миёни мардум кашидани масъалаҳои ҳассос, дар ростои афрухтани низоъи қавмй, заминасозй мекунанд.Ин давлатҳо ба андешаи худ, бо ин кор қасд доранд мардумро дар расидагй ба масоил муҳим мушорикат диҳанд ва аз ин тариқ осонтар ба аҳдофи худ даст ёбанд.Аммо воқеият он аст,ки бо ин кор Осиёи Марказй ба тадрич ба суи чангҳои қавмй харакат  дода мешавад.Чунин вазъияте дар равобити Узбакистону Қирғизистон ва Узбакистону Точикистон беш ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 760 | Добавил: did | Дата: 08.06.2010 | Комментарии (0)

 
 Баъд аз он ки дар пайи ҳодисахои табии ва вахомати авзои инсонй дар вилояти Хатлон, ҳаракати вагонҳои Точикистон аз қаламрави Узбакистон аз сар гирифта шуд, дар Точикистон ин интизор доман зад, ки аз ин ба баъд ду кишвари ҳамсоя дар масири ҳамгароиҳои бештар кадам хоҳанд бардошт.Умедро дар ин замина паёми Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон ба Ислом Каримов, ҳамтои узбакаш тақвият кард.Раиси чумҳури Точикистон аз мақомоти Тошканд, ки бо таъмир ва бозсозии роҳи оҳан шароитро барои ҳаракати вагонҳои Точикисатон фароҳам карданд, кадрдонй кард.Аммо хурсандии точикистониҳо дер давом накард ва тарафи Узбакистон ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 1365 | Добавил: did | Дата: 01.06.2010 | Комментарии (0)

 Ахиран Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва Федератсиони Русия тасмим гирифтанд дар масъалаи баркарории суботу амният дар Кирғизистон бо якдигар ҳамкорй кунанд. Ин мавзуъро маовинони вазирони хоричаи ду кишварЧорч Крол ва Григорий Карасин тайи дидоре дар Маскав баррасй ва дар ин замина тавофуқ карданд. Дар ин дидор тарафайн бо ишора ба манфиатхои муштараки Маскав ва Вашингтон таъкид карданд, ки фақат баркарории сулҳу субот матавонад шароитро барои ичрои барноамҳои дарозмуддат дар Қирғизистон фароҳам кунад. Албатта ду кишвари Амрико ва Русия аз рузҳои нахусти суқути давлати Курмонбек Боқиев, авзо дар Кирғизистонро таҳти контру ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 1019 | Добавил: did | Дата: 31.05.2010 | Комментарии (0)

 Сиюҳафтумин нишасти Шурои вазирони умури хоричаи кишварҳои узви Созмони конфронси исломй(СКИ) дар шаҳри Душанбе бо суханронии Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон ва раиси давраии созмони мазкур ифтитоҳ шуд.Тайи ин суханронй Эмомалй Раҳмон аз чумла гуфт:"Ичлосияи имруз, ки дар замони буҳрони молиявию иқтисодии чаҳонй ва зуҳуроти гуногуни хатару таҳдидҳои чаҳони муосир чараён мегирад, моро ба ваҳдату ҳамраъйии беш аз пеш водор месозад. Нақши Созмони конфронси исломй метавонад чун василаи таҳкими ҳамкории бисёрчониба дар миёни кишварҳои исломй, бахусус дар таъмини сулҳу субот ва рушди устувор хеле муҳим ва муассир бошад." Раиси чумҳури Точикистон ба нақш ва чойгоҳи кишвараш дар Созмони конфронси исломй ишора намуд ва масоили доғи ча ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 1055 | Добавил: did | Дата: 27.05.2010 | Комментарии (0)

Рузи 12 май порлумони Қазоқистон лоиҳаи қонунеро ба тасвиб расонд, ки бар асоси он ба Нурсултон Назарбоев, раиси чумҳури кунунй мақоми "пешвои миллат" дода шуд.Пешниҳод дар робита ба ин мабзуъ рузи 5 май аз тарафи гуруҳе аз намояндагони мачлиси намояндапон ироа гардида буд. Бар асоси ин қонун Назарбоев ва хонаводаи вай дар тули умри худ аз дахлнопазирии ҳамешагй бархурдор буда, ба ҳеч вачҳ мавриди таъқиб, боздошт ва муҳокима қарор нахоҳанд гирифт.Албатта 20 июли соли 2000 бар асоси мусавабаи порлумон раиси чумҳури Қазоқистон аз чунин имтиёзоте бархурдор шуда буд, фақат ин бор намояндагони порлумон бо ворид намудани тағйиру ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 841 | Добавил: did | Дата: 17.05.2010 | Комментарии (0)

Дар пайи сафари муваффақи Ҳасани Қашқовй,маовини вазири умури хоричаи Чумҳурии Исломии Эрон ба Душанбе, ки аз чумла ба додани сабукй дар рафту омади шаҳрвандони ду кишвари ҳамзабон, ҳамтаърих ва ҳамдини Эрон ва Точикистон анчомид, Аҳмади Ваҳидй, вазири дифоъи Эрон аз Точикистон боздид намуд, то дар заминаҳои дифоъй низ ба раванди равобит суръат бахшад.Қарори маълум дар пайи сафари Ҳасани Қашқовй ба Точикистон ду кишвар дар ростои тадричан аз миён бардоштани раводид тасмим гирифтанд, ки дар марҳалаи аввал раводид барои донишчуён ва точирони ду кишвар бекор гардад.Акнун донишчуёни эронй ва точик, ҳамчунин точирони ду кишвар метавонанд бидуни раводид рафту омад кунанд.Ин иқдом мавриди истиқболи густурда дар чомеъаи точик қарор гирифт ва ин уме ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 1123 | Добавил: did | Дата: 14.05.2010 | Комментарии (0)

 Дар пайи вуқуъи сел дар чандин ноҳия дар манотиқи чануб ва шимоли Точикистон, ҳукумати ин кишвар чаласи фавқулодда баргузор кард ва авзоъи буҳронии бархоста аз ин ҳодисаҳоро мавриди баррасй қарор дод.Имомалй Раҳмон, раиси чумҳур, ки аз суханронони аслй дар ин нишаст буд, бо баршумурдани мизони зиёнҳои ворида аз ҳодисаҳои ахир, сохторҳои марбутаро вазифадор кард, ки тамоми имконот ва зарфиятҳои худро барои бо хона таъмин кардани бозмондагони ин офатҳо ба кор гиранд.Вай аз чумла таъкид кард, то рузи Қонуни асосй, ки дар моҳи ноябр тачлил мегардад, бояд ҳамаи афроде, ки ба асари чорй шудани сел хонаю кошонаи худро аз даст додаанд, бо манзил таъмин шаванд. Нуктаи чолиб дар суханронии Имомалй Раҳмон дар чаласаи изтирории ҳукумати ин кишвар ... Идомаи матлаб>
Просмотров: 1184 | Добавил: did | Дата: 12.05.2010 | Комментарии (0)

« 1 2 3 4 5 6 7 8 9 »

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Май 2024  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz